РАМЗИ РАҲОӢ АЗ БУНБАСТ (Нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ ва уфуқҳои нави рушди мамлакат)
.jpg)
Роҳи Душанбе - Чаноқ таҷассуми иродаи созандагӣ, ифодаи зарурати таърихӣ ва натиҷаи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвари азизамон мебошад. Таҷдиди роҳи мазкур ду солро дар бар гирифта, моҳи августи соли 2008-ум ба истифода дода шуд. Бо назардошти нақши боризи ин роҳ ва бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он механизми инноватсионӣ аз рӯйи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии роҳи Душанбе - Чаноқ мавриди амал қарор гирифта, тибқи шартномаи консессионӣ нигоҳдории шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд. Лозим ба ёдоварист, ки интихоби ин ширкат тибқи муқаррароти қонунгузории мамлакат ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, шартномаи зикршударо мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонид. Бо хулоса аз корҳои анҷомёфта метавон гуфт, ки мавҷудият ва фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатовар, тақозои замон буда, маҳз ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони он роҳи Душанбе – Чанок дар ҳолати хуб қарор дошта, рафтуомади мунтазаму бехатари шаҳрвандон тариқи он дар тамоми фаслҳои сол таъмин аст.
Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст. Махсусан, робитаи нақлиётӣ байни Душанбе ва вилояти Суғд дар фасли зимистон ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешуд. Масири мавҷуда аз ағбаи Анзоб мегузашт. Барфрезии зиёд, тармафароӣ ва дигар зуҳуроти табиӣ аксар маврид ҳаракати нақлиётро қатъ мекарданд. Дар натиҷа, робитаи маркази мамлакат бо яке аз минтақаҳои муҳими саноатӣ, кишоварзӣ ва тиҷоратии он маҳдуд мегардид. Ҳамон вақт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо завқу идроки хоси сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ хеле дақиқкорона ин вазъиятро эҳсос намуда, гуфта буданд, ки «… яке аз масъалаҳои мушкили Тоҷикистон роҳ, аниқтараш, бероҳӣ мебошад. Истиқлоли иқтисодиро бе бунёди роҳҳои мошингард, хусусан, роҳҳо ва пулҳое, ки Тоҷикистонро бо дигар мамлакатҳо мепайванданд, тасаввур кардан душвор аст».
Маҳз дар чунин вазъ масъалаи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мазмуни воқеии худро пайдо намуд. Аҳаммияти ҷодаи Душанбе-Чаноқ, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки он ду минтақаи дорои иқтидори бузурги иқтисодиро ба ҳам пайваст намуда, барои ташаккули фазои ягонаи иқтисодии кишвар шароити мусоид фароҳам овард.
Месазад зикр намоем, ки ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули “IRS” вобаста ба нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ имконияти тиҷоратӣ нисбатан васеъ гардид. Интиқоли маҳсулоти саноатӣ, молҳои ниёзи мардум, маҳсулоти кишоварзӣ ва ашёи хом осонтар шуд. Соҳибкорон имкони бештар пайдо карданд, ки маҳсулоти худро ба бозорҳои минтақаҳои дигар пешниҳод намоянд. Ба ғайр аз ин, масири Душанбе - Чаноқ аз минтақаҳои дорои табиати нотакрор, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ мегузарад. Беҳтар шудани шароити ҳаракат, ҳамчунин, барои рушди сайёҳии дохилӣ ва қабули меҳмонони хориҷӣ шароити муносибтар фароҳам овард. Ҳамчунин, сармоягузорӣ тамоюли афзоишро касб намуд. Зеро роҳе, ки нигоҳдориш дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ гардад, яке аз омилҳои муҳими интихоби макони фаъолияти соҳибкорӣ ва бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ мебошад. Ҳар қадар дастрасии нақлиётӣ беҳтар бошад, ҳамон қадар шароити ҷалби сармоя ва рушди истеҳсолот зиёд мегардад. Хоса дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки суръати ҳаракати молу маҳсулот, дастрасӣ ба бозорҳо ва самаранокии логистика ба омилҳои муҳими рақобатпазирии давлатҳо табдил ёфтаанд, аҳамияти чунин роҳҳо рӯзафзун аст. Аз ин лиҳоз, роҳи Душанбе - Чаноқро метавон на танҳо шоҳроҳи байни ду минтақа, балки яке аз пайвандҳои муҳими Тоҷикистон бо муҳити иқтисодии Осиёи Марказӣ арзёбӣ кард.
Моҳияти ҳар як лоиҳаи бузурги инфрасохторӣ дар натиҷае ифода меёбад, ки мардум онро дар зиндагии ҳаррӯзаи худ эҳсос мекунанд. Роҳи Душанбе - Чаноқ низ бо ҳамин хусусият аҳамияти иҷтимоии худро ба маъраз гузошт. Набояд фаромуш кард, ки пештар шаҳрвандон ҳангоми сафар аз шаҳри Душанбе ба вилояти Суғд, махсусан дар фасли зимистон бо мушкилоти зиёд мувоҷеҳ буданд. Акнун шароити ҳаракат ба таври назаррас беҳтар гардидааст. Барои мисол, вақти сафар аз 12 соат то 4 соат коҳиш ёфт.
Дар маҷмуъ, роҳи Душанбе - Чаноқро рамзи раҳоӣ аз бунбаст маҳсуб шуда, нигоҳдории он ва уфуқҳои нави рушди мамлакат бо ҳам тавъаманд. Ин шоҳроҳ далели возеҳи он аст, ки маҳз ба шарофати дурандешӣ ва иродаи қавии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон монеаҳои ҷуғрофӣ ба имконияти нави рушд табдил ёфтанд.
