КАБУДИЗОРКУНӢ ВА САҲМГУЗОРӢ ДАР ТОЗАГИИ СОҲИЛ НИЗ МАДДИ НАЗАР ҚАРОР ДОРАД
Кормандони мо дар баробари он ки нигоҳдории роҳро дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ менамояд, ҳамчунин ба корҳои ободонӣ, ки кабудизоркунӣ ва саҳмгузорӣ дар тозагии соҳилҳо аз ҷузъҳои он маҳсуб мешавад, бетафовут нестанд.
Далели возеҳи ин гуфта ҳашари имрӯзаи кормандони Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Варзоб, ки ба шарофати ин иқдом шумораи зиёди ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкан шинониданд, мебошад.
Илова бар ин, онҳо бо ҷалби техникаву механизмҳои махсусгардонидашуда дар таъмини тозагии соҳили руди Варзоб саҳм гузоштанд.
Дар осори ниёкони мо ниҳолшинонӣ ҳамрадиф бо бунёди роҳ ва нигоҳдории он амали савоб ба ҳисоб рафта, дастандаркорони ин кори хайрро ҳатман дуое мерасад.
Лозим ба ёдоварист, ки ин ибтикори аввалин ва охирини мо дар ин ҷода набуда, пештар тариқи ҳашар дар минтақаи Зарафшон низ аз ҷониби кормандони намояндагии филиали Ширкат дар ин минтақа боғи зебову таваҷҷуҳбарангез бунёд гардида буд.