МУНОСИБАТАМОН БА ТАЪМИРИ РОҲ ДУЮМДАРАҶА НАБУДУ НЕСТ,
рӯз то рӯз вусъат гирифтани таъмири куллии роҳ далели бебаҳси ин гуфта аст
Имрӯз (17 июн) низ таъмири роҳ дар масири Душанбе- Чанок босуръат ва муташакилона идома ёфта, дар километрҳои 40- 42-юм бартарафкунии асфалти осебдида, ба ҷояш хобонидани асфалти нав ва дигар корҳои ба ин раванд рабтдошта дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ шуд. Зимни боздид аз ин минтақа муътақид гардидем, ки кормандон бо азми қавӣ ва нияти нек кору пайкор намуда, дар ояндаи наздик ҳолати роҳ беш аз пеш хубтар мегардад. Барои бомаром пеш рафтани корҳо техникаву механизмҳои зарурӣ сафарбар шуда, аз корхонаи истеҳсоли асфалти марбут ба филиали Ширкат мунтазам асфалти хушсифат дастрас шуда истодааст.