Иштироки Директори филиали Ширкат дар чорабиниҳои IBTTA
Дар матлабҳои қаблӣ нигошта будем, ки давоми солҳои охир равобити филиали Ширкат бо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ беш аз пеш густариш ёфтааст. Ба ин ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намудани роҳбарияти филиали Ширкат бесабаб нест. Аввалан, дар ҷаҳони муосир роҳандозии равобити барои тарафайн судманд бо созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ омили асосии дар дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани дилхоҳ ширкат маҳсуб меёбад. Сониян, ин омил замина ва шароит фароҳам меорад, ки таҷрибаи пешқадам ва технологияи нав дар раванди фаъолият ҷорӣ гарданд. Ассотсиатсияи байналмиллалии пулҳо, нақбҳо ва роҳҳои пулакӣ (IBTTA) иттиҳодияи ҷаҳонии операторони механизми толлингӣ ва соҳаҳои марбута мебошад. Рисолати ниҳоди фавқ фароҳам овардани шароити мусоид барои табодули таҷриба ва ғояҳои нав дар самти пешрафту беҳтар намудани хизматрасонии пулакӣ дар соҳаи нақлиёт маҳсуб меёбад. Ба ҳам овардани ашхоси фаъол ва масъул ҷиҳати ривоҷ бахшидани ҳамкориҳо ва вусъат бахшидани табодули таҷриба аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки Ассотсиатсияи байналмиллалии пулҳо, нақбҳо ва роҳҳои пулакӣ (IBTTA) ба ҳисоб рафта, барои доир намудани муколамаи созанда ва пурмаҳсул оид ба рушди хизматрасонии соҳа шароити мусоид фароҳам овардааст.
Филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин сол инҷониб узви ин ташкилоти бонуфуз буда, дар чорабиниҳои баргузорменамудаи он иштироки фаъол дорад. Аз 8 то 12-уми сентябри соли равон дар шаҳри Атлантаи ИМА чорабиниҳои ин ташкилоти бонуфуз – ҷаласаи Шўрои Директорон, саммити 85-уми ташкилот ва намоишгоҳи махсусгардонидашуда баргузор гардид, ки дар он Директори филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Асомиддин Азизов иштирок намуд. Гуфтан бамаврид аст, ки Асомиддин Азизов узви Шўрои Директорони IBTTA буда, ин омил аз эътирофи байналмилалии филиали Ширкат ва роҳбари он шаҳодат медиҳад. Дафтари марказии ин ташкилот дар шаҳри Вашингтон ҷойгир буда, дар 25 кишвари шаш қитъаи олам садҳо аъзоро аз шумори ширкатҳои бонуфузу муваффақ муттаҳид намудааст. Аъзои IBTTA, аз ҷумла филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пешсафони бахши технологияи инноватсионӣ маҳсуб ёфта, дар самти сармоягузорӣ, таҳияи модел ва пешниҳоди хизматрасонӣ дар соҳаи инфрасохтори роҳ бо ёрии технологияи муосир таҷриба, имконот ва неруи зеҳнии фаъол доранд. IBTTA ҷиҳати муттаҳид сохтани шарикон дар соҳаи идоракунии пулакии роҳҳо, ки дар шароити кунунӣ хеле муҳим ва саривақтист, имкониятҳои зиёд ва беназирро дар ихтиёр дорад.
Дар ҳамоиши зикршуда Асомиддин Азизов дар баррасии масъалаҳои мавриди муҳокима қароргирифта фаъолона ширкат варзида, андешаҳои судманди хешро иброз дошт. Ба ѓайр аз ин, дар ҳошияи чорабиниҳои мавриди назар Асомиддин Азизов бо роҳбарияти IBTTA ва ҳамтоёни хориҷии худ мулоқот анҷом дод, ки натиҷаҳои он ба тавсеаи фаъолият ва беҳтар гардидани нишондиҳандаҳо мусоидат хоҳанд кард.