Фаъолияти хайриявии «IRS» раванди муттасил аст

Бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ҳамаҷонибаи табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ самти афзалиятнок эътироф ва интихоб шуда, ин раванд муназзам густариш ёфта истодааст. Роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сиёсати пешгирифтаи Роҳбари мамлакат ҳамовозӣ намуда, дар баробари иҷрои рисолати ба зиммааш вогузоршуда, фаъолияти хайриявиашро низ густариш бахшида истодааст.

Дар арафаи 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо дастури роҳбарияти филиали Ширкат кормандони Ширкат дар тантанаҳои таҷлили ин ҷашн, ки дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзоб доир гардид, иштирок намуданд. Онҳо чун ҳамешагӣ ба муборкбодӣ ва аёдати бошандагони ин муассиса бо дастовез, ки тибқи дархости масъулини Марказ харидорӣ шуда буд, рафтанд. Дастовези навбатӣ аз таҷҳизоти зарурӣ барои шуридани (омехтани) хамир, ки арзиши он 9700 сомониро ташкил медиҳад, иборат буда, хотири бошандагони ин даргоҳро шод намуд. Зикр намудан бамаврид аст, ки иқдоми мазкур аввалин ва охирин набуда, Ширкат онро таври муттасил идома дода истодааст. Аслан роҳбарияти филиали Ширкат барои дар ин маврид ҳарф задан ҳавасманд нест. Онҳо муътақиданд, ки хайру саховат набояд василаи худнамоӣ бошад. Тавре мегӯянд, хайрро тавре бояд кард, ки агар бо як даст анҷом додӣ, дасти дигарат хабар наёбад.

Танҳо ба хотири огоҳии ҷомеа ва ботил намудани сафсатаҳои як “идда” бобати танхо ба пулчинӣ машѓул будани филиали Ширкат овардани чанд далелро, ки “муште аз хирвор аст”, бамаврид медонем. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолият ин масъала – пешбурди фаъолияти хайриявӣ мадди назар буда, ҳамон замон ба хонаи кӯдакони № 1-и шаҳри Душанбе таври мунтазам кӯмак расонида мешуд. Сипас, ин раванд тавсеа ёфта, филиали Ширкат сарпарастии Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзобро ба зимма гирифт. Шоистаи зикр аст, ки филиали Ширкат Муассисаи мазкурро мунтазам дастгирӣ намуда, таъмири толори варзишӣ ва бозсозии саҳни он, ки дар ногувор қарор доштанд, бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ шуд.

Ҳамрадиф бо ин иқдомот, «IRS» ба муассисаи мазкур маводи хурока, мошинаҳои дарздӯзӣ, ҷомашӯӣ, таҷҳизот барои ошхона, мизу курсӣ, асбобҳои гармидиҳӣ, катҳои хоб ва ѓайра низ тақдим намудааст. Ба ѓайр аз ин, намояндагони филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» таври мунтазам ба аёдати иштирокчиёни ҶБВ ва собиқадорони меҳнат рафта, ба онҳо кӯмаки моддӣ мерасонанд. Ҳамрадиф бо иқдомоти зикршуда, аз ҷониби филиали Ширкат барои зарардидагони заминларзаи шаҳри Ваҳдат манзили истиқоматӣ бунёд ва лавозимоти зарурӣ таъмин гардид.

Филиали ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафт сол инҷониб фаъолият дошта, нигоҳдории роҳи Душанбе-Чанок ба зиммааш вогузор аст. Беш аз пеш густариш ёфтани фаъолияти ширкати фавқуззикр вобаста ба дастгирии эҳтиёмандону ятимон ва бепарасторон далели возеҳи он аст, ки роҳбарияту кормандони он баробари нигоҳдории роҳ дар сатҳи хубу сифати баланд, ҳамзамон дастгирии табақаи эҳтиёҷманди аҳолиро низ мадди назар доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо