A PHP Error was encountered

Severity: Warning

Message: fopen(/var/cpanel/php/sessions/ea-php72/ci_session7b1604a820f1b8628ca060590d393b6891e5e22f): failed to open stream: Disk quota exceeded

Filename: drivers/Session_files_driver.php

Line Number: 172

Backtrace:

File: /var/data/irstj/public_html/application/controllers/frontend/News.php
Line: 9
Function: __construct

File: /var/data/irstj/public_html/index.php
Line: 315
Function: require_once

A PHP Error was encountered

Severity: Warning

Message: session_start(): Failed to read session data: user (path: /var/cpanel/php/sessions/ea-php72)

Filename: Session/Session.php

Line Number: 143

Backtrace:

File: /var/data/irstj/public_html/application/controllers/frontend/News.php
Line: 9
Function: __construct

File: /var/data/irstj/public_html/index.php
Line: 315
Function: require_once

IRS

ЭЪТИРОФ ДАЛЕЛИ ЭЪТИМОД АСТ

Бароямон мояи ифтихор аст, ки солҳои охир теъдоди онҳое, ки моҳияти фаъолияти филиали Ширкатро дарк кардаанд тамоюли афзоишро касб намудааст. Далели ин гуфта нашри матолиб дар ВАО, ибрози андеша тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва баёни арзи сипос тариқи хати доимоамалкунандаи филиали Ширкат мебошад. Табиист, ки масъулиятшиносӣ ва меҳнати пурмаҳсул дар баробари аз ҷониби аҳли ҷомеа эътирофу арҷгузорӣ шудан, аз тарафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии марбута низ қадрдонӣ мегардад. Бо ҳисси ифтихор мегӯем, ки дар ин самт низ дастовардҳои қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш доштему дорем. Ҷоизаҳои филиали Ширкат хеле зиёданд, вале мо мехоҳем мухтасар дар бораи яке аз онҳо – «Ситораи байналмилалии  сифат» маълумот диҳем.  Ҳамасола дар шаҳри Женева маросими супоридани ин ҷоизаи бонуфузи  баргузор гардида, аз лиҳози моҳият чорабинии фавқуззикрро, ки аз соли 1999 инҷониб доир мегардад ба маросими супоридани ҷоизаи «Оскар» шабеҳ медонанд. Фарқият танҳо дар он зоҳир мегардад, ки ғолибони чорабинии аввал ҳунармандон буда, дар чорабинии «Ситораи байналмилалии сифат» доираҳои хизматрасонӣ ва соҳибкорӣ арҷгузорӣ мешаванд. Гуфтан бамаврид аст, ки ин чорабинӣ аз шумори чорабиниҳои бошукуҳ ва бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, дар он афкори намояндагони  74 мамлакати олам ба инобат гирифта мешавад. Яъне, ғолибони ин маросим зимни таҳлили амиқу доманадор бо фарогирии назари  равшанфикрони 74 давлати пешрафтаи олам муаяйн карда мешаванд. Хурсандиовар аст, ки чанд сол қабл  аз миёни  довталабони зиёд  вобаста ба ҷорӣ намудани навовариҳо дар раванди фаъолият ва шурӯъ намудани марҳилаи сифатан нави пешрафт филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори «Ситораи байналмилалии сифат» гардида, он дар вазъияти тантанавӣ ба роҳбарияти филиали Ширкат супорида шуд. Лозим ба ёдоварист, ки ҷоизаи зикршуда аз ҷамъи ҷоизаҳои филиали Ширкат «муште аз хирвор» ва «қатрае аз баҳр» буда, далели бебаҳси он аст, ки филиали Ширкат  муттасил рушду такомул ёфта, эътибораш дар арсаи байналмилалӣ низ тамоюли болоравиро касб намудааст. Дар маҷмӯъ, эътироф гардидани филиали Ширкат дар сатҳи байналмилалӣ шаҳодати эътимод ба дурнамои неки он аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо