INNOVATIVE

R O A D  S O L U T I O N S

ALWAYS   MOVING   FORWARD

муфассалтар дар бораи фаъолияти мо

Always moving






Always moving forward...

s

Always moving






Always moving forward...

Хуш омадед!

Филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати байналмилалие мебошад, ки дар тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ аз аввалинҳо шуда, бо истифода аз усулҳои инноватсионӣ, бо мақсади рушди устувор ва такмили инфрасохтори роҳ ва бо такя ба ҳайати кормандони соҳибтахассусу пуртаҷрибаи худ механизми толлингиро ҷорӣ намуд. Ба боварии мо, он мушкилоте, ки бахши давлатӣ дар ин соҳа бо онҳо рў ба рў мешавад, тадриҷан ва бомуваффақият тариқи татбиқи механизми толлингӣ дар роҳҳои дигари кишвар бартараф карда мешаванд.

Гузашта аз ин, бо таваҷҷўҳ ба ҳолати ҷуғрофии мавҷуда ва вижагиҳои робитаҳои байнидавлатӣ дар кишваре, ки қисми асосии онро кўҳҳои баланд иҳота кардаанд ва дорои хати ҳаракати мушкилгузару дастрасии маҳдуд ба воситаҳои дигари интиқол, механизми мазкур саривақтӣ ва ниҳоят муҳим мебошад. Итминони комил дорем, ки механизми ҷорикардаи мо, барои беҳтар шудани инфрасохтори роҳи автомобилгарди кишвар ва боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Фаъолият дар IRS
ВА
васила барои фатҳи
қулаҳои касбият

Муфассалтар...

Номгӯӣ
тарофаҳо
ва
нархномаҳо

Муфассалтар...

КОРТҲОИ ПАРДОХТӢ

Муфассалтар...

ПЛАЗАҲОИ ТОЛЛИНГӢ

Муфассалтар...

МАЪЛУМОТ ОИД БА
ВАЗЪИ РОҲ

Муфассалтар...

ҲИСОБКУНАКИ
ТАРОФАҲО

Муфассалтар...

хабарҳо

Муфассалтар...

Хати алоқа

Муфассалтар...

Тафсирҳо

Муфассалтар...

Харитаи роҳ
ва
ҷойгиршавии плазаҳои толлингӣ

Муфассалтар...

Хабарҳои охирин

Роҳи Душанбе - Чанок. Тармафароӣ др марҳилаи анҷомёбӣ буда,  шусташавии роҳ бар асари боришот шурӯъ шуд

Агар касе андеша дошта бошад, ки  бо сипаришавии фасли зимистон сарбории кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кам шуда, мавсимҳои  боқимонда бидуни мувоҷеҳ гардидан бо мушкил ва ба сомон расонидани ибтикоре паси сар мешаванд, комилан иштибоҳ мекунанд.  Барои мисол, ҳарчанд баҳор фаро расидаву дар паҳноиҳо гармӣ рӯз то рӯз шиддат пайдо мекунад, вале дар масири роҳи Душанбе – Чанок то кунун фаромадани тармаҳо идома дорад.... [бештар]

БОРОНИ ПУРШИДДАТ БАЪЗЕ ҚИТЪАҲОИ РОҲИ ДУШАНБЕ - ЧАНОКРО ШУСТ

Бориши пуршиддати борон, ки шоми дирӯз ба вуқӯъ пайваст баъзе қитъаҳои роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқро шуст. Ёдовар бояд шавем, ки ҳамасола дар ин мавсим, дар натиҷаи бориши шадиди борон ва баландшавии сатҳи оби дарёчаҳои кӯҳӣ  роҳи мавриди назар осеби ҷиддӣ дида, аз ҷониби филиали Ширкат барои ба ҳолати аввала баргардонидани онҳо маблағи зиёд харҷ мешавад. ... [бештар]

Дар моҳи апрел низ тармафароӣ давом дорад 

Дирӯз, дар километри 121- уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ тарма фаромада, дар ин замина ҳаракати воситаҳои нақлиёт мутаваққиф гардид. Шоистаи зикр аст, ки техникаҳои филиали Ширкат филфавр ба макони тармафароӣ сафарбар гардида, дар муддати кутоҳ тармаи мавриди назар бартараф карда шуд.  Айни замон роҳ кушода буда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин аст. ... [бештар]

Ҳамаи хабарҳо

Кормандони калидӣ

Шарикони мо

Ба мо нависед


-->
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо