Ягон қитъаи осебдидаи роҳ аз мадди назар дур нахоҳад монд
Дилхоҳ нафари тариқи роҳи Душанбе – Чанок сафар менамуда шоҳиди ҳол аст, ки таъмиру таҷдид бо истифода аз техникаву механизмҳои замонавї ва масолеҳи босифат босуръат ҷараён дорад. Бо дарназардошти ин омил, эътироф бояд кард, ки дар муқоиса бо роҳҳои дигар манотиқи мамлакат ҳолати роҳи Душанбе – Чанок хеле беҳтар буда, омили мазкур ба масъулиятшиносии роҳбарият ва кормандони филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роууд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт дорад. Ба шарофати масъулиятшиносии роҳбарияти филиали Ширкат таъмиру таҷдид дар роҳи мавриди назар ба раванди муттасил табдил ёфта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кучактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад.
Дар баробари дигар намояндагиҳо, дар давоми рӯзҳои охир кормандони Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Варзоб фаъолияташонро беш аз пеш тавсеа бахшида, ҳамрадиф бо дигар ибтикорот, дар масири нигоҳдориаш ба зиммаашон вогузорбуда, аз ҷумла километри 57 –ум асфалти осебдидаро бартараф намуда, ба ҷояш бо истифода аз таҷҳизоту техникаҳои махсусгардонидашуда асфалти нав хобониданд.