Ба аҳди хеш вафо намудан далели масъулиятшиносӣ аст
Ин омил аз ҷониби роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мавриди истифода қарор додани плазаҳои нави толлингии Деҳмой ва Шаҳристон ба ҷои плазаҳои амалкунанда бори дигар собит гардид.
31 июли соли 2017, зимни ифтитоҳи плазаҳои нави толлингии Варзоб ва Ҳушёрӣ Директори филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Асомиддин Азизов минҷумла зикр намуда буд, ки “Дар маҷмӯъ, мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нав 2 марҳиларо дар бар гирифта, дар навбати аввал плазаҳои толлингии Варзоб, Ҳушёрӣ дар ноҳияи Варзоб, сипас плазаҳои толингии Шаҳристон, Истарвшан, Деҳмой ва Чорух дар вилояти Суғд фаъол хоҳанд шуд”.
Аз ибрози ин суханон вақти зиёд нагузашта бошад ҳам, роҳбарияти филиали Ширкат дар заминаи масъулиятшиносӣ ва тавсеа бахшидани корҳои ба ин масъала рабтдошта тавонистанд дар як муддати кӯтоҳ, 30 августи соли равон плазаҳои нави толлингиро дар Деҳмой ва Шаҳристон мавриди истифода қарор диҳанд. Маросими мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои мавриди назар бо ширкати масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раёсати БДА ВКД дар вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов хеле бошукӯҳ баргузор гардид.
Зимни суханрониаш Директори филиали Ширкат Асомиддин Азизов ҳозиринро бо ҷашни қарибулвуқӯи Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон табрик намуд. Зикр шуд, ки ҳамасола ҳамватанонамон Рӯзи Истиқлолияти давлатии кишварро чун нишонаи қадршиносиву арҷгузорӣ ба ин санаи тақдирсози миллӣ дар фазои бошукӯҳи идона таҷлил менамоянд ва шукрона мекунанд, ки давлати соҳибистиқлолу Ватани соҳибихтиёр доранд.
-Воқеан ҳам, соҳиби давлати мустақил шудан ва ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифтан барои мо рӯйдоди сарнавиштсоз мебошад. Зеро миллате, ки тақдири имрӯзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дорад, аз саодати бузурге бархӯрдор аст. Пас, заруру ногузир ва рисолати инсониву қарзи виҷдонии мо аст, ки ин неъмати бебаҳоро таври бояду шояд арҷгузорӣ намоем, дар атрофи Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон доимо сарҷамъ ва ба сиёсати пешгирифтаи ин Абармард ҳамеша содиқ бошем,-афзуд Асомиддин Азизов.
Дар идома гуфта шуд, ки дар заминаи сиёсати бунёдкорона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шуда, ба кишвари воҳид табдил ёфт. Ин дастовард бо мушкилиҳои зиёд, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва талошҳои пайвастаи мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии Сарвари хирадманд муяссар гардидааст. Корнамоиҳои бунёдгарони роҳҳои бузурги байналмилалии мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Мурғоб – Қулма - сарҳади Чин, Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон, Душанбе – Нуробод – Лахш – сарҳади Қирғизистон, Душанбе – Хуҷанд – Чанак – сарҳади Ӯзбекистон, Қӯрғонтеппа – Панҷи Поён – сарҳади Афғонистон, Айнӣ – Панҷакент – сарҳади – Ӯзбекистон, роҳи оҳани Кӯлоб – Қӯрғонтеппа, нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Озодӣ», «Хатлон», пулҳои байналмилалӣ дар мавзеъҳои Тем, Рузвай, Ишкошим, Ванҷ, Шамсиддини Шоҳин, Панҷи Поён роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа – Кӯлоб ва даҳҳо иншооти муҳими дигар дар саҳифаҳои таърихи миллат дарҷ хоҳанд шуд.
Баъд аз пурра бозсозӣ шудани роҳи Душанбе-Чаноқ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулоса омад, ки механизми инноватсиониро аз рӯйи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии роҳи Душанбе-Чаноқ мавриди амал қарор диҳад ва тибқи шартномаи консессионӣ нигоҳдории роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид.
Мавриди амал қарор гирифтани ин механизм ҷиҳатҳои мусбии хеле зиёд дошта, ҳадаф коҳиш ёфтани хароҷоти буҷети давлатӣ, рушду тавсеаи равобити гуногунҷанба бо мамолики хориҷи дуру наздик, таъмиру нигоҳдории муназзаму устувори роҳ ва дар маҷмӯъ тамдид намудани муҳлати истифодаи он аст.
Асомиддин Азизов аз он ёдовар гардид, ки қабл аз оғози фаъолияти Ширкат роҳи мазкур аз 6 то 8 моҳ баста мешуд. Баъд аз ба фаъолияти оғоз намудани филиали Ширкат роҳ соли 2011- 10 рӯз, ва соли 2017 бошад, бинобар боришоти зиёди барф ҳамагӣ ду ҳафта баста буду халос.
Нуктаи муҳим он аст, ки “IRS” барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯйи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани вазифаҳояш имконият ва шароитҳои зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидорро доро буда, аз онҳо самаранок истифода намуда истодааст.
Барои мисол, айни замон теъдоди техникаҳои филиали Ширкат зиёда аз 181 ададро ташкил дода, имкон фароҳам аст, ки нигоҳдории шоҳроҳ тибқи талаботи мавҷуда амалӣ шавад.
Асомиддин Азизов аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки бо мақсади густариш бахшидани таъмиру таҷдид дар масири роҳи Душанбе –Чанок 3 корхонаи истеҳсоли мумқир (асфалт) бунёд гардида, дар ин замина теъдоди зиёди сокинони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гашта, аз ҳисоби андоз ва дигар пардохтҳо буҷети ноҳия низ ғанӣ шуда истодааст. Барои таъмини ҳолати хуби роҳ аз ҷониби филиали Ширкат хонаҳои устоҳои роҳ дар км 62, 131 ва 160 сохта, ба истифода дода шудааст. Ба хотири таъмини бехатарии ронандагону мусофирон бо ибтикори роҳбарияти филиали Ширкат бунёду гузоштани деворҳои ҳимоявӣ оғоз гардида, то ин замон дар масофаи 8000 метри тӯлонӣ чунин деворҳои ҳимоявӣ сохта ва ё гузошта шуданд. Нуктаи муҳим он аст, ки ин иқдом аллакай ҷони як идда мусофиру ронандагони дар ин масир ҳаракаткунандаро аз марг наҷот дод. Ба ибораи дигар, мавҷудияти чунин деворҳо чандин автомобилро аз афтидан ба дарё боздошта, боиси ҳифзи ҳаёти ҳамватанонамон гардид.
Бо дарназардошти муҳимияти масъалаи мавриди назар, роҳбарияти филиали Ширкат ин масъаларо дар сархати фаъолият қарор дода, гузоштану бунёди чунин деворҳо идома хоҳад ёфт.
Директори филиали Ширкат доир ба бартариҳои плазаҳои нав сухан ронда, афзуд, ки бо дарназардошти талаботи замон ва таъмини рушди бемайлони Ширкат лоиҳаи ҷадид оид ба ҷорӣ кардани системаи нави электронии толлингӣ татбиқ шуда, ҳамчунин тамғаи молӣ (бренди) филиали Ширкатро низ иваз карда шуд. Плазаҳои наве, ки имрӯз мавриди истифода мегиранд, идомаи мантиқии раванди зикршуда мебошанд.
Ҷанбаҳои мусбати плазаҳои нав хеле зиёданд. Барои мисол, пардохти ғайринақдӣ густариш ёфта, истифодаи кортҳои пардохтии намунаи нав хеле қулай шудааст. Дар ин замина, ронанда метавонад василаи нави пардохтиро ба шишаи пеши автомобил насб намуда, бидуни таваққуф плазаро убур намояд. Дар ин фосила таҷҳизоти замонавие, ки дар плазаҳои нав насб мешаванд, автомобилро ба қайд гирифта, аз корти пардохтии мутаалиқ ба соҳиби он маблағи пешбинишударо мегиранд. Навгонии дигари қобили мулоҳиза, ки дар асоси дархости шаҳрвандон рӯи кор омадааст, хизматрасонии “Клиент – Сервис” мебошад. Хизматрасонии мазкур имкон фароҳам меорад, ки дилхоҳ нафар суратҳисоби инфиродӣ кушода, аз имкониятҳои густурда ва убури бароҳат тариқи плазаҳои толлингӣ баҳравар гардад. Ба ғайр аз ин, хизматрасонии мазкур имкон медиҳад, ки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ пардохтиро ғайринақдиро бо истифода аз воситаҳои электронӣ анҷом диҳанд. Дар ҳолати зарурӣ маблағ гузаронидан ба тавозун тавассути низомҳои пардохтӣ ва ҳуҷраи инфиродӣ дар сомонаи филиали Ширкат низ имконпазир аст. Омили мазкур барбари бартариҳои зикршуда, ҳамзамон ба шахсони ҳуқуқӣ барои огоҳ шудан аз самтҳои ҳаракати воситаҳои нақлиёти мутаалиқ ба онҳо шароит муҳайё месозад. Нафароне, ки тариқи ин роҳ сафар кардаанд медонанд, ки теъдоди плазаҳои филиали Ширкат, ки қаблан 7-то буд, коҳиш ёфта, ба 6-то расид. Яъне, плазаи воқеъ дар Майхура аз байн бардошта шуд. Сониян, ба ҷои 4 хати ҳаракат 8 хати ҳаракат фаъол гашта, имкон фароҳам омадааст, ки масоҳати ҳудуди плазаҳо хеле васеъ шавад. Ҷоиз ба зикр алоҳида аст, ки меҳвари ибтикори мазкурро таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ташкил дода, таваҷҷуҳ ба ин масъала ҷиддӣ аст. Эътироф бояд кард, ки то ин замон баъзан дар плазаҳои толлингӣ тамбашавии нақлиёт ба вуҷуд омада, боиси нороҳатии ронандагону мусофирон шудааст. Бартариҳои зикршуда шароит фароҳам меоранд, ки тамбашавӣ пурро аз байн равад. Махсусияти дигар насби панелҳои иттилоотӣ дар ҳар хати ҳаракат маҳсуб шуда, омили мазкур замина фароҳам меорад, ки сатҳи иттилоотонии ронандагон болотар бардошта шавад. Дар панелҳои мазкур дар баробари иттилоъ бобати моҳияту навгониҳои фаъолияти филиали Ширкат, ҳамзамон оид ба вазъи обу ҳаво, ҳолати роҳ ва дигар воқеоти муҳими ба масири роҳи Душанбе – Чанок рабтдошта ҷойгир хоҳанд шуд. Табиист, ки бо васеъ гардидани имкониятҳои плазаҳо зарурати ҷалби кормандони нав пеш меояд. Муҳим он аст, ки зимни ба кор гирифтани кормандони нав таваҷҷуҳ ба сокинони минтақае, ки плазаҳои толлингӣ ҷойгиранд, хоса буда, ба онҳо бартарӣ дода мешавад.
Бо истифода аз фурсати муносиб Асомиддин Азизов арзи сипоси худро ба шарикон, аз ҷумла ширкатҳои “Тексидел”, “Хамод”, “Нузам”, “ТГЕМ”, “Сарфароз” ва гайра ҷиҳати татбиқи лоиҳаи мазкур иброз намуда, гуфт, ки ширкатҳое, ки дар ин лоиҳа ҷалб шуданд аз ҷумлаи ширкатҳои бонуфуз маҳсуб шуда, метавон гуфт, ки ду соли татбиқи лоиҳа барояшон мактаби омӯзиш ва роҳандозии таҷрибаи ҷадид дар Тоҷикистон гардид. Ин ширкатҳо таҷрибаи кофии кор дар лоиҳаҳои мавриди назарро дошта, кишварҳои пешрафтаи олам, аз қабили Франсия, Испания, Британияи Кабир, Норвегия, Шветсия, Ирландия, Федератсияи Россия, Бразилия, Чили, Аргентина, ИМА, Ҳундустон ва ғайра аз таҷҳизоти истеҳсолменамудаи онҳо истифода намуда истодаанд.
Далели возеҳи ин гуфта ҳамкории филиали Ширкат бо ширкати “Tecsidel” мебошад. Фаъолияти муштарак бо ин ширкат имкон фароҳам овард, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ беш аз пеш беҳбудӣ ёфта, мусофирону ронандагон аз хизматрасониҳои ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ баҳравар гарданд.
- Шуморо бовар мекунонам, ки мавриди истифода қарор гирифтани ин плазаҳо интиҳои ибтикроти мо вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ набуда, ин раванд минбаъд идома ва густариш хоҳад ёфт,-гуфт дар фарҷом Асомиддин Азизов.
қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки маҳз ба шарофати масъулиятшиносии кормандони он қитъаи дар вилояти Суғд воқеъбудаи роҳи Душанбе –Чанок дар ҳолати хуб қарор дорад. Ҷорӣ шудани низоми мазкур замина фароҳам овард, ки нигоҳдории роҳи мавриди назар дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад,- муътақид аст номбурда. Ин нукта дар суханронии муовини якуми раиси ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ низ таъкид гардид.
Узви Шӯрои нозирони филиали Ширкат Илҳомиддин Иброҳимов дар суханронии пурмуҳтавои худ, ки фарогири тамоми ҷанбаҳои фаъолияти филиали Ширкат буд, худ таври муфассал доир ба раванди фаъолияти филиали Ширкат маълумот дода, корҳои дар ин муддат амалишударо шоистаи таҳсин арзёбӣ кард. Ба андешаи И. Иброҳимов, тӯли фаъолияташ филиали Ширкат рисолати худро дар робита ба нигоҳдории роҳи Душанбе – Чанок дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намуда истодааст. Бо ин мақсад тамоми имконоти мавҷуда истифода шуда, роҳбарият ва аъзои Шӯрои нозирон ҳавасманданд ва тамоми чораҳоро меандешанд, ки минбаъд низ ин раванд густариш бахшида шавад.
Намояндаи ширкати “Tecsidel” Хектор Лопес иброз дошт, ки дар раванди ҳамкориҳои барои тарафайн судманд бо филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муътақид гардидем, ки масъулиятшиносӣ, арҷ гузоштан ба эҳтироми байниҳамдигарӣ, фароҳам намудани шароит барои тавсеаи равобит меҳвари фаъолияти ин ширкати бонуфуз буду ҳаст. Маҳз ҳамин омил замина фароҳам овард, ки дар як муддати кӯтоҳ ҳамкориҳои мо ба марҳилаи сифатан ворид гардида, бемайлон рушд ёфта истодаанд. Ба ибораи дигар, ҳамчун шарики боътимод эътироф гардидани филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон далели эътимоди мо ба дурнамои неки он аст. Омили мавриди назар дар баробари бартариҳои дигар, замина фароҳам овардааст, ки филиали Ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои худро бо ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ густариш бахшида, таҷриба, технология ва техникаву механизмҳои ҷадиди онҳоро дар раванди фаъолият васеъ истифода намояд.
Аз муҳтавои ҳамкориҳо хулоса намудаем, ки ривоҷи равобит бо ширкату корхонаҳои ба бахши роҳу нақлиёт алоқаманд яке аз мақсадҳои асосии филиали Ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба нигоҳдории роҳи Душанбе –Чанок буда, ин масъала дар сархати авлавиятҳост. Умуман, фаъолияти филиали Ширкат дар Тоҷикистон тибқи стандартҳои аврупоӣ татбиқ гардида, дар ин замина ронандагону мусофирон аз технологияи ҳозиразамони ба соҳаи роҳу нақлиёт вобаста баҳраванд. Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд вусъат бахшидани корҳо дар доираи лоиҳаҳои гуногун аз ҳадафҳои минбаъдаи мо ба ҳисоб рафта, мо ҷонибдори густариши ҳамкорӣ ҳастем.
-Метавон гуфт, ки филиали Ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои томаш пешсафи ҷорӣ намудани низоми толлингӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Дар фарҷом ба роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эътимодашон ба мо ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳо арзи сипос намуда, ифтихормандем, ки бо чунин ширкати маъруфу муътабар ҳамкорӣ дорем суханрониашро хулоса намуд Хектор Лопес.
Дар маҷмӯъ, маросими ифтитоҳи плазаҳои зикршуда баёнгари он аст, ки агар масъулиятшиносӣ меҳвари фаъолият бошад, расидан ба ҳадафҳои нек имконпазир аст.