РОНАНДАГОНУ МУСОФИРОНИ ГИРОМИҚАДР!


Чанд лаҳза пеш, бинобар пуршиддат гардидани боришоти барф дар масири роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ, тибқи муқаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати нақлиёти боркаши притсепдор ва Фура"-ҳо муваққатан боздошта шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки иқдоми мазкур муваққатӣ буда, бо мақсади монеа эҷод накардан ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт дар ҳолатҳои зарурӣ роҳандозӣ мешавад. 
Дар робита ба ин, аз ронандагони гиромӣ хохишмандем ба иқдоми мазкур бо ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ муносибат ва меҳнати кормандони моро арҷгузорӣ намоянд. 
Дар навбати худ мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хохем дод то ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин бошад. Бо ин мақсад навбатдории шабонарӯзӣ ташкил шуда, коркарди роҳ бо маводи зиддилагжиш ва тоза кардани он аз барф таври мунтазам идома дорад...

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо