МОРО ЭЪТИРОФ ВА ФАЪОЛИЯТАМОНРО АРҶГУЗОРӢ МЕНАМОЯНД
Ибтикороти мо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи моҳият ва аҳдофи филиали Ширкат то ҳадде самар оварданд, ки давоми ду соли охир аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое
Муфассалтар...Ибтикороти мо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи моҳият ва аҳдофи филиали Ширкат то ҳадде самар оварданд, ки давоми ду соли охир аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое
Муфассалтар...Роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумњурии Тоҷикистон амалӣ намудани ибтикорро љиҳати дар ҳолати хуб қарор доштани роҳи Душанбе Чанок мадди назар қарор дода, дар ин ҷода ибтикороти зиёди қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоишро амалӣ намудаанд.
Муфассалтар...Маҳдудияти мавсимӣ аз 1-уми май шурӯъ мешавад Борҳо таъкид намудем, ки бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд мебошад ва дар сурати амалӣ нагаштани ин кор вайрон гаштани роҳ аз эҳтимол дур нест.
Муфассалтар...Дирўз (17-уми апрел) дар минтақаи Шаҳристон боришоти борон ба барф табдил ёфт. Бо дарназардошти омодагии ҷиддии кормандони филиали Ширкат боришоти барф ба ҳолати роҳ ва раванди ҳаракати воситаҳои нақлиёт латма ворид карда натавонист.
Муфассалтар...Тавре аз Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон иттилоъ доданд, имруз (16 апрел) бар асари борони пуршиддат аз километри 139 то 159-уми рохи Душанбе-Чанок резиши сангпора ба амал омад.
Муфассалтар...Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳолати хуб қарор доштани роҳи Душанбе - Чанок имкон фароҳам овардааст, ки ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин гардад. Бо истифода аз ин шароит баъзе ронандагон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро таври бояду шояд риоя накарда, аксар маврид сураъти ҳаракатро баланд менамоянд, ба самти муқобили ҳаракат мебароянд, эҳтироми ҳамдигариро ба ҷой намеоранд,
Муфассалтар...Тибқи иттилои Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки алъон дар сархати расонаҳо қарор дорад, шурӯъ аз 16 то 18 апрели соли равон бадшавии вазъи ҳаво дар назар аст. Ба гуфти кормандони ин ниҳод , дар ин рӯзҳо боронхои пуршиддат ва дар баланди 2500 метр бориши барф пешгуйи шудааст.
Муфассалтар...Вақте дар баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ «шиква»-ҳои «аллома»-и бекор Шервони Умриддинро хондем, онро чун «тарошаи аз бом афтода» қабул намудем. Мо- масъулини филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми фаъолияти худ борҳо бо чунин андешаҳои беасосу муғризона ва туҳматҳо мувоҷеҳ шудаву бо фаъолияти самаранок ҷиҳати дар сатҳи хуб ва сифати баланд анҷом додани рисолати худ ба ин нафарон посухи сазовор додаем, вале ин туҳмат дағалона тамоми марзи иттилоърасонӣ ва қавоини инсониро убур намудааст.
Муфассалтар...Тибқи муқаррароти мавҷуда, бояд дар масири роҳи Душанбе- Чанок дидбонгоҳҳои доимоамалкунанда набошанд. Вале ин омил ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки филиали Ширкат бо БДА ВКД ҶТ ҳамкорӣ надошта бошад. Баръакс, ҳамкориҳои мо БДА ВКД ҶТ дар сатҳи хуб ва сифати баланд ҷараён дошта, дар ҳама ҳолат аз дастгириҳои беғаразонаи роҳбарият ва кормандони ин ниҳод бархӯрдорем. Тибқи мувофиқаи ҳосилшуда, фаъолияти кормандони БДА дар роҳи мавриди назар тавассути мошинҳои ба истилоҳ патрул, тариқи сайёр ҷараён дошта, ташкили дидбонгоҳи доимоамалкунанда ба ҳеҷ ваҷҳ иҷозат
Муфассалтар...Баҳори имсола бо боришоти мунтазам шурўъ гардида, барои кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳоноти ҷиддии навбатиро пеш овард. Хушбахтона, ин навбат низ кормандони мо онҳоро бо сарбаландӣ гузашта, собит намуданд, ки воқеан ҳам нигоҳбони масъулиятшиноси роҳи Душанбе – Чанок мебошанд. Кулли кормандони филиали Ширкат хуб дарк менамоянд, ки ба шарофати бозсозӣ шудани ин роҳ, ки дар ҷисми кишвар шоҳраг аст, хатарҳое, ки пештар ронандагону мусофирон бо он мувоҷеҳ буданд, бартараф шуда, аҳолӣ тамоми сол аз роҳи автомобилгарди ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгў бархўрдоранд. Муҳимтар аз ҳама, дар сурати сари вақт ва таври бояду шояд иҷро нагардидани рисолати ба зиммаашон вогузоршуда вайрону валангор гаштани роҳ аз эҳтимол дур нест.
Муфассалтар...