ХАРОБКОРИИ  ОФАТИ ТАБИӢ ВА ТАДБИРАНДЕШИИ БЕТАЪХИРИ КОРМАНДОНИ  “IRS”

 

 

Тавре  ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, рӯзҳои охир дар кишвар, хоса масири Душанбе – Чаноқ бориши пуршиддати борон боиси омадани сел, лағзиши кӯҳпора, фуруравии роҳ  ва сангфароӣ гардид. Пайомади офати табиӣ, махсусан дар минтақаҳои Варзобу Зарафшон ногувор буда, барои бетаъхир бартараф намудани онҳо кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имкони мавҷуда самаранок истифода намуданд. Аз ҷумла, 1- 4 июни соли равон бориши пуршиддати борон  боиси омадани сел дар километрҳои 86 - 143 - уми роҳи Душанбе - Чаноқ (ҳудуди ноҳияи Айнӣ) гардид.

 Ба макони зикршуда фавран техникаҳои филиали ширкат сафарбар ва оқибати офати табиӣ  дар муддати кутоҳ бартараф гардид. Қобили зикр аст, ки маҳз ба шарофати тадбирандешии бетаъхир дар муддати нисбатан кутоҳ вазъ ба эътидол оварда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт  аз ҳар ду ҷониб барқарор гардид. Хушбахтона, дар натиҷаи ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ  набуд. Гуфтан бамаврид аст, ки дар натиҷаи  чунин офатҳои табиӣ, ки чанд соли охир рух медиҳанд, даҳҳо  километр роҳи Душанбе – Чаноқ  осеб дида, зарурати  таъмири куллии масофаи зиёди он ба миён омадааст. Ба ибораи дигар, дар аксар қитъаҳои осебдида роҳ бояд аз нав сохта шавад.  Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки таъмири куллӣ аз лиҳози моҳият ва хароҷот аз бунёди роҳ кам нест. Сарфи назар аз ин, роҳбарияти филиали ширкат дар ин самт собитқадам мебошанд, ки гувоҳи масъулиятшиносӣ маҳсуб мешавад.

Ёдрас шудан бамаврид аст, ки чунин ҳолат дар роҳи Душанбе – Чаноқ зиёд рух медиҳад. Ҳолати аввал дуюми июни соли 2018 дар километри 138- ум рух дода, бар асари он  дар масофаи 35 метр роҳ пурра фурӯ рафта буд.  Инчунин, 23 ноябри соли 2023 дар километри 119- ум, дар масофаи 50 метр роҳ пурра фурӯ рафта буд. Масъулиятшиносиву поквиҷдонӣ ва пойгоҳи пурқуввати техникии филиали Ширкат замина фароҳам овард, ки дар робита ба ҳолати баамаломада филфавр тадбирандешӣ шавад. Дар муддати бениҳоят кӯтоҳ кормандони филиали Ширкат  роҳи муваққатӣ  бунёд намуда, тавассути он ҳаракати воситаҳои нақлиётро ба роҳ монданд. Сипас, мумфаршкунии роҳ низ бо истифода аз асфалти хушсифат, дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ шуд. Чунин тадбирандешии фаврӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорати нақлиёт, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дигар сохторҳои дахлдор баҳои баланд гирифта, ҳатто раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода эътироф кард, ки агар нигоҳдории ин роҳ ба зиммаи  «IRS»  намебуд дар муддати кӯтоҳ барқарорсозии қитъаи осебдида имконнопазир мегардид. Ин дар ҳолест, ки дар дигар роҳҳои мамлакат бар асари монеаи ҷузъӣ чандин рӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад.

Фаромуш набояд кард, ки дар гузаштаи на чандон дур ин роҳи аҳамияти стратегидошта дар ҳолати ногувор қарор дошт. Шоҳидони ҳол хуб медонанд, ки пештар роҳи мазкур дар давоми сол 6-7 моҳ баста буд. Ронандагону мусофирон ба мушкилии зиёд мувоҷеҳ мешуданд. Ҳатто ҳолатҳое буданд, ки одамон ҳалок мешуданд, дар маросими дафни азизтарин ашхос иштирок карда наметавонистанд ва ғайра. Аз ҷониби дигар, ҳолати ногувори роҳ боис мегардид, ки воситаҳои нақлиёт хеле зиёд осеб бинанд. Табиист, ки барои таъмири воситаҳои нақлиёт шаҳрвандон маблағи зиёд харҷ менамуданду бар замми ин вақташон барабас мерафт. Чунин мисолҳо ҳақиқати бебаҳс буда, касе наметавонад онҳоро инкор кунад. Пештар барои то нуқтаи ниҳоии ин масир рафтан 13 соат вақт лозим буд. Ҳоло бошад, дар 4 – 5 соат ин масофаро тай кардан имконпазир гардидааст.

Хурсандиовар аст, ки вақтҳои охир теъдоди шахсоне, ки зимни сафар аз тариқи роҳи Душанбе - Чанок сипоси хешро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ  ва сомонаи  филиали ширкат ба роҳбарият ва кормандони IRS барои масъулиятшиносӣ мерасонанд, тамоюли афзоишро касб намудааст. Зеро онҳо шоҳиди ҳол мешаванд, ки тадбирандешиҳо дар роҳи мазкур хеле зиёд буда, филиали ширкат рисолати хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷо оварда истодааст.

  Шоистаи зикр аст, ки фаъолияти асосии ширкат на дар плазаҳои толлингӣ (ҳамон тавре, ки баъзе “дӯстон” мепиндоранд),  балки дар масири роҳи мошингард ба роҳ монда шудааст. Ҳамарӯза  садҳо мутахассиси соҳибтаҷриба бо кумаки техникаи махсусгардонида ба тозакунии роҳ аз барф, коркарди он бо маводи зиддилағжиш, бартарафсозии тармаҳо, таъмири куллӣ ва ҷорӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, нигоҳдории 36 пул ва ғайра  машғул буда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ҳаракати муназзаму бехатари нақлиёт таъмин бошад.

Кӯҳистон табиати хоси худро дорад. Кӯҳҳои сарбаланду саркаш, рӯдхонаҳои пуртуғён ҳамеша хатаре эҷод мекунанд. Гоҳе ягон қитъаи роҳро сел хароб мекунад, гоҳи дигар дар натиҷаи лағшиши кӯҳпорае роҳ банд мешавад, ҳамчунин дар натиҷаи фурӯ рафтани замин ҷода аз кор мебарояд. Дар мавсими тармафароӣ мушкили зиёдтар эҷод мегардад. Бартараф кардани ҳамаи ин, пешгирӣ кардани хатарҳо ва таъмин намудани ҳаракати нақлиёт дар чор фасли сол кори осон нест.

Мавқеи ҷойгиршавии роҳи Душанбе – Чаноқ, нигоҳубини бистучаҳорсоатаро тақозо месозад. Каме беэътиноӣ ба кори роҳ метавонад мушкил болои мушкил эҷод кунад ва бехатарии нақлиёту мусофиронро зери суол барад. Аз ин рӯ, коргарони «IRS»  дар чор фасли сол соате бекор намемонанд. Онҳо тирамоҳу зимистон мунтазам ба тоза кардани барфу бартараф сохтани тармаҳо машғуланд. Баҳору тобистон бошад, ба таҷдиду таъмири роҳ, бартараф сохтани паёмади бориши борону омадани сел, соҳилмус­таҳкамкунӣ ва лағшиши кӯҳпораҳо машғул мегарданд.

Ба ибораи дигар,  Душанбе - Чаноқ масирест, ки ҳамеша бо офатҳои табиӣ рӯ ба рӯ мегардад. Мубориза бурдан бо ин офатҳо ва бартараф кардани зарари онҳо қувваи кориву хароҷоти зиёдро талаб менамояд. Ширкати «IRS» ба муқобили қонунҳои нонавиштаи табиат беамон мубориза намебарад, балки харобиҳои овардаи онро бартараф сохта, роҳро сабурона таъмиру таҷдид мекунад. Барои анҷом додани азими корҳое, ки зикр шуд, ниёз ба техникаву технологияи навин аст. Ширкати «IRS» дорои пойгоҳи пурқуввати техникӣ буда, техникаву механизмҳои он ба 242 адад расид. Аммо ин шумораи ниҳоӣ нест. Барои кори босифат ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ ширкат дар оянда низ техникаву технологияҳои навтаринро харидорӣ менамояд.

«IRS» ширкати корофарин аст. Соли 2009 кормандони филиали он ҳамагӣ 24 нафар буданд. Имрӯз коргарони ширкат дар ин масири ҳаётан муҳим ба 872 нафар расидааст. Таъкид кардани ин нукта низ муҳим аст, ки айни ҳол бо шарофати мавҷудияти ширкат дар масири Душанбе - Чаноқ зиёда аз 5000 нафар манбаи даромад доранд ва чархи осиёби зиндагиашонро ба гардиш меоранд.

Кор кардан, ҷоеро обод намудан, дасти мадад ба дигарон дароз сохтан ба гуфтан осон аст. Барои расидан ба ҳадаф, ба зиндагии осудаву ширинтар мубориза бояд бурд. Дар ин гуна талошҳо кормандони «IRS» ҳамеша пешсафанд. Офатҳои табиии рӯзҳои охир бори дигар собит намуданд, ки “IRS”  баҳри нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ тавонманд буда, дар муддати кӯтоҳ пайомади  офатҳои мавриди назар низ рафъ хоҳад шуд.  

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо