МАҲДУДИЯТИ МАВСИМИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ (Аз моҳият то манфиат)

Бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд мебошад ва дар сурати амалӣ нагаштани ин кор вайрон гаштани роҳ аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин, тадбирандешиҳои ба нигоҳдории роҳ дахлдошта дар фаъолияти сохторҳои дахлдор меҳвар маҳсуб мешавад.
Қобили зикр аст, ки бо вуҷуди фаъолияти пурмаҳсули мақоми ваколатдор, бинобар аз ҷониби баъзе ронандагон риоя нагардидани талаботи мавҷуда, ки ба ҳамлу нақли бор тавассути мошинҳои гаронвазн дахл дорад, зарурати таъмири куллии аксар роҳҳои мамлакат ба миён омадааст.
Тибқи иттилои дастрас, шурӯъ аз 14-уми майи соли равон то 31 августи ҳамин сол маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз соати 10:00 то 20:00 ҷорӣ мешавад. Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст.
Икдоми мазкур ҷиҳати иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷорӣ намудани маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум» амалӣ шуда, ҷиҳати эмин нигоҳ доштани роҳ аз вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ва воситаҳои нақлиёт шароит фароҳам меорад.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки чунин иқдом на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар аксарияти мамлакатҳои олам роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст.
Чанде пеш Вазорати нақлиёти кишвар эълон намуда буд, ки дар ояндаи наздик дар 2 даромадгоҳи пойтахт аз тарафи шаҳрҳои Турсунзода ва Бохтар нуқтаҳои вазнченкунӣ барои мошинҳои боркаш ва калонҳаҷм сохта мешавад. Баъди насби ин нуқтаҳо, воситаҳои нақлиёте, ки вазнашон аз 40 тонна зиёд аст, маблағи муайян пардохт мекунанд ё ба шаҳр роҳ дода намешаванд. Ин тасмим ба хотири пешгирии вайрон шудани роҳҳои мошингарди Душанбе -Турсунзода ва Душанбе – Бохтар гирифта шуда, созишнома дар бораи насби ин нуқтаҳо, 21.07.2025 байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Kvadrat System LLC”-и Аморати Муттаҳидаи Араб ба имзо расидааст. Мувофиқи он, ширкат бояд давоми 8 моҳ – то моҳи августи соли ҷорӣ корҳои сохтмониро ба анҷом расонад.
Тибқи муқаррарот, барои мошинҳои гаронвазн кашондани то 40 тонна бор тавсия шудааст. Дар фасли тобистон бошад ин меъёр тағйир меёбад ва кам мешавад. Зеро дар гармӣ асфалт ё мум об шуда, роҳ зуд валангор мегардад. Аммо дар асл ҳамоно гаронҳаҷмҳои 40-60 тоннагӣ дар ҳаракатанд.
Тавре дар Вазорати нақлиёти ҶТ иттилоъ доданд, дар семоҳаи аввали соли 2026 аз ҷониби Хадамоти танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёт 985 ҳолати аз ҷониби ронандагон риоя накардани Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм ва гаронвазн ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.
Нисбат ба онҳо бо моддаи 311-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 3 миллиону 841 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима шуданд. Хотиррас мешавем, барои таъмири куллии 1 километр роҳ 1 млн доллари ИМА, муодили 10 млн сомонӣ лозим аст. Яъне оё мешавад бо 3 млн сомонии ҷарима иктифо кард? Суол риторикист, албатта.
Дар ин давра барои интиқол додани борҳои калонҳаҷм ва вазнини тақсимнашаванда 146 иҷозати махсус дода шуда, аз ин ҳисоб 277 ҳазору 943 сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид гардид. Бо мақсади пешгирӣ намудани роҳҳои автомобилгард аз вайроншавии бармаҳал дар нуқтаҳои баркашӣ 89 ҳазору 939 - адад воситаи нақлиёти боркаш мавриди баркашӣ қарор дода шуда, бо сертификати баркашӣ таъмин гардидаанд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 16 ҳазору 155 адад зиёд аст.
Ҷиҳати пешгирӣ ва эмин нигоҳ доштани ҳолати роҳҳои автомобилгард аз гузариши воситаҳои нақлиёти гаронвазн тибқи нақшаи тасдиқгардида кормандони Хадамот дар назди корхонаҳои сементбарорӣ, карйерҳои коркарди қуму шағал, конҳои коркарди ангишт ва дигар корҳонаҳои истеҳсолӣ мунтазам рейдҳо ва корҳои нозиротӣ гузаронида, риоя кардани меъёри интиқоли бор ба воситаи нақлиёти автомобилӣ назорат карда мешавад. Дар семоҳаи якуми соли 2026 нисбат ба 9 корхонаи истеҳсолкунанда, аз ҷумла 3 корхонаи сементбарории вилояти Хатлон барои риоя накардани меъёри боркунӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ карда шуда, онҳо ҷарима шуданд.
Солҳои охир на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар бораи пулакӣ кардани роҳҳо хеле зиёд мегӯянд. Чунин таҷрибаро ҷумҳурии мо яке аз нахустинҳо шуда роҳандозӣ намудааст ва роҳи мошингарди дараҷаи байналмилалӣ доштаи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ далели ин гуфтаҳост.
Бино ба гуфти коршиносон, роҳҳои автомобилгарди ба истилоҳ пулакӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, суръат бахшидан ба инкишофи шабакаҳои роҳҳои автомобилгард дар заминаи ҷалби сармояи хориҷӣ ташкил мешаванд. Маъмулан ҳукумати кишварҳои рӯ ба рушд дар заминаи татбиқи чунин лоиҳаҳо, ки аксар маврид бо ҷалби сармояи хориҷӣ амалӣ мешавад, ҳолати роҳҳоро беҳтар менамояд. Набояд фаромӯш кард, ки ин гуна роҳҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ ва бо релефи мушкил ҷойгир буда, барои нигоҳубинашон маблағи зиёд сарф мешавад.
Аз ҷониби дигар, пулакӣ шудани истифодаи роҳ ҳушдор ба ронанда аст, ки бояд аз меъёри тавсияшуда бештар бор нагирад – нафсашро нигоҳ ва роҳро аз валангорӣ эмин дорад.
