Тавонмандиву масъулиятшиносии «IRS» (Далеле, ки собитшудаву бебаҳс аст)

Фасли зимистон барои масъулини нигоҳдории роҳ, хоса роҳбарият ва кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” озмоиши ҷиддии масъулият маҳсуб мешавад. Шоҳид ҳастем, ки дар мавсими сармо кормандони IRS шабонарӯзӣ роҳро бо маводи зиддилағзиш коркард, ҳазорҳо тармаро бетаъхир бартараф месозанд, автомобилҳои дар роҳ дармондаро ба макони амн интиқол медиҳанд, мусофиронро муваққатан дар хонаҳои устоҳои роҳ ҷойгир карда, ба ронандагону мусофирон ройгон ғизо тақсим мекунанд.
Барфи сафед, ки барои чашми инсон манзараи зебо меофарад, барои роҳнигоҳдор имтиҳон ва марҳилаи санҷиши омодагиву таҷриба мебошад. Дар чунин шароит техникаву механизм бояд омода, маводи зарурӣ дастрас ва кормандон беш аз пеш масъулиятшинос бошанд. Ҳама хуб медонанд, ки роҳи Душанбе–Чаноқ аз минтақаҳои кӯҳии дорои релефи мураккаб мегузарад ва нигоҳдории он заҳмати пайваста ва хараҷоти зиёдро тақозо мекунад. Аз ҷумла, коркарди мунтазам роҳ бо маводи зиддилағзиш, сари вақт бартараф намудани тармаҳо кори саҳлу сода набуда, дар аксар маврид ҷонфидоиро тақозо менамояд. Бамаврид аст ёдовар шавем, ки давоми фаъолият 11 корманди филиали ширкат ҳангоми иҷрои вазифаи хеш (бартарафсозии тармаҳо) ҳалок шуданд.
Баробари дигар омилҳо, дар фаъолияти «IRS» омодагӣ ба мавсими сармо бениҳоят муҳим ба шумор меравад. Ҳадафи ин амал, қабл аз ҳама, тадбирандешии бетаъхир вобаста ба бориши барфу тармафароӣ пешгирии басташавии роҳ ва таъмини ҳаракати бехатар аст. Дар кишвари кӯҳсор нигоҳдории роҳ кори осон нест, хоса роҳи Душанбе – Чаноқ. Ин ҷода аз минтақаҳое мегузарад, ки дар он барфи зиёд, тарма, боронҳои шадид, сел, сангфароӣ, лағжиши кӯҳпора ва дигар зуҳуроти табиӣ зиёданд. Аз ин рӯ, чунин масир бояд пайваста назорат шавад, нуқсонҳои он сари вақт ошкор ва бартараф гарданд, техникау механизм доимо омода бошанд ва дар ҳолатҳои фавқулода кормандон бетаъхир ба маҳали ҳодиса расанд.
Бо истинод ба нишондиҳандаҳои фаъолият метавон гуфт, ки роҳбарияти "IRS" масъулиятшинос, кормандонаш соҳибкасбу заҳматпеша, пойгоҳи техникиаш пурқувват, фаъолияти корхонаҳои таъсисёфта муназзам, равобит бо шарикон густурда ва дар ҷодаи рушд собитқадам аст. Агар дар фасли гармо таъмиру таҷдиди роҳҳо ва беҳтар намудани зербино меҳвари фаъолияти роҳнигоҳдорон бошад, дар зимистон ин масъулият тамоюли дигар касб мекунад. Дар ин мавсим мубориза бо тарма, бориши барфу яхбандӣ ва дигар ҳолатҳо ба самти афзалиятноки фаъолият табдил меёбад.
Табиист, ки омодагӣ ба зимистон аз пешбинӣ кардани ҳар гуна ҳолати эҳтимолӣ оғоз меёбад. Аз ин рӯ, дар ширкати зикршуда ба ҳолати техникии мошину механизмҳо, захираи сӯзишворӣ ва маводи зиддилағзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Айни ҳол 242 техникаву механизм барои фаъолияти пурмаҳсул дар мавсими сармо омодаанд. Ин рақам танҳо нишондиҳандаи оморӣ нест. Дар паси ҳар як мошину механизм масъулият ва заҳмати кормандоне меистад, ки новобаста аз мушкилоти фасли тирамоҳу зимистон барои боз нигоҳ доштани роҳи Душанбе – Чаноқ пайваста талош мекунанд.
Чун солҳои қаблӣ имсол низ захираи сӯзишвории дизелӣ ва маводи зиддилағзиш барои намояндагиҳои филиали ширкат ба миқдори зарурӣ таъмин гардида, ин раванд идома дорад. Лозим ба ёдоварист, ки ҳамасола барои мавсими тирамоҳу зимистона зиёда аз 1 миллион литр сӯзишворӣ ва қариб 20 ҳазор тонна маводи зиддилағзиш захира мегардад. Ҳамзамон, кормандон бо сару либоси зимистона таъмин гардида, барои фароҳам овардани шароити муносиб дар нуқтаҳои корӣ ангишт ва ҳезум ба миқдори зарурӣ захира шудааст.
Роҳнигоҳдорӣ фаъолиятест, ки натиҷаи он бештар дар лаҳзаҳои нисбатан душвор эҳсос мешавад. Вақте мусофир бе мушкил ба манзил мерасад, шояд дарк накунад, ки пеш аз убури ӯ роҳ чанд маротиба аз барф тоза, бо маводи зиддилағзиш коркард шуда, ҳолати он мунтазам зери назорат қарор дорад. Баста шудани роҳ метавонад интиқоли маҳсулотро ба таъхир андозад, фаъолияти соҳибкориро халалдор созад ва рафтуомади мардумро мушкил намояд. Вақте роҳ баста мешавад, ҳар дақиқа аҳамият пайдо мекунад. Шоҳид будем, ки дар рӯзҳои пурборише, ки тармафароӣ бениҳоят зиёд буд, дар қисматҳои баландкӯҳи масир вазъият хеле мураккаб гардид. Ҳатто даҳҳо километр зери тарма монда буд. Баландии баъзе тармаҳо то 35 метр ва паҳноӣ то 540 метр расида буд. Ин рақамҳо барои хонанда шояд танҳо омор намоянд. Аммо барои кормандони «IRS» бартарфсозии ҳар як тарма мубориза бо табиат, сарфи вақт ва имкон барои ба маъраз гузоштани масъулият аст.
Аз ин лиҳоз, дар ҳолати баланд шудани хавфи тармафароӣ ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд карда мешавад. Зеро баъзан бастани муваққатии роҳ на маънои маҳрум кардани мардум аз ҳаракат, балки тасмими қатъӣ баҳри ҳифзи ҳаёти онҳоро дорад. Бо вуҷуди ин, шоҳидем, ки роҳи Душанбе - Чанок доимо кушода аст. Танҳо дар сурати мавҷуд будани хавфи тармафароӣ ва барои ба вуҷуд наомадани тамбашавии воситаҳои нақлиёт муваққатан ҳаракати воситаҳои нақлиёти притсепдор ва “фура”-ҳо боздошта мешавад.
Далели дигари масъулиятшиносӣ дар мавсими зикршуда мунтазам дар маҳалли тармафароӣ қарор доштани роҳбарияти “IRS” маҳсуб мешавад. Соли гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори таваҷҷуҳбарангезе пахш шуд. Ин навор дар баробари он ки даҳшату шаҳомати тармафароиро нишон медиҳад, ҳамзамон собит намуд, ки масъулину кормандони IRS аксар маврид бо баҳои ҷон рисолати хешро иҷро менамоянд. Дар он лаҳзаи аз тарма ҷон ба саломат бурдани директори филиали ширкат ва дигар масъулин инъикос шуда буд. Ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ бениҳоят пурбинанда гардида, шаҳрвандон ба масъулиятшиносии роҳбарияти “IRS” баҳои баланд доданд. Ин омил бори дигар собит менамояд, ки роҳнигоҳдорӣ дар баробари масъулият, бо ҷасорату садоқат низ бояд тавъам бошад.
Қобили зикр аст, ки нишондиҳандаҳои омодагӣ ба мавсими зимистон нисбат ба солҳои қаблӣ тамоюли афзоиш дошта, ин раванд имконияти филиали ширкатро барои нигоҳдории роҳ бештар менамояд. Дар иртибот ба ин масъала бояд дарк намуд, ки зимистон фасли пешгӯинашаванда аст. Ҳеҷ кас наметавонад бигӯяд ва ягон дастгоҳ қодир нест дақиқ намояд, ки бориши барф чӣ қадар мешавад ё чанд тарма мефарояд? Аммо метавон ба ин имтиҳони табиат омода шуд. Омодагии тими «IRS» ба зимистон ҷанбаи доманадор буда, дар ин раванд бехатарии рафтуомад, ғанӣ гардидани бозор, фаъолияти мунназами корхонаҳои муқтадири саноатӣ, таъмини манзили мардум, хоса сокинони пойтахт бо гармӣ аҳдофи асосианд. Табиист, ки омодагӣ ба маввсими мавриди назар, пеш аз ҳама, ба тавонмандӣ рабт дорад. Аз далелу рақамҳо бармеояд, ки «IRS» дар тамоми фасли сол барои дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро намудани вазифаҳои тибқи шартномаи консессионӣ бо Ҳукумати мамлакат ба зиммааш вогузорбуда комилан тавонманд аст.
Техникаву механизми доимо омода, захираи кофии сӯзишворӣ ва маводи зиддилағзиш, шароити муносиби корӣ ва масъулияти баланди кормандон ин ҷанбаро ба сипари боэътимод дар муқобили махсусияту мушкилоти зимистон табдил додааст.
