Ҳаммеҳанони азизу гиромиқадр!
Бо камоли ифтихору сарфарозӣ Шуморо аз самими қалб ба муносибати ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, барои ҳар яки шумо саломативу сарбаландӣ ва комёбиҳои беназир орзу менамоям. Мо дар давоми бисту шаш соли Истиқлолият таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Дар натиҷа, имрӯз бисёр мушкилот ҳаллу фасл гардида, мардуми заҳматқаринамон барои иқдомоти боз ҳам бузурги ободгарона камари ҳиммат бастаанд. Ин нияту нақшаҳо аз ҳар яки мо заҳмати содиқонаро ба хотири ободии Ватан тақозо менамояд. Боварии комил дорам, ки мардуми ватандӯсту заҳматкаши мо ба дастовардҳои аз ин ҳам бузургу таърихӣ қодиранд ва ин раванд муттасил хоҳад буд.
Ҳамрадиф бо дигар соҳаҳо, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар бахши роҳу нақлиёт навгониҳои қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш рӯи кор омаданд, ки қисмати аъзамашон бесобиқа маҳсуб мешаванд. Барои мисол, бунёди роҳҳои бузурги байналмилалии мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Мурғоб – Қулма - сарҳади Чин, Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон, Душанбе – Нуробод – Лахш – сарҳади Қирғизистон, Душанбе – Хуҷанд – Чанак – сарҳади Ӯзбекистон, Қӯрғонтеппа – Панҷи Поён – сарҳади Афғонистон, Айнӣ – Панҷакент – сарҳади – Ӯзбекистон, роҳи оҳани Кӯлоб – Қӯрғонтеппа, нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Озодӣ», «Хатлон», пулҳои байналмилалӣ дар мавзеъҳои Тем, Рузвай, Ишкошим, Ванҷ, Шамсиддини Шоҳин, Панҷи Поён роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа – Кӯлоб ва даҳҳо иншооти муҳими дигар дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин ва таври нозудуданӣ дарҷ шудааст.
Бо дарназардошти ин, ҳамасола ҳамватанонамон Рӯзи Истиқлолияти давлатии кишварро чун нишонаи қадршиносиву арҷгузорӣ ба ин санаи тақдирсози миллӣ дар фазои бошукӯҳи идона таҷлил менамоянд ва шукрона мекунанд, ки давлати соҳибистиқлолу Ватани соҳибихтиёр доранд.
Воқеан ҳам, соҳиби давлати мустақил шудан ва ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифтан барои мо рӯйдоди сарнавиштсоз мебошад. Зеро миллате, ки тақдири имрӯзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дорад, аз саодати бузурге бархӯрдор аст. Пас, заруру ногузир ва рисолати инсониву қарзи виҷдонии мо аст, ки ин неъмати бебаҳоро таври бояду шояд арҷгузорӣ намоем, дар атрофи Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон доимо сарҷамъ ва ба сиёсати пешгирифтаи ин Абармард ҳамеша содиқ бошем.
Ҷашни 26 — солагии Истиқлолияти давлатӣ муборак бошад!
Асомиддин Азизов – Директори филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон