Табдили масофа ба имконият (Рисолате, ки “IRS” дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ кард)

Роҳ, пеш аз ҳама, масофа аст, вале агар роҳсозӣ раванди муттасил бошаду нигоҳдории он дар сатҳи ҷавобгӯи талабот амалӣ гардад, масофа ба имконият табдил меёбад. Таҷрибае, ки ба шарофати “IRS” дар мисоли нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ шоҳид шудем. Дар кишварамон, ки қисмати аъзами он кӯҳсор мебошад, аҳамияти роҳҳо, хоса роҳи Душанбе – Чаноқ рӯзафзун аст. Ин ҷода на танҳо рафтуомади мардумро осон намуд, балки барои рушди иқтисод, тавсеаи тиҷорат, густариши сайёҳӣ, таҳкими робитаи байни минтақаҳо ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ то андозае мусоидат намуд. Дар ин замина, ҳоло роҳи Душанбе – Чаноқ тадриҷан ба ҷузъи муҳими инфрасохтори иқтисодии мамлакат табдил ёфтааст. Ҳар қадар роҳ обод бошад, ҳамон қадар имкони зиндагӣ, соҳибкорӣ, тиҷорат ва сайёҳӣ васеътар мегарданд. Биноан, моҳияти нигоҳдории роҳ на камтар аз эъмори он аст. Аз лиҳози моҳият роҳи Душанбе - Чаноқ дар ҷисми кишвар шабеҳи шаҳраг аст. Ин масир ҷанубу шимолии мамлакатро мепайвандад ва барои рафтуомади мунтазами шаҳрвандон, интиқоли молу маҳсулот ва тақвияти робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ аҳамияти хос дорад. Аз ин рӯ, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он масъулияти азим дар назди ҷомеа мебошад.
Ин рисолатро филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS) дар сатҳи хубу сифати баланд анҷом дода истодааст. Дар фасли зимистон кормандони IRS барои тоза намудани роҳ аз барф, бартарафсозии тармаҳо, коркарди роҳ бо маводи зиддилағзиш ва таъмини ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёт талош мекунанд. Дар фасли гармо бошад, таъмиру таҷдиди қитъаҳои осебдидаи роҳ, бартарафсозии пайомади сел, лағжиши кӯҳпора, соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза кардани ҷӯйборҳои канори ҷода ва дигар корҳои муҳандисӣ идома меёбанд. Дар фаъолияти “IRS” рақамҳое ҳастанд, ки миқёси корҳои анҷомдодаро бозгӯӣ мекунанд. Тибқи маълумоти нашрнамудаи ширкат, давоми фаъолият зиёда аз 2,5 миллион метри мураббаъ роҳи Душанбе - Чанқ таъмиру таҷдид шуда, барои ин кор қариб 400 ҳазор тонна асфалт истифода гардидааст. Ҳамчунин, барои тақвияти заминаи истеҳсоливу техникии филиали ширкат дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонӣ таъсис дода шудаанд. Тибқи маълумоти манбаъ, дар маҷмӯъ 10 корхона ба фаъолият оғоз кардаанд.
Қобили зикр аст, ки нигоҳдории роҳи кӯҳӣ бе техникаи муосир ва пуриқтидор ғайриимкон аст. Тибқи маълумоти ширкат, барои нигоҳдории роҳи Душанбе -Чаноқ 242 техника ва механизмҳои махсус истифода мешаванд. Барои фаъолияти самаровари онҳо мутахассисон масъул буда, таҳрикбахши ҳар тасмиму амал касбият, таҷриба ва масъулият аст . Аз ин рӯ, устувории фаъолият ва комёб будани тими “IRS”-ро метавон ба пайванди мутахассисони соҳибтаҷриба, техникаву механизми замонавӣ ва идоракунии дуруст рабт дод.
Барои мусофир шояд роҳи барфпӯш танҳо як манзараи зимистона бошад. Аммо барои роҳдор ҳар сантиметри барф метавонад маънои масъулияти навро дошта бошад. Вақте дар масири Душанбе – Чаноқ барфи зиёд меборад, хатари тармафароӣ меафзояд. Замоне, ки ҳарорати ҳаво паст мешавад, яхбандии роҳ метавонад барои ронанда мушкил эҷод кунад. Дар чунин ҳолатҳо масъулиятшиносии кормандони IRS аҳамияти хоса касб мекунад. Онҳо бояд сари вақт барфи роҳро тоза кунанд, онро бо маводи зиддилағзиш коркард намоянд ва бетаъхир барои рафъи оқибатҳои тарма ва дигар падидаҳои табиӣ чора андешанд. Маҳз ҳамин гуна корбарӣ имкон фароҳам овардааст, то ҳаракати нақлиёт дар масир мунтазаму бехатар гардад.
Ҳар мошини боркаш, ки аз ҷануб ба шимоли мамлакат ё баръакс ҳаракат мекунад, моҳиятан ҷузъе аз низоми иқтисодии кишвар аст. Тавассути он маҳсулот, ашёи хом, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар молу маҳсулот интиқол меёбанд. Воситаҳои нақлиёти мусофиркашу сабукрав низ ҳазорон рамзу ҳикмати зиндагиро бо худ мебаранду меоранд.
Тибқи маълумоти “IRS”, шумораи кормандони филиали ширкат аз 24 нафар дар соли 2009 ҳоло ба 872 нафар расидааст ва бо шарофати фаъолияти ширкат дар масири Душанбе - Чаноқ зиёда аз 5000 нафар манбаи даромад доранд. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки роҳ қодир аст ба эҷоди ҷойҳои корӣ, рушди хизматрасонӣ ва тавсеаи соҳибкорӣ низ такон бахшад. Аз ин лиҳоз, аҳамияти нигоҳдории ҷодаи Душанбе - Чаноқ фаротар аз таъиноти роҳ буда, ҷанбаҳои иқтисодию иҷтимоӣ низ дорад.
Фаъолияти ширкати мазкур нишон дод, ки кормандони он дар нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ ба маънои том масъулиятшиносанд. Шоҳид будем, ки солҳои қаблӣ, дар рӯзҳое, ки тармафароӣ бениҳоят зиёд буд, вазъият нисбатан мураккаб гардид. Ҳатто даҳҳо километр зери тарма монд. Баландии баъзе тармаҳо то 35 метр ва паҳноӣ то 540 метр расид. Новобаста аз ин, роҳи мазкур доим боз ва ҳаракати нақлиёт таъмин аст. Бо истинод ба ин ронандагону мусофирон эътироф карданд, ки воқеан ҳам роҳи Душанбе – Чанок дар симои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳбони боэътимод дорад. Ин корҳоро нодида гирифтан беинсофӣ аст.
Муҳимтар аз ҳама, давоми фаъолият мардум боварӣ ҳосил намуданд, ки пули барои истифодаи роҳ пардохтнамуда барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад. Дар ин муддат собит шуд, ки пулакӣ кардани ин роҳ тадбири оқилона буда, пеш аз ҳама, барои беҳдошти ҳолати роҳи мавриди назар дахл дорад. Хулоса ин аст, ки “IRS” дар иҷрои рисолат - нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ комёб аст ва маҳз ҳамин омил боис гардидааст, ки назари мардум нисбат ба он тамоюли мусбатшавиро касб намояд.
