Тавсеаи таъмири куллии роҳ далели масъулиятшиносӣ ва азми қавӣ аст
Хонандагони закии сомона аз матлабҳои қаблан ҷойгиршуда иттилоъ доранд, ки бо фаро расидани мавсими гармо таъмири куллӣ дар масири роҳи Душанбе - Чанок шурӯъ гардида, ин раванд рӯз то рӯз густариш ёфта истодааст. Лозим ба шарҳ аст, ки таъмири куллӣ аз таъмири ҷорӣ батамом фарқ дошта, дар ин замина баъзе қитъҳо пурра азнавсозӣ мешаванд. Бемайлон тасеа ёфтани ин раванд далели масъулиятшиносии роҳбарияти филиали Ширкат маҳсуб шуда, имкон фароҳам меорад, ки ронандагону мусофирон аз роҳи ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ баҳравар гарданд.
Дар давоми рӯзҳои охир таъмири куллии роҳ дар минтақаи Зарафшон ба марҳилаи сифатан ворид гардида, бо ин мақсад тамоми имконот, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли асфалт, техникаву механизмҳои замонавӣ ва неруи зеҳниву ҷисмонии кормандон самаранок истифода шуда истодааст. Имрӯз бо дилпурӣ гуфта метавонем, ки ибтикори мазкур муҳиму саривақтӣ ва заруру ногузир буда, аз дурандешона будани нақшаҳои роҳбарияти филиали Ширкат гувоҳӣ медиҳад. Зеро гузашти муҳлати начандон зиёд собит намуд, ки дар заминаи шарофати фаъолияти пурмаҳсул таъмиру таҷдиди роҳ ба раванди муттасил табдил ёфтааст.
Айни замон аз километри 145 то километри 160 –уми роҳ таъмири куллӣ босуръат идома дошта, умури назорати сатҳу сифати корҳо зери назари доимии роҳбарияти филиали Ширкат қарор дорад.
Расмҳои дар зер пешниҳодгардида воқеияти суханони зикршударо собит менамояд.