ПЕШСАФИИ НАМОЯНДАГИИ СУҒД НАМУНАИ ИБРАТ АСТ

 

Корҳои то ин замон амалишуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки фаъолияти Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Суғд ба марҳилаи сифатан нав ворид гардида, азми кормандони он баҳри боз ҳам беҳбудӣ бахшидани нишондиҳандаҳо қавӣ ва нияташон нек аст. Мавҷудияти техникаву механизмҳои махсусгардонишуда, фаъолияти пурмаҳсули корхонаи истеҳсоли асфалт ва таваҷҷуҳу дастгирии доимии аъзои Шӯрои нозирон ва роҳбарияти филиали Ширкат заминаи асосӣ барои пешравии фаъолият маҳсуб мешавад. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки дар давоми моҳҳои охир дар минтақаи мавриди назар масофаи зиёди роҳ таъмири асосӣ ва ҷорӣ гардида, тозагии ҷӯйборҳои канори роҳ ва дигар корҳои ба ободонӣ рабтдошта низ мадди назар аст. 
Бино ба гуфти менеҷери намояндагии зикршуда М. Хоҷаев, онҳо ба дастовардҳои зикршуда иктифо накарда, минбаъд низ баҳри тавсеаи фаъолият аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода хоҳанд кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо