Хатҳои уфуқӣ дар таъмини бехатарӣ саҳми бориз доранд
Агар гӯем, ки солҳои охир марҳилаи сифатан нави такомули филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардида, бемайлон идома дорад, муболиға нахоҳад буд. Дар баробари пешравиҳои дигар, таваҷҷуҳи роҳбарияти филиали Ширкат ба омилҳо, ки дар таъмини бехатарии ҳаркати воситаҳои нақлиёт саҳми бориз доранд, аз ҷумла кашидани хатҳои уфуқӣ тамоюли афзоишро касб намудааст.
Давоми рӯзҳои охир дар Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Суғд кашидани хатҳои уфуқӣ шурӯъ гардида, ин кор тибқи талаботи мавҷуда ва тавассути механизмҳои замонавии мутаалиқ ба филиали Ширкат амалӣ шуда истодааст. Дилхоҳ нафар хуб медонад, ки нақши хатҳои уфуқӣ дар таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт назаррас буда, роҳро зебову назаррабо менамоянд. Биноан, кормандони филиали Ширкат масъалаи мазкурро таври мунтазам мадди назар қарор дода, фаъолияти худро дар робита ба кашидани чунин хатҳо беш аз пеш тавсеа бахшидаанд. Бо дарназардошти нукоти зикргардида, кашидани хатҳои уфуқӣ аз самтҳои афзалиятнок дар раванди фаъолияти филиали Ширкат маҳсуб шуда, масъулин дар ин ҷода собитқадаманд.
Давоми рӯзҳои охир, дар заминаи тадбирандешиҳои саривақтӣ дар масофаи хеле зиёд, аз километри 235 то 297-уми роҳи Душанбе – Чанок хатҳои уфуқӣ кашида шуданд. Иловатан таъкид менамоем, ки ба масъалаи мавриди назар таваҷҷуҳ зоҳир намудан бесабаб нест, зеро хатҳои уфуқӣ аз василаҳои таъминкунандаи бехатарии ҳаракат дар дар роҳ буда, мавҷудият ва дар ҳолати хуб қарор доштанашон аз талаботи бахши роҳсозӣ аст. Чунин тарзи кор ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола чунин иқдом бо фаро расидани фасли гармо шурӯъ гардида, дар ин замина қисмати аъзами хатҳои уфуқии роҳ аз нав кашида мешаванд.