ЭҲТИЁТКОРУ ДАҚИҚНАЗАР БОШЕД

 

 

Ҳамватанони азиз аз муҳтавои матолиби қаблан дар саҳифаи мазкур ва воситаҳои ахбори омма нашр ва пахшшуда маълумот доранд, ки бо дарназардошти беист ва шиддатнок будани боришоти барф дар масири роҳи автомобилгарди Душанбе- Чанок фаъолияти кормандони филиали Ширкат беш аз пеш тавсеа ёфта, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд то ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин бошад. 
Субҳи имрӯз низ чун рӯзҳои қаблӣ тоза кардани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилагжиш идома ёфт.
Лозим ба ёдоварист, вобаста ба зарурат дар асоси мукаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат бо мақсади монеа эҷод накардан ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт ҳаракати нақлиёти боркаши притсепдор ва Фура"-ҳо муваққатан боздошта мешавад. 
Ба ронандагону мусофирон роҳи сафед таманно карда, хоҳишмандем эҳтиёткору дақиқназар бошанд!

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо