Ҳолати хуби роҳ самараи масъулиятшиносии кормандони мо аст  

 

 

Вақтҳои охир теъдоди нафароне, ки баъд аз сафар тариқи роҳи Душанбе – Чанок  арзи сипоси хешро ба роҳбарият ва кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” барои масъулиятшиносӣ мерасонанд, тамоюли афзоишро касб намудааст.  Зеро онҳо бо шоҳиди ҳол шудаанд, ки тадбирандешиҳо дар роҳи мазкур хеле зиёд буда, филиали Ширкат рисолати хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷой оварда истодааст. Қаноатмандии шаҳрвандон асосан ба тавсеаи  таъмиру таҷдиди куллӣ ва ҷории роҳ, мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нав,  коҳиш ёфтани шумораи плазаҳо,  таҳкими пойгоҳи техникӣ  ва  ѓайра рабт дорад. Дар баробари омилҳои зикршуда,  мардум аз зебову назаррабо будани роҳ, ки ба шарофати хатҳои уфуқӣ ва дар ҳолати хуб қарор доштани ҷӯйборҳои канори роҳ имконпазир гардидааст, изҳори қаноатмандӣ мекунанд. Мавҷудияти хатҳои уфуқӣ  яке аз талаботи асоси бахши роҳсозӣ буда, саҳми онҳо дар таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт бориз буда, роҳро зебову назаррабо менамоянд. Биноан, кормандони филиали Ширкат масъалаи мазкурро таври мунтазам мадди назар қарор дода, фаъолияти худро дар робита ба кашидани чунин хатҳо беш аз пеш тавсеа бахшидаанд. 

 Дар давоми рӯзҳои охир, дар заминаи тадбирандешиҳои саривақтӣ аз ҷониби кормандони намояндагиҳои филиали Ширкат дар масофаи хеле зиёд дар роҳи мавриди назар хатҳои уфуқӣ кашида шуда, ҷӯйборҳои канори роҳ азнавсозӣ шуданд. Муҳимтар аз ҳама, ин иқдом бо истифода аз  ранги босифат ва тавассути  тахникаи замонавӣ амалӣ шуда, кафолати  муддати зиёд беосеб монданаш таъмин аст. Чунин тарзи кор ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола бо фаро расидани фасли гармо шурӯъ мешавад.  

   Нафароне, ки тариқи роҳи зикршуда сафар кардаанд, ки шоҳиди ҳол ҳастанд, ки бо истифода аз техникаву таҷҳизоти замонавӣ таъмири куллӣ  ва ҷорӣ дар масири мазкур ҷараён дорад. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки барои анҷоми корҳо мутахассисони ҳирфаӣ ҷалб шуда, дар ин замина таъмини сифати баланди ибтикори фавқ меҳвар маҳсуб мешавад. Барои пешбурди корҳо асфалти хушсифати истеҳсоли 3 корхонаи марбут ба филиали Ширкат, ки фаъолияти пурмаҳсул доранд, истифода шуда истодааст.

 

    Бегуфтугӯ, таъмири роҳ дар баробари фароҳам намудани имкони ҳаракати бемонеаву бехатар, ҳамзамон онро назаррабо менамояд. Тавре маълум аст, бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуда, зебову назаррабо будани роҳҳо барои ҷалби бештари сайёҳон муҳиму саривақтӣ аст. Бо дарки ин нукта кормандони филиали Ширкат фаъолияташонро беш аз пеш тавсеа бахшида, рӯзҳои баъдӣ низ ин раванд вусъат хоҳад ёфт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо