МАҲБУБИЯТ ПАЙДО КАРДАН  САМАРАИ МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ АСТ 

 

 

Тирамоҳу соли гузаштаву зимистони имсол барои кормандони«IRS»  чун ҳарвақта марҳилаи нисбатан душвор буд. Зеро дар ин мавсим таваҷҷуҳ ба фаъолияти он хоса буда, масъулинаш ба маънои том зери заррабини ҷомеа  қарор мегиранд. Хурсандиовар аст, ки ба шарофати масъулиятшиносӣ ва дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ шудани фаъолият ин навбат низ кормандони ширкати мавриди назар аз имтиҳони ҷиддии табиат бо сарбаландӣ гузаштанд.

  Аз ҷониби дигар, дар ин айём номи «IRS» ба шарофати масъулиятшиносии роҳбарият ва кормандон вирди забонҳо буду мардум ба воситаи навору мақолаҳое, ки дар онҳо муносибат ба рисолат ва тадбирандешиҳо баҳри иҷрои уҳдадориҳо инъикос ва бозгӯӣ шудаанд сари вақт  аз ҳолати роҳи Душанбе – Чаноқ огоҳ шуданд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки навору мақолаҳои мазкур қариб дар тамоми расонаҳо бознашр шуда, дар ин замина бори дигар собит гардид, ки маҳз садоқат ба пеша ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ  омили асосии маҳбубият пайдо намудан миёни мардум маҳсуб мешавад. Тавассути  наворҳои зикргардида, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бениҳоят пурбинанда шуданд шаҳрвандон ҳолати қариб зери тармаи мондани роҳбари  «IRS» ва ҳамроҳонашро диданд, ҳатто шабона қатъ нагардидани бартарфсозии тармаҳоро мушоҳида карданд, ба инсондӯстии роҳбарияти филиали ширкат дар мисоли тақсим намудани озуқа ба ронандагону мусофирон мутмаин шуданд, аҳсан гуфтанд, ки роҳбари он зимни бартарафсозии тармаҳо дар паҳлуи механизатор қарор дошта, ҳамчунин, барои аз иҳотаи барф раҳо намудани автомбилҳо саҳм мегузорад.

Аз ин лиҳоз, бо дарки масъулият метавон гуфт, ки аҳли «IRS»  моҳияти рисолат, қолаби салоҳият ва доираи ваколати худро таври бояду шояд дарк карда, барои расидан ба ҳадафҳо азми қавӣ ва иродаи хастагинопазир доранд. Дар заминаи ин хислатҳои ҳамида дастовардҳои ширкати мазкур, ки нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе - Чаноқро ба зимма дорад, тамоюли афзоишро касб намуда, назари мардум ба мавҷудияти он хеле мусбат гардид.  Муҳим он аст, ки давоми 16 соли фаъолият мардум боварӣ ҳосил намуданд, ки пули барои истифодаи роҳ пардохтнамуда барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад. Дар ин муддат собит шуд, ки пулакӣ кардани ин роҳ тадбири оқилона буда, пеш аз ҳама, барои беҳдошти ҳолати роҳи стратегии кишвар дахл дорад.

 Маҳз ин омилҳо замина фароҳам оварданд,  ки ширкати мазкур дар нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ  комёб бошад ва дар ин замина мардум эътироф кардаанд:

   - Шукр, ки дар симои «IRS» роҳи Душанбе – Чаноқ нигоҳбони боэътимод пайдо карда, аз харобӣ эмин мемонад;

  «IRS» бо масъулиятшиносии худ ба ронандагоне, ки дар масир зиёд ҳаракат мекунанд моҳиятан як автомобили дигар туҳфа кардааст;

- Дар роҳ сари ҳар қадам бо кормандони «IRS» вомехӯрем ва ба чашми худ мебинӣ, ки чӣ қадар техникаҳои пуриқтидору ҳозиразамонро барои нигоҳдории шоҳроҳ ворид сохтанд;

- Агар чанд соат  интизори кушодани роҳ бошӣ, ҳатман дарк менамоӣ, ки ин ҳама зарур аст, маблағи пардохтмешуда барои нигоҳдории роҳ, тармиму покизагии он сарф мегардад;

- Вақти харобии ин роҳ, яъне то замони ба зиммаи «IRS» вогузор шудани нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ  ҳангоми ҳаракат  бо мушкили зиёд мувоҷеҳ мешудем;

- Агар пули таъмири воситаи нақлиётро бар асари харобии роҳ шуморем, нисбат ба маблағе, ки алҳол ба ширкат медиҳем, зиёдтар аст;

- Агар сарфи вақтро дар ин роҳи чун оина ба назар бигирем, хеле фоида ба даст овардем;

 - Ҳукумат аз мо беҳтар медонад, ки чӣ бояд кард. Ҳар сол пайдо кардани чандин миллион доллар барои нигоҳдории ин роҳ осон нест;

 - Агар нафъи 16 - солаамонро аз ин роҳ, ки чунин ҳамвору озода менамояд, ҳисоб кунем, маблағи супоридаамон дар қиёс ҳеҷ арзише надорад;

- «IRS» бо масъулиятшиносии кормандонаш ба пайвандгари  қалбҳо табдил ёфтааст;

- Дар шабҳои сербориш ва тармафароии зиёд ягона умед чароғҳои равшани техникаҳои пуриқтидори «IRS» буд;

-Талошу бедорхобии 24-соатаи кормандони ин ширкат инсонро водор  месозад, то офарин ба шумо гӯям;

- Пулакӣ шудани роҳ нархи роҳкироро на  афзоиш, балки коҳиш дод. Бо роҳкирое, ки имрӯз ба шаҳру ноҳияҳои  вилояти Суғд сафар мекунед, пеш аз «пулакӣ» шудани роҳ сафар кардан ғайриимкон буд;

-  Агар «IRS»  намебуд, шоҳроҳи байналмилалии Душанбе –Чаноқ кайҳо хароб мегардид.

Бамаврид аст ёдовар шавем, ки ҳарчанд ба уҳдадориҳои «IRS» ворид нест, вале кормандон ва техникаҳои пуриқтидору махсусгардонидашудаи он  мунтазам дар рафъи пайомадҳои офатҳои табиӣ, бунёди иншооти гуногун ва таъмири роҳҳои маҳаллӣ мусоидат менамоянд. Ин иқдом дар заминаи равобити судманд бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои масири роҳи Душанбе  - Чаноқ амалӣ гардида,  чанде пеш аз ҷониби филиали Ширкат бо харҷи 496,4 тонна асфалт як қисми роҳи самти Айнӣ  - Кӯҳистони Мастчоҳ таъмири куллӣ гардид.  Лозим ба ёдоварист,  ки нигаҳдории ин қитъаи роҳ ба зиммаи «IRS» вогузор набуда, амалӣ шудани ин ибтикор шаҳодати бетафовут набудани роҳбарияти он ба мушкилоти сокинони маҳаллӣ аст.

Тавре зикр шуд, дар мавсими сармо кормандони «IRS» шабонарӯзӣ роҳро бо маводи зиддилағзиш коркард, ҳазорҳо тармаро бетаъхир бартараф месозанд, автомобилҳои дар роҳ дармондаро ба макони амн интиқол медиҳанд, мусофиронро муваққатан дар хонаҳои устоҳои роҳ ҷойгир карда, ба ронандагону мусофирон ғизо тақсим мекунанд. Ҳамасола боришоти шадиди барф, тармафароӣ, лағжиши сангпораҳо, бориши пуршиддати борон сарбории кормандони филиали ширкатро дучанд намуда, онҳоро ба маънои томаш шабзиндадор мекунад. Арзандаи арҷ гузоштан аст, ки роҳбарияти филиали ширкат низ ин шабҳо дар паҳлуи кормандон қарор доштанд ва умури корҳоро зери назорати ҷиддӣ қарор медиҳанд.

   Ҳамрадиф бо роҳандозии фаъолият дар сатҳи хуб ва сифати баланд аз ҷониби «IRS» ба масъалаи ободонӣ, ки дар навбати аввал ба таъмини бехатарии мусофирону ронандагон рабт дорад,  таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Ин омил далели возеҳи он аст, ки роҳбарияти филиали Ширкат ба  нигоҳдории роҳ бо дарки масъулият муносибат намуда, ҳаргиз бетафовутиро ихтиёр накардаанд. Ба хотири таъмини бехатарии ронандагону мусофирон бо ибтикори роҳбарияти «IRS» оғоз гардидани бунёду гузош­тани деворҳои ҳимоявӣ  идомаи мантиқии ин раванд ба ҳисоб рафта, то ин замон дар масофаи 16000 метр чунин деворҳои ҳимоявӣ  эъмор шудаанд. Қобили зикр аст, ки ҳангоми азнавсозии роҳи Душанбе  - Чаноқ бунёди деворҳои ҳимоявӣ (парапет) дар лоиҳа набуд. Нуктаи муҳим он аст, ки ин иқдом аллакай ҷони як идда мусофиру ронандагони дар ин масир ҳаракаткунандаро аз марг наҷот дод.

Ҷиҳати пешниҳоди иттилои саривақтӣ дар бораи ҳолати роҳ, инчунин дар доираи уҳдадории иҷтимоӣ филиали ширкат якҷо бо оператори алоқаи «Вавилон-Мобайл» хизматрасонии ройгони ирсоли паёмак «IRS-роҳи бехатар»-ро роҳандозӣ намуд. Бо пайваст шудан ба ин хизматрасонӣ, ба ҳар як истифодабарандаи алоқаи мобилӣ сари вақт тариқи паёмак дар бораи вазъи роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ дар ҳолати ба амал омадани хавфи тармафароӣ, шароити номусоиди обу ҳаво барои ҳаракати нақлиёт ва ё баста будани роҳ бо маълумоти дақиқ оид ба қитъаи роҳ иттилоъ расонида мешавад. Иқдоми мазкур, пеш аз ҳама, ба таъмини бехатарӣ дар шароити кӯҳистон барои истифодабарандагон тариқи иттилоотонии саривақтии онҳо равона карда шудааст.

Дар маҷмӯъ, роҳбарияти «IRS»  масъулиятшинос, кормандонаш соҳибкасбу заҳматпеша, пойгоҳи техникиаш пурқувват, фаъолияти корхонаҳои марбут ба он муназзам, равобит бо шарикон густурда ва дар ҷодаи рушд собитқадам аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо