СОҲИЛ УСТУВОР БОШАД, РОҲ ПОЙДОР АСТ
Нигоҳдории роҳ, хоса роҳи Душанбе – Чанок амали гуногунҷанба мебошад, ки ҳар яке нозукиҳои худро дошта, дар сурати риоя нагардидан пайомадҳои ногувор хоҳад дошт. Соҳилмустаҳкамкунӣ яке аз самтҳои муҳими корҳои муҳандисию муҳофизатӣ дар соҳаи роҳсозӣ ба шумор меравад. Аҳаммияти он махсусан дар кишварҳои кӯҳсор, аз ҷумла Тоҷикистон, ки қисми зиёди роҳҳои автомобилгард аз водиҳои танг, соҳили дарёҳо, доманакӯҳҳо ва нишебиҳои осебпазир мегузаранд, хеле калон аст.
Шояд на ҳама донанд, ки соҳилмустаҳкамкунӣ бо нигоҳдории ҳамарӯзаи роҳ робитаи ногусастанӣ дорад. Аз ин лиҳоз бамаврид аст шарҳ диҳем, ки соҳилмустаҳкамкунӣ чист ва моҳияти он дар чӣ зоҳир мешавад?
Соҳилмустаҳкамкунӣ маҷмуи тадбирҳои муҳандисӣ, сохтмонӣ ва муҳофизатӣ мебошад, ки бо мақсади пешгирӣ кардани эрозия, шуста шудани хок, фурӯравӣ ва дигар равандҳои харобиовари соҳилу канори роҳ амалӣ карда мешаванд.Ин амал бо якчанд самти нигоҳдории роҳ робитаи мустақим дорад. Ҳифзи замини зери роҳ, танзими таъсири об, пешгирии фурӯравии нишебиҳоаз ҳамон ҷумлаанд. Ибтикори мавриди назар на танҳо ҳифзи соҳили дарё ё канори роҳ аз харобшавӣ, балки тадбири муҳими таъмини устувории роҳ ва тамдид кардани муҳлати истифодаи ҷода мебошад. Агар ин кор сари вақт ва бо риояи талаботи муҳандисӣ анҷом дода шавад, эҳтимоли шуста шудани замини зери роҳ, фурӯравии қисматҳои он, осеб дидани иншооти муҳофизатӣ хеле коҳиш меёбад. Соҳилмустаҳкамкунӣ, ҳамчунин, имкон медиҳад, ки на танҳо оқибатҳои офатҳои табиӣ бартараф карда шаванд, балки пеши роҳи харобшавии роҳ гирифта шавад.
Тоҷикистон кишвари кӯҳсор буда, релефи мураккаб, шабакаи густурдаи дарёҳо ва ҷӯйборҳои мавсимӣ, боришоти шадид, селу обхезиҳо ва дигар омилҳои табиӣ ба устувории инфрасохтори роҳ таъсир мерасонанд. Дар чунин шароит, нигоҳдории роҳ, аз ҷумла роҳи Душанбе - Чаноқ танҳо аз таъмири асфалт ва бартараф кардани чуқуриҳо иборат нест. Тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба арзёбии хатарҳои табиӣ дар роҳҳои кишвар, ҳангоми таҳқиқи тақрибан 200 километр беш аз 150 қитъаи дорои нишонаҳои хатар, аз ҷумла тағйирёбии нишебиҳо, афтидани санг, сел ва эрозияи соҳил ошкор гардида буд. Ин маълумот зарурати арзёбии мунтазам ва пешгирии хатарҳоро дар қитъаҳои осебпазири роҳ нишон медиҳад. Аз ин рӯ, соҳилмустаҳкамкунӣ барои роҳҳои кӯҳистонӣ ва қитъаҳое, ки ба дарёҳо наздиканд, на кори дуюмдараҷа, балки ҷузъи муҳими низоми нигоҳдории роҳ мебошад.
Таҷрибаи нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ собит намуд, ки фурӯравии канори роҳ, пайдо шудани тарқишҳо, нишасти замин ва вайрон шудани деворҳои муҳофизатӣ метавонанд барои ронандагон ва мусофирон хатари ҷиддӣ эҷод кунанд. Дар давраи баландшавии сатҳи об, махсусан ҳангоми обшавии барфу пиряхҳо ва боришоти шадид, ҷараёни дарё метавонад ба соҳил фишор оварда, хокро тадриҷан бишӯяд. Агар роҳ дар канори чунин соҳил ҷойгир бошад, замини такягоҳи он осеб мебинад. Агар ҷӯйборҳои канори роҳ баста бошанд ё обпартоҳо иқтидори кофӣ надошта бошанд, об дар канори роҳ ҷамъ шуда, хокро мешӯяд. Бо мурури замон, ин ҳолат ба эрозия, сустшавии заминаи роҳ ва вайрон шудани рӯйпӯши он оварда мерасонад. Ҷамъшавии санг, рег, лой ва партов дар қубурҳои обгузар, ҷӯйборҳо ва зери пулҳо ҳаракати озоди обро маҳдуд мекунад. Дар натиҷа, об аз масири муқаррарӣ берун шуда, метавонад ба соҳил, таҳкурсии роҳ ва худи иншооти роҳ зарар расонад. Ин омилҳо аксар вақт бо ҳам алоқаманданд. Аз ин рӯ, ҳангоми муайян кардани сабаби осеб бояд на танҳо нуқтаи вайроншуда, балки тамоми низоми ҳаракати об ва ҳолати замини атрофи роҳ мавриди омӯзиш қарор гирад.
Чун сухан дар бораи нигоҳдории роҳ равад, бояд дарк кард, ки пешгирии зарар дар бисёр мавридҳо аз барқарор кардани инфрасохтори аллакай харобшуда осонтар ва аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатноктар аст. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкур аҳамияти хоса дорад. Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, гузаронидани мониторинги доимӣ, танзими маҷрои дарёҳо, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза кардани селроҳаҳоро бо мақсади пешгирии хавфи селу обхезӣ ва шуста шудани соҳилҳо муқаррар намудааст.
Пойдории роҳ аз таҳкурсии устувор, соҳили ҳифзшуда ва оби ба маҷрои худ равонашуда оғоз меёбад. Агар дарёи пурталотум ба соҳил зарар расонад, рӯйпӯши асфалтӣ низ осеб мебинад Бинобар ин, дар фаъолияти кормандони “IRS” соҳилмустаҳкамкунӣ маънои фаротар аз кори сохтмониро касб кардааст. Онҳо хуб дарк кардаанд, ки соҳилро мустаҳкам кардан роҳро ҳифз кардан аст, зеро ҳар қадар соҳил устувор бошад, роҳ ҳамон қадар пойдор мемонад ва ҳар қадар роҳ пойдор бошад, имкони ободию пешрафт васеъ мегардад.
