РОНАНДАГОН ВА МУСОФИРОНИ ГИРОМИҚАДР!

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки бинобар шадид ва беист будани боришоти барф дар масири роҳи Душанбе - Чанок, мавҷудияти тамбашавӣ, ки ба бетафовутии як идда ронандагон рабт дорад, ҳаракати баъзе воситаҳои  воситаҳои нақлиёт муваққатан маҳдуд карда  шуд. Маҳдудияти мазкур ба воситаҳои нақлиёти притсепдор ва "Фура"-ҳо дахл дошта, он моҳияти муваққатиро дорад. 
Айни замон коркарди роҳ бо маводи зиддилағжиш, тоза кардани роҳ аз барф  бо техникаҳои махсусгардонишуда ва аз байн бурдани ҳолатҳои тамбашавӣ идома дошт, оид ба ин масъала иловатан маълумот пешниҳод карда мешавад.
Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ҳолати баамаломада бо ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ муносибат намоед!

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо