СЕЛ КАНОРАХОИ РОХРО ШУСТ

Дар робита ба ин, кормандони Намояндагии филиали Ширкат дар Сугд корхои сохилмустахкамкуниро вусьат бахшиданд

 

Шоми9-уми июн , соати 19:40 бинобар боришоти зиед аз километри 332 то 335- уми рохи Душанбе- Чанок сел омада, канорахои рохро шуст. Бо дарназардошти холати баамаломада техникахои Намояндагии филиали Ширкат дар Сугд ба мавзеи мазкур филфавр сафарбар шуда, пайомадхои бештари ин офатро пешгири намуданд. Бо истифода аз техникаву механизмхои филиали Ширкат кормандон дар муддати кутох мачрои селро тагйир доданду ба ин васила рох аз харобшавии эмин монд.

Гуфтан бамаврид аст, ки сохилмустахкамкуни аз чузьхои фаьолияти мо махсуб шуда, хамасола дар ин самт бо харчи маблаги зиед корхои кобили мулохиза ва арзандаи ситоиш амали мешаванд.

 Холо дар ин китьа кормандони филиали Ширкат бартарафсозии пайомадхои офати мавриди назар ва корхои сохилмустахкамкуниро густариш бахшида, умури корхо зери назорати чиддии рохбарият карор дорад.

Барои дар сатхи хубу сифати баланд ичро шудани ибтикори ба ин масьала рабтдошта тамоми шароит фарохам буда, онхо самаранок истифода мешаванд.

ОМИЛИ МАЗКУР ДАЛЕЛИ ОН АСТ, КИ НИГОХДОРИИ РОХ ФАЬОЛИЯТИ ГУНОГУНЧАНБА БУДА, САХЛУ СОДА ПИНДОШТАНИ ОН ИШТИБОХИ ЧИДДИ ВА ШАХОДАТИ НООГОХИ АЗ ИН РАВАНД АСТ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо