ТАКАББУРИ ЯК ИДДА ВА САРСОНИИ АКСАРИЯТ (Чаро дар мавсими сармо тамбашавӣ (роҳбандӣ) дар ҷодаи Душанбе – Чаноқ зиёд мешавад?

Рисолати роҳ таъмини иртибот ва ба ин васила саҳмгузорӣ дар пешрафти кулли соҳаҳо маҳсуб мешавад. Вақте дар ҷодаҳо бетафовутиву худхоҳӣ ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат роиҷ мегардад, роҳи обод ба майдони мушкилот табдил меёбад. Таҷрибаи чанд соли охир гувоҳӣ он аст, ки маҳз такаббури баъзе ронандагон боиси тамбашавӣ (роҳбандӣ), талафи вақт, нороҳатии мусофирон ва халалдор гардидани ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ мешавад.
Қобили зикр аст, ки шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ яке аз масирҳои муҳими стратегии Тоҷикистон буда, пойтахти мамлакатро бо вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои шимолӣ мепайвандад. Ҳамарӯза аз ин роҳ садҳо воситаи нақлиёти сабукраву боркаш, автобусҳо ва дигар намудҳои нақлиёт истифода мебаранд. Ин роҳ на танҳо барои рафтуомади шаҳрвандон, балки барои интиқоли маҳсулот, рушди тиҷорат, таъмини робитаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аҳаммияти калон дорад. Бо вуҷуди ин, мушоҳида мешавад, ки баъзе ронандагон ҳангоми ҳаракат аз тариқи ин шоҳроҳ, хоса дар мавсими сармо одитарин талаботро риоя намекунанд. Дарк намекунанд, ки як амали нодуруст, қарори осемасар ё кӯшиши худхоҳона барои пеш гузаштан аз дигарон боиси халалдор шудани ҳаракати воситаи нақлиёт ва тамабашавӣ (роҳбандӣ) мегардад. Яке аз омилҳои асосии ба вуҷуд омадани тамбашавӣ дар шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ, ки масъулини “IRS” борҳо аз он нигаронӣ кардаанд, ба самти муқобили ҳаракат баромадани баъзе ронандагон мебошад.
Вақте як автомобил ба хатти муқобил мебарояд, воситаҳои нақлиёти самти муқобил маҷбур мешаванд ҳаракатро боздоранд. Дар натиҷа, роҳи ҳар ду самт баста шуда, навбат зиёд мегардад. Ҳолатҳое низ пеш меоянд, ки барои бартараф кардани чунин мушкилот техникаи махсуси роҳнигоҳдорӣ ба ҷойи ҳодиса сари вақт расида наметавонад. Чун ронандагони мутакаббир ҳаракати дигарон маҳдуд месозанд, техникаҳои филиали ширкат низ дар миёни мошинҳо дармемонанд. Барои мисол, дар як минтақа тарма фаромада, барои тоза кардани роҳ техникаи пуриқтидор заруранд. Кормандони “IRS” омодаанд, ки ба ҷойи ҳодиса сафарбар шаванд. Вале дар қитъаи дигар баъзе ронандагон ба самти муқобил баромада, ҳаракатро бастаанд. Дар натиҷа, техникаҳое, ки бояд роҳи бастаро боз кунад, имкони расидан ба он маконро надоранд. Дар ҳоле ки ҳар як дақиқаи таъхир метавонад паёмадҳои ногувор дошта бошад.
Бо назардошти аз минтақаи кӯҳистон гузаштан роҳи Душанбе - Чаноқ махсусият дорад. Ҳангоми сафар тавассути ин масир, хоса дар мавсими сармо ҳолати чархҳо, низоми боздорӣ, аккумулятор, таҷҳизоти зиддилағзиш ва имконияти техникии воситаи нақлиёт бояд ба шароити мавсим мувофиқ бошанд. Махсусан, дар фасли сармо истифодаи чархҳои зимистона ва дар ҳолатҳои зарурӣ занҷирҳои зиддилағзиш аҳаммияти калон дорад. Ҳамчунин, дар қитъаҳои муайяни кӯҳӣ истифодаи автомобили дорои тири пешбар каволати ҳаракати бехатар аст. Мутаассифона, баъзе ронандагон ин омилҳоро ҷиддӣ намегиранд. Бо автомобиле, ки барои ҳаракат дар шароити барфу ях омода нест, ба роҳ мебароянд ва бо автомбили худ ба монеа табдил меёбанд.
Фарҳанги ронандагӣ танҳо донистани аломатҳои роҳ, дуруст идора кардани автомобил ё доштани шаҳодатномаи ронандагӣ нест. Он, пеш аз ҳама, эҳтиром ба ҳаёти инсон, риояи ҳуқуқи дигарон ва дарки масъулияти шахсӣ мебошад. Ронандаи асил бояд дарк намояд, ки дар роҳ фармонраво нест. Ӯ бояд ба дигарон роҳ диҳад, масофаро риоя кунад, дар ҳолатҳои мураккаб оромиро нигоҳ дорад ва ҳеҷ гоҳ дар заминаи худхоҳӣ амнияти дигаронро зери хатар нагузорад. Мутаассифона, баъзе ронандагон чунин тасаввур мекунанд, ки ҳар кӣ бештар пеш гузашт, ҳамон қадар моҳиртар аст. Аммо маҳорати воқеии ронандагӣ дар саросемагӣ ва пешдастӣ нест. Он дар қобилияти дуруст арзёбӣ кардани вазъият, пешгирии хатар ва бехатар расидан ба манзил ифода меёбад. Бояд дарк намоем, ки роҳ майдони рақобат нест. Ронандае, ки ба хатти муқобил мебарояд, шояд мехоҳад аз дигарон пеш гузарад, аммо дар асл садди роҳи садҳо нафар мегардад.
Як идда иддао доранд, ки “чун роҳи Душанбе – Чаноқ пулакӣ аст, бояд 24 соат кушода бошад”. Андешае, ки ба он ҳаргиз наметавон розӣ шуд. Бо назардошти андешаи мазкур, солҳои қаблӣ роҳбарияти филиали Ширкат кӯшиш ба харҷ медод, ки ҳатто дар рӯзҳои бениҳоят номусоид будани вазъи ҳаво, ҳарчанд ҳаёти ронандагону мусофирон зери хатар қарор дошт, ҳаракати нақлият қатъ нагардад. Табиист, ки барои кушода будани роҳ кормандони “IRS” ба маънои томаш ҷонфидоӣ мекунанд ва ба ҳалокат расидани 11 корманди филиали Ширкат ҳангоми иҷрои рисолат шаҳодати ин гуфта аст.
Таҷриба нишон дод, ки ҳарчанд ронандагон бо сарфи назар кардани тавсияи кормандони мо дар мавриди мавҷудияти хавф роҳро убур карданд, вале дар сурати рух додани ҳодисаи нохуш, аз ҷумла зери тарма мондан борони таҳқиру маломат ба сари кормандони “IRS” мерезад. Яъне, бетафовутиву худхоҳии баъзе ронандагон, ки муҷиби асосии ҳодисаи нохуш аст, умуман ёдоварӣ нашуда, аксарият нигаронӣ мекунанд, ки вақте хавф мавҷуд аст, чаро роҳро набастед? Бинобар ин, солҳои охир роҳбарияти филиали Ширкат тасмим гирифт, ки дар ҳолати ба вуҷуд омадани хавф, аз қабили тармафароӣ роҳро муваққатан мебанданд.
Таъкид менамоем, ки ин иқдом ба хотири таъмини бехатари ронандагону мусофирон аст, зеро “IRS”, бо назардошти манфиатовар будан ба ҳеҷ ваҷҳ ҳавасманди қатъ шудани ҳаракати автомобилҳо аз тариқи роҳи мавриди назар нест. Илова бар ибтикори зикршуда, дар роҳи Душанбе – Чаноқ 12 хонаи устои роҳ ташкил шудааст, ки дар онҳо имкони муваққатан ҷойгир намудани ронандагону мусофироне, ки воситаи нақлиёташон нуқси техникӣ пайдо кардааст мавҷуд мебошад.
Ҳадафи иншои мақолаи мазкур танҳо талқини риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ нест. Ҳамчунин, мехоҳем ронандагонро ба иҷрои бечунучарои муқаррароти санадаҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор водор созем. Вобаста ба масъалаи мавриди назар тағйироти ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардидабояд мадди назар бошад. Тибқи муқаррароти санади меъёрии ҳуқуқии зикршуда, барои вайрон кардани талаботи аломатҳои роҳ ва ба вуҷуд овардани монеа ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бозистӣ ҷарима пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, барои баромадан ба самти муқобили ҳаракат бо вайрон кардани талаботи аломатҳои роҳ ҷаримаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар гардидааст.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки аз дар ҳамгироӣ бо кормандони БДА назорати риояи қоидаҳои ҳаракат дар қитъаҳои мушкилгузари шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ тақвият дода шавад. Ҳамзамон, нисбат ба шахсоне, ки бо амалҳои худ ҳаракати нақлиётро халалдор мекунанд ва амнияти дигаронро зери хатар мегузоранд, бетаъхир чора андешида шавад.
