АЗ НОТАВОНБИНИИ ЯК ИДДА ТО ҲАМДИГАРФАҲМИИ КОМИЛ

«Калимаи «роҳ» дар фарҳангҳои тафсирӣ ба маънои «ростӣ» низ меояд ва ибораҳои «роҳи рост» ва «роҳи сафед», ки асосан покиву накӯкорӣ ва дуои некро ифода месозанд, дар адабиёти фарҳангофарину тамаддунсози тоҷикон собиқаи чандинҳазорсола дорад. Бинобар ин роҳсозиву роҳкушоӣ дар ҳама давру замон нишонаи рушди мамлакат, пайвандгари фарҳанг ва маданияти ҳамон насл ба ҳисоб меравад».

Иқтибос аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ РАҲМОН

 

Дар асоси Шартномаи консессионӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» 10 сол қабл механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ҷорӣ гардида буд. Метавон гуфт, ки ҷодаи интихобшуда аз оғози фаъолият чандон ҳамвор набуд. Монеаҳои сунъии зиёде буданд, ки ҳатто аз ҷониби масъулини мақомоти зидахл «эҷод» гардида, ҳадаф якто – латма ворид намудан ба обрӯи филиали Ширкат буд. Дар маҷмӯъ, роҳбарият ва кормандони «IRS» дар фаъолияти худ борҳо бо андешаҳои беасосу муғризона ва туҳматҳо мувоҷеҳ шуда бошанд ҳам бо фаъолияти самаранок ҷиҳати дар сатҳи хуб ва сифати баланд анҷом додани рисолати худ посухи сазовор додаанд. 
Дар оғоз дар баъзе воситаҳои ахбори омма бобати норозигии мардуми деҳаҳои ҳамшафати роҳ аз фаъолияти Ширкат матолиб ба нашр расида буд. Масъулиятшиносӣ ва тавони шунидани арзи мардумро доштан ҳамон замон низ дар меҳвари фаъолияти роҳбарияти филиали Ширкат маҳсуб мегардад. Хуб дар хотир дорам, ки барои аз наздик шинос шудан бо арзу дархостҳои мардум 17 ноябри соли 2010 дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Варзоб бо иштироки раиси вақти ноҳияи Варзоб Ситора Шерова, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Ҷӯрахонов, собиқ муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсия (ҳоло вазири нақлиёт) Худоёрзода Худоёр, сардори БДА ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло муовини вазири корҳои дохилӣ) Маҳмадсаид Саидзода мулоқоти ошкоро баргузор гардида буд. Банда ҳамон вақт низ яке аз мубаллиғони филиали Ширкат будам ва дар чорабинии мазкур иштирок доштам. Ҳамон айём низ масъулини филиали Ширкат муътақид буданд, ки лозим аст муносибат дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми тарафайн роҳандозӣ гардад. Он рӯзҳо гузашт ва хушбахтона, мардум, хоса сокинони навоҳии ҳамшафати роҳ, пурра моҳият ва муҳимияти ва фаъолияти филиали Ширкатро дарк намуданд.
Ҳадаф аз ёдовар шуданамон аз он айём ба он хотир аст, ки маҳз бо масъулиятшиносӣ ва фаъолияти пурмаҳсул метавон тамоми шубҳаҳоро ботил карда, собитқадам будан дар иҷрои рисолати ба зимма вогузорбударо исбот намуд. Фаъолияти филиали Ширкати «IRS», ки аз нотавонбинии як идда то ҳамдигарфаҳмии комил масир дошт, шаҳодати ин гуфта аст.

Бо чӣ асос
ман ҷонибдори «IRS» будаму ҳастам ва хоҳам монд?

Аввалан, банда аз ҷумлаи онҳое ҳастам, ки мушкилоти роҳи мавриди назарро «дар пӯсти худ» эҳсос намудаву аз монеаҳои мавҷуда комилан огоҳам. Далел меорам: Солҳои қаблӣ роҳи мазкур ҳамасола ба муддати 6-7 моҳ аз сабаби фаромадани тарма ва ҳодисаҳои дигари табиӣ баста мешуд. Ягон идораи нигоҳдории роҳ қудрати дар давоми сол мавриди истифода будани онро кафолат дода наметавонист. Замони мавҷуд набудани роҳи муносиб дар ин самт истифодабарандагони роҳ ҳамарӯза бо мушкилоти зиёд дучор гашта, шумораи зиёди одамон ҳатто ҷонашонро аз даст додаанд. Имрӯз бо шарофати фаъолияти «IRS», фароҳам омадани шароити муносиб чунин хатарҳо бартараф шуда, аҳолӣ тамоми сол аз истифодаи роҳи автомобилгарди ба меъёрҳо ҷавобгӯ бархӯрдор аст. Пас, магар аз рӯи инсоф аст, ки ин омилҳоро нодида гирем? Албатта не! Аз ҷониби дигар, вазъи ногувори роҳ боиси он мегардид, ки ронандагон хароҷоти зиёдатӣ намоянд. Барои мисол, бо сабабҳои фавқ мошинҳо сарфи назар аз сабукрав ва ё боркаш буданашон, зуд – зуд вайрон шуда, боиси нороҳатӣ ва хароҷоти зиёдатӣ мегардид. Дар ёд дорем, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок «дӯстон»-и мо пешгӯӣ карданд, ки нархи роҳкиро дар масири мазкур баланд мегардад. Хушбахтона, ин «фолбинӣ»-и онҳо ғалат баромад ва нархи роҳкиро таври қобили мулоҳиза поён рафт. 
Сониян, механизми зикршуда дар минтақа иқдоми ҷадид буда, моҳияти пилотӣ дошт. Аз ин рӯ, барои дуруст дарк намудани бартариҳои он аз ҷониби шаҳрвандон вақти муайян лозим буд. Лозим ба ёдоварист, ки қаблан бидуни ягон «сабаб» ва далели асоснок фаъолияти Ширкат аз ҷониби як идда мавриди «таваҷҷуҳ» (интиқод) қарор гирифтаву дар заминаи ироаву ибрози «норозигӣ»- и хеш, ки аслан барои ин қабил ашхос падидаи маъмул ва амри муқаррарист, мехостанд худро «тарғиб» кунанд. Мутаассифона, дар ҷомеаи мо баъзе «бузургон» «сукутро аломати ризо» пиндошта, ибораи «ҷавоби аблаҳ сукут» -ро ба гӯшаи фаромӯшӣ супурдаанд. Бо дарки масъулият иброз менамоям, ки роҳбарияти Ширкат ҳамеша ҷонибдор ва ҳавасманди ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма буду ҳаст. Ибтикороти амалишуда то ҳадде самар овард, ки давоми се соли охир аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое, ки қаблан аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф гардид, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун «IRS» роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд. Ҳамрадиф бо ин, пешниҳод шуда буд, ки механизми пулакии истифодаи роҳ дар дигар роҳҳои мамлакат низ мавриди истифода қарор гирад.

Мубаллиғи «IRS» будан осон нест!

Тавре гуфтам, дар саргаҳи таъсисёбии филиали ин Ширкат қарор доштам. Мардона мегӯям, ки сухангӯйи «IRS» будан кори саҳлу сода нест. Сабабҳои онро болотар шарҳ додам, ки такрорашонро ҷоиз намедонам. Сарфи назар аз ин омил, бо дарки масъулият мегӯям, ки дар давоми 10 соли мавҷудияту фаъолият «IRS» ба як ҷузъи зиндагии ман табдил ёфт. Дар ин муддат вобаста ба фаъолияти Ширкати мавриди назар зиёд мухотаби аҳли ҷомеа будам ва хушбахтона, тавонистем, ки бо далелу арқоми муътамад аҳли ҷомеаро ба муҳимияти фаъолияти филиали Ширкат муътақид созем. Аз он ки ин Ширкатро тарғиб мекунам, заррае азоби виҷдон намекашам, зеро беҳтар аз дигарон моҳияти мавҷудият ва самараи фаъолияти онро медонаму ба дигарон минбаъд низ талқин хоҳам кард. Хушбахтона, ба шарофати корҳои амалишуда аҳли ҷомеа низ ба моҳияти масъала сарфаҳм рафтанд ва дурустии созишномаи консессионии зикршударо дарк карданд. Арзи сипос аз ҷониби ронандагону мусофирон, қаноатмандии роҳбарони сохторҳои давлатӣ, баҳои баланди меҳмонони хориҷӣ солҳои охир ба падидаи маъмул табдил ёфта, моро беш аз пеш рӯҳбаланд месозанд.

Эътироф далели эътимод аст

Яке аз журналистони саршиноси кишвар, ки аз мунаққидони асосии филиали Ширкат буд, чанде пеш бардошти худро зимни сафараш тариқи роҳи Душанбе – Чанок таври зайл рӯи саҳифа овардааст: «Селҳои ахире, ки ба роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд фаромад, барои Ширкати «IRS» як санҷиши ҷиддӣ пешорӯи мусофирону ронандагон буд. Чун ман ҳам аз ҷумлаи мусофирон будам, дидам, ки кормандони Ширкат аз уҳдаи масъулияти доштаашон баромаданд. Техникаи бешумор роҳро дар фурсати кӯтоҳтарин тоза намуда, ҷони мусофиронро аз шабзиндадориҳо дар ҷойҳои селшуста халос карданд. Баробари расидан ба минтақаи роҳи Айнӣ-Панҷакент сангрезаҳою сангрезаҳои зиёде рӯйи раҳ буданд ва ягон техникаи роҳтозакунӣ ба чашм намерасид. Вақте дар ин маврид ба нозири роҳ эътироз кардем, бадоҳатан ҷавоб дод:
- Ин қисмати роҳ ба зиммаи «IRS» нест!
Ронандаи мо Бахтиёр табассумкунон гуфт:
- Пас зинда бод «IRS!»
Ба ин суханон чизе илова намуданро ҷоиз намедонам.

Далери АБДУЛЛО, журналист

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо