НИГОҲДОРИИ РОҲ (Аз масъулият то иқтидор)

 

Роҳ танҳо масири ҳаракати воситаҳои нақлиёт нест. Роҳ пайванди инсон бо инсон, деҳа бо шаҳр, истеҳсолкунанда бо бозор ва имрӯз бо фардост. Арзиши роҳ на танҳо бо дарозӣ, паҳноӣ ё маблағи барои бунёди он сарфшуда, балки бо назардошти имконияте муайян мегардад, ки он барои зиндагии мардум, рушди иқтисод ва пешрафти ҷомеа фароҳам меорад. Аз ин рӯ, нигоҳдории роҳ на кори мавсимӣ, балки масъулияти доимӣ дар назди давлат, ҷомеа ва наслҳои оянда мебошад.

Сохтори роҳ қабатҳои зербиноӣ, рӯйпӯши роҳ, иншооти обпарто, ҷӯйборҳо, қубурҳо, пулҳо, деворҳои муҳофизатӣ, аломатҳои роҳ, хатҳои уфуқии роҳнамо ва дигар унсурҳои муҳандисиву бехатариро дар бар мегирад. Ҳар яке аз ин ҷузъҳо вазифаи муайян дошта, дар таъмини устуворӣ, дарозумрӣ ва бехатарии роҳ нақши муҳим мебозад. Масалан, агар рӯйпӯши роҳ сифати баланд дошта бошад, вале низоми обпарто дуруст фаъолият накунад, ҷамъшавии об метавонад ба зерқабатҳои  роҳ зарар расонад. Ҳамин тавр, осеби як ҷузъи ба назар хурд метавонад тадриҷан ба мушкилоти ҷиддии муҳандисӣ табдил ёбад.

Аз ин ҷост, ки муносибат ба роҳ бояд муносибати низомманд, илмӣ ва дурбинона бошад. Бунёди роҳ оғози кор аст, на анҷоми он. Пас аз ба истифода супоридани иншоот давраи муҳимтарини дигар - нигоҳдорӣ, ҳифз ва таъмини фаъолияти мунтазами он оғоз мегардад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит кардааст, ки ҳар қадар роҳ бо сифати баланд сохта шавад ҳам, бе нигоҳубини мунтазам бо мурури вақт фарсуда мегардад. Таъсири нақлиёти вазнин, тағйирёбии ҳарорат, боришот, намӣ, офтоб, фаромадани сел, сангрезӣ ва дигар омилҳои табиӣ тадриҷан ба ҳолати роҳ таъсир мерасонанд. Ҳамон тавре Идораи федералии роҳҳои автомобилгарди Иёлоти Муттаҳида таъкид кардааст: “Сари вақт анҷом додани корҳои ҳифзӣ метавонад раванди фарсудашавиро суст намуда, муҳлати истифодаи роҳро дароз ва хароҷоти таъмиру бозсозиро кам кунад”.

Таҷрибаи нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ  собит намуд, ки нигоҳдории роҳ набояд танҳо баъд аз пайдо шудани мушкилоти ҷиддӣ оғоз гардад. Хуб аст, агар нуқсон дар марҳилаи ибтидоӣ ошкор ва бартараф карда шавад.Масалан, тарқиши хурди рӯйпӯши роҳ метавонад дар назари аввал ночиз намояд. Аммо агар тавассути он об ба қабатҳои поёнии роҳ ворид шавад, бо таъсири боришот, ҳаракати нақлиёт ва тағйирёбии ҳарорат осеб тадриҷан васеъ мегардад. Дар чунин ҳолат коре, ки дар оғоз бо таъмири маҳдуд ҳалшаванда буд, метавонад ба таъмири гаронарзиш табдил ёбад. Ин мисол далели он аст, ки пешгирӣ аз бартарафсозии оқибатҳо оқилонатар аст. Роҳро бояд пеш аз он ки хароб шавад, ҳифз кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо релефи асосан кӯҳсор, фарқияти баландиҳои ҷуғрофӣ ва гуногунии шароити иқлимӣ фарқ мекунад. Ин хусусият ба сохтмон, истифода ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард таъсири бевосита мерасонанд. Дар баъзе минтақаҳо, хоса масири Душанбе – Чаноқ  роҳ аз дараҳои танг, нишебиҳои баланд ва қитъаҳои хавфноки кӯҳӣ мегузарад. Дар чунин мавзеъ эҳтимоли сангрезӣ, ярч, фаромадани тарма ва селбениҳоят зиёд аст. Дар фасли зимистон барфу яхбандӣ ҳаракати нақлиётро мушкил гардонида, дар фасли баҳор обшавии барф ва боришоти шадид метавонад ба иншооти обпарто ва устувории нишебиҳо таъсир расонад. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулоса омад, ки механизми инноватсиониро аз рӯйи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии роҳи Душанбе-Чаноқ мавриди амал қарор диҳад ва  тибқи шартномаи консессионӣ нигоҳдории шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ба зиммаи  филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  вогузор шуд. Мехоҳам як нуктаи муҳимро таъкид намоям, ки пули барои истифодаи роҳ пардохтнамудаи аҳолӣ барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад. Давоми фаъолият собит шуд, ки пулакӣ кардани ин роҳ тадбири оқилона буда, пеш аз ҳама, барои беҳдошти ҳолати роҳи стратегии кишвар дахл дорад.

Эътироф бояд кард, ки роҳи мавриди назар то пурра бозсозӣ шудан душворгузар маҳсуб мешуд. Мардум  азобҳои дар роҳҳои пурпечутобу хатарноки Душанбе-Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд, махсусан ағбаи Анзоб кашидаашонро ҳеҷ вақт фаромӯш намекунанд. Мусофирону ронандагон ҳафтаҳо дар Майхӯра ё мавзеи «Ветерок»-и ноҳияи Айнӣ шабҳоро рӯз мекарданд. Аз сабаби зиёд будани теъдоди мусофирон ҳама тавассути тайёра ба шаҳри Хуҷанд рафта наметавонистанд. Ба шаҳри Панҷакенту ноҳияи Айнӣ дар фасли зимистон аз Душанбе ва Хуҷанд рафтуомад  имконнопазир гардида, танҳо ба воситаи шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон имкони ба водии Зарафшон рафтан мавҷуд буд.

Аз ҷониби дигар, вазъи ногувори роҳ боиси он мегардид, ки ронандагон хароҷоти зиёдатӣ намоянд. Бинобар ҳолати ногувори роҳ мошинҳо, сарфи назар аз сабукрав ва ё боркаш будан, зуд – зуд вайрон шуда, боиси нороҳатӣ ва хароҷоти зиёдатӣ мегардиданд. Аз ин рӯ, нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ  хусусияти пешгирикунанда, мавсимӣ ва ҳамзамон фаврӣ касб кардааст. Яъне, омодагӣ ба зимистон бояд пеш аз фаро расидани сармо оғоз мегардад, ҳамчунин, имкони вокуниши фаврӣ ба ҳодисаҳои ғайричашмдошт низ ҳамеша таъмин мебошад.

Дар ин раванд тоза нигоҳ доштани ҷӯйборҳо, қубурҳои обгузар ва дигар иншооти обпарто муҳим мебошад. Вақте ки партов, лой ё сангу шағал роҳи ҷараёни обро мебандад, об метавонад ба рӯйи роҳ баромада, канорҳо ва қабатҳои онро осеб диҳад. Дар минтақаҳои  кӯҳӣ чунин ҳолат метавонад ба шуста шудани қисми роҳ ё вайрон гардидани иншооти муҳофизатӣ боис гардад. Пайдо шудани тарқишҳои нав, афзоиши сангрезӣ ё осеб дидани деворҳои муҳофизатӣ бояд сари вақт пешгирӣ шавад. Аз ин лиҳоз, дар чунин қитъаҳо мушоҳидаи мунтазам, арзёбии муҳандисӣ ва андешидани чораҳои пешгирикунанда зарур ва ногузир аст.

Дар фасли зимистон бошад, тоза кардани барф, коркарди қитъаҳои яхбаста бо маводи зиддилағзиш, назорати ҳолати пулҳо ва гузаргоҳҳо, инчунин, омода нигоҳ доштани техникаи махсус самти афзалиятноки фаъолияти кормандони “IRS” ба шумор меравад. Ҳамчунин, таъмини захираи сӯзишворӣ, маводи зиддилағзиш, таҷҳизоти барфрӯбӣ ва воситаҳои муҳофизатии кормандон низ ҷузъи муҳими  омодагӣ маҳсуб мешавад.

Табиист, ки бунёди роҳ маблағгузории зиёд, истифодаи техникаву мавод ва ҷалби мутахассисони соҳибтаҷрибаро талаб мекунад. Агар баъд аз  ба истифода супоридани иншоот ба ҳолати техникии он таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир нашавад, агар нуқсонҳои хурд сари вақт бартараф нагарданд, эҳтимоли зарурати таъмири асосӣ ё бозсозии пурра меафзояд. Ин раванд на танҳо хароҷотро зиёд мекунад, балки боиси маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёт, таъхири интиқоли бор ва нороҳатии мусофирон низ мегардад.

Хулоса ин аст, ки нигоҳдории роҳро бояд на хароҷоти дуюмдараҷа, балки сармоягузорӣ ба амният, устувории иқтисодӣ ва ҳифзи дороии давлатӣ арзёбӣ намуд.

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо