ШАРОФАТИ ИСТИҚЛОЛ (Масофа ба имконият табдил ёфт)

 

 

Моҳияти роҳ гуногунҷанба буда, ба ҳеҷ ваҷҳ  набояд онро як хати ҷуғрофӣ ё масири ҳаракат аз як нуқта ба нуқтаи дигар арзёбӣ кард. Ба таъбири Пешвои миллат, «калимаи «роҳ» дар фарҳангҳои тафсирӣ ба маънои «ростӣ» низ меояд ва ибораҳои «роҳи рост» ва «роҳи сафед», ки асосан покиву накукорӣ ва дуои некро ифода месозанд, дар адабиёти фарҳангофарину тамаддунсози тоҷикон собиқаи чандинҳазорсола дорад. Бинобар ин, роҳсозиву роҳкушоӣ дар ҳама давру замон нишонаи рушди мамлакат, пайвандгари фарҳанг ва маданияти ҳамон насл ба ҳисоб меравад».

  Бо назардошти саҳми бориз дар ҳаёти башарият маънии он фарогир шуда, бо на танҳо сарзаминҳо, балки тақдир, фарҳангҳо ва тамаддунҳоро ба ҳам мепайванданд. Бо истинод ба маъхазҳои таърихӣ метавон роҳро пайвандгари тамаддунҳо номид. Барои мисол,  роҳи бузурги абрешим исбот кард, ки роҳҳо боиси мубодилаи илм, фарҳанг ва дигар арзишҳо мегарданд. Рушди дилхоҳ кишвар дар баробари дигар омилҳо, ба роҳҳо пайванди ногусастанӣ дошта, бесабаб  “ҳама ободиҳо аз роҳи хуб” намегӯянд. Аз роҳ шаҳр ба деҳа, бозор ба истеҳсолкунанда, кӯҳистон ба водӣ ва имрӯз ба фардо мепайвандад. Таърихи ҳар миллатро метавон аз рӯйи роҳҳои он низ хонду рушди ҳар кишварро аз рӯйи сифати роҳҳояш арзёбӣ кард. Роҳ, пеш аз ҳама, масофа аст, вале агар роҳсозӣ раванди муттасил бошаду дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ гардид, масофа ба имконият табдил меёбад. Таҷрибае, ки дар ҷумҳуриамон шоҳид шудем. Дар кишвари азизамон, ки  қисмати аъзами он кӯҳсор мебошад, аҳамияти роҳҳо рӯзафзун аст. Роҳҳои хубу бехатар на танҳо рафтуомади мардумро осон мекунанд, балки барои рушди иқтисод, тавсеаи тиҷорат, густариши сайёҳӣ, таҳкими робитаҳои байни минтақаҳо ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ замина фароҳам оварданд. Дар ин замина, ҳоло  роҳҳои Тоҷикистон тадриҷан ба як ҷузъи муҳими инфрасохтори иқтисодии мамлакат табдил ёфтаанд.  

 Аз имконияти мавриди назар тамоми қишрҳои ҷомеа бархӯрдоранд.  Моҳияти иҷтимоӣ ва иқтисодии ин ҷодаҳо  ҳоҷат ба шарҳу тавзеҳ надошта, аз ин лиҳоз онҳоро дар ҷисми кишвар шабеҳи шоҳраг медонанд. Иқтисод ҳаракатро талаб мекунад. Маҳсулот бояд аз истеҳсолкунанда ба бозор расад, ашёи хом ба корхона интиқол ёбад ва молу хизматрасонӣ миёни минтақаҳо гардиш кунад. Агар роҳҳо душворгузар бошанд, арзиши интиқол зиёд шуда, имконияти иқтисодӣ маҳдуд мегарданд.Ҷанбаи муҳими дигар имкони сайёҳ барои дидани гӯшаҳои зебои кишвар. Тоҷикистон сарзамини кӯҳҳои баланд, дараҳои зебо, кӯлҳои мусаффо ва манзараҳои нодири табиӣ мебошад. Аммо зебоии табиат танҳо дар сурате метавонад ба рушди пайвастаи гардишгарӣ мусоидат кунад, ки дастрасӣ ба онҳо нисбатан осон бошад. Дар ин самт  низ роҳ нақши калидӣ дорад. Сайёҳ ба маконе меравад, ки ба он расидан бемашаққат ва бехатар бошад. Аз ин рӯ, беҳтар шудани ҳолати роҳҳо метавонад барои рушди сайёҳии дохиливу хориҷӣ шароити бештар фароҳам оварад. Роҳҳои хуб ба сокинону сайёҳон шароит фароҳам месозанд, то Тоҷикистонро на танҳо фосилавиву маҷозӣ, балки бо чашми худ тамошо намоянд.

 Шоҳиди он будем, ки бар асари бенизомию нобасомониҳои солҳои 90 – уми асри ХХ кори нақлиёт, ҳолати роҳҳо, пулҳо ва иншооти дигар фалаҷ шуда буд. Аксари инфрасохтори нақлиётӣ корношоям гардида, роҳҳои асосии мошингард ҳолати харобу ҳузнангез доштанд. Ба хотири расидан ба Ваҳдату миллӣ ва барқарорсозии иқтисоди кишвар, пеш аз ҳама, таъмини рафтуомад ва робита зарур буд. Ҳанӯз дар ҳамон вақт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо завқу идроки хоси сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ хеле дақиқкорона ин вазъиятро эҳсос намуда, гуфта буданд, ки «… яке аз масъалаҳои мушкили Тоҷикистон роҳ, аниқтараш, бероҳӣ мебошад. Истиқлоли иқтисодиро бе бунёди роҳҳои мошингард, хусусан, роҳҳо ва пулҳое, ки Тоҷикистонро бо дигар мамлакатҳо мепайванданд, тасаввур кардан душвор аст». Биноан, Пешвои миллат аҳли кишварро бо азми қатъӣ ба сохтмону созандагӣ, эҳёи роҳу пулу иншооти инфрасохтори роҳдорӣ, ободониву бунёдкорӣ дар ҳама соҳаҳо, пеш аз ҳама, дар соҳаи роҳу нақлиёт даъват карда, Ҳукумати кишварро муваззаф намуданд, то ҷиҳати бунёди инфрасохторе, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ мебарорад, тадбирҳои зарурӣ андешад.  

Роҳбари давлат бо қатъият иброз доштанд, ки «ҳадафи асосии Ҳукумат бо бунёду сохтмон ва таҷдиди роҳҳо, туннелу пулҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон ва аз тариқи онҳо дар байни тамоми минтақаҳои мамлакат фароҳам овардани робитаҳои нақлиётӣ, инчунин ба як қаламрави воҳид табдил додани Ватани  азизамон мебошад». Чун самтҳои дигар дар роҳсозӣ низ комёбем. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо Тоҷикистони сепорча ба қаламрави воҳид табдил ёфт, яъне, робитаи заминии байни ҳамаи минтақаҳои он дар чор фасли сол таъмин гардид. Пайгирии масъала собит намуд, ки дар олам кам  роҳе вуҷуд надорад, ки мисли роҳҳои давлати мо иншооти зиёд дошта бошад. Дидани роҳ, пулҳои бузург, долонҳои зиддитармавӣ ҳатман касро водор месозад, ки биандешад. Биандешад ва мутмаин гардад, ки  роҳсозӣ низ яке аз соҳаҳои санъат мебошад.

Бо ин роҳу иншооти марбут ба он  метавон ифтихор кард. Кӯҳҳои бузургу бас баландро шикофтанду роҳ сохтанд. Дарозтарин нақбҳои кишвар мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар болои дарёҳо пулҳои бузургу замонавӣ сохта шуд. Шоҳкориҳои мазкур моро водор менамояд, ки иқтидори инсонро бори дигар бештару беҳтар эътироф созем.  Дар ин маврид гузашта низ пеши назар меояд. Роҳҳои харобу ранҷҳои беҳисоб, шукр, ки пушти сар шуданд. Кунун одамон ба дидори ҳамдигар бе мушкилӣ мерасанд. Ин ҳамаро, албатта, бояд шукр гуфт. Ва эътироф бояд намуд, ки ин дастовардҳо ба шарофати  истиқлолият моро насиб гардид.

   Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон дар доираи 59 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи тақрибан 24 миллиард сомонӣ 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби автомобилгард ва 219 километр роҳи оҳан сохтаву ба истифода дода шуд.

 Далелҳои тасдиқкунандаи ин гуфта бениҳоят зиёданд, вале  бо овардани чанде аз онҳо иктифо мекунем. Соли 2025-ум дар доираи лоиҳаҳои зикршуда ба маблағи умумии зиёда аз 5,4 миллиард сомонӣ 236 километр роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиёти мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ бунёдгардида ба истифода дода шуданд. Роҳҳои Обигарм – Нуробод ва Роғун ба дарозии умумии 87 километр, 109 километр роҳи Қалъаихумб – Ванҷ, 40 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд, 30 пули хурду бузург, 5 нақб ва 6 долони зидди тарма ба дарозии 13 километр аз ҷумлаи иншооти зикршуда мебошанд. Ҳамон сол, инчунин, сохтмони пули калонтарин дар кишвар аз болои обанбори Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба дарозии 920 метр ва 3 пули мошингузар ба дарозии 368 метр оғоз гардид, ки маблағи умумии онҳо 900 миллион сомониро ташкил медиҳад. Соли равон сохтмону азнавсозии 300 километр роҳҳои мошингарди байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ба маблағи умумии 3 миллиард сомонӣ оғоз гардид. Роҳҳои Ваҳдат – Обигарм 70 километр, Гулистон – Кӯлоб 33 километр, Хоруғ – Роштқалъа 39 километр, Мурғоб – Кулма 67 километр, Балҷувон – Сари Хосор 55 километр, Хистеварз – Конибодом (Арка) 10 километр, 11 километр роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб ва 5 пули мошингард дар роҳи Лаби Ҷар – Сангвор аз ҳамон ҷумлаанд.

Нигаҳдориву ободонии роҳҳо танҳо ба зоҳир намудани таваҷҷуҳ  шоҳроҳҳо маҳдуд нашуда, дар доираи барномаҳои рушди деҳот, бо саҳми соҳибкорон ва сокинони ватандӯст, таъмири роҳҳои маҳаллӣ вусъат ёфт. Қобили зикр аст, ки тайи се соли охир дар кишвар беш аз 3 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла 2,6 ҳазор километр аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ бунёду таҷдид гардида, ҳоло ин иқдоми нек бомаром идома дорад. Бамаврид аст ёдовар шавем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳимматбаландии соҳибкорону сокинони ватандӯстро барои бунёду таъмири роҳҳо амали ватандӯстона номида, қайд карданд, ки афроди алоҳида маблағҳои барои адои ҳаҷ ҷамъкардаи худро барои таъмири роҳҳо масраф карданд, ки кори савоб мебошад. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ хеле кам воқеъ мегардад, ки кишвари рӯ ба инкишоф  дар чунин муддати кӯтоҳ аз бунбасти коммуникатсионӣ  раҳо шуда, ба шарофати  бунёди босуръати ҷодаҳо ба чорроҳаи муҳими транзитии минтақавӣ  мубаддал гардад.

Лоиҳаҳои дар соҳаи роҳу нақлиёт амалигардида боис гардиданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо дар зарфи ду соли охир бист зина боло рафта, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлат зинаи панҷоҳумро ишғол намуд. Муҳим он аст, ки корҳои амалигардида ҳадди ниҳоӣ набуда, ҷиҳати васеъ намудани ҷуғрофияи ҳамлу нақли молу маҳсулот, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани мамлакатамон солҳои минбаъда бунёди боз 1500 километр роҳҳои мошингарди сатҳи байналмилалӣ дар назар аст. Агар ба таърихи рушди давлатҳо назар андозем, мутмаин хоҳем гашт, ки  пешрафт  ба бунёди роҳҳо сахт иртибот дорад. Доир ба саҳми роҳҳо Пешвои миллат барҳақ фармудаанд: «Роҳ василаи асосии робитаи байни мардумон, шаҳрҳо ва кишварҳост. Роҳи хуб на танҳо ҳаракатро осон мекунад, балки рушди иқтисод, тиҷорат, сайёҳӣ ва зиндагии шоистаи мардумро таъмин месозад». Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва азми қавиву нияти неки Пешвои миллат роҳсозӣ дар кишварамон ба марҳилаи сифатан ворид гардида,   рукни асосии бунёдкориро ташкил медиҳад. Хеле муҳим аст, ки дар ин замина  роҳсозӣ  дар Тоҷикистон аз як мафҳуми одӣ ба омили таҳкимбахши  ваҳдати миллӣ ва рушди устувор табдил ёфт.

Илова ба ҷанбаҳои зикршуда роҳҳо, инчунин, қомуси созандагии замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон маҳсуб мешаванд. Ҳар километри роҳи нав, ҳар пуле, ки ду соҳилро ба ҳам мепайвандад ва ҳар нақбе, ки кӯҳро рахна мекунад, гувоҳи он аст, ки иродаи қавӣ қодир аст, ки кулли  монеаҳоро рафъ ва ҷодаи паймуданаш тасаввурнопазирро ба роҳи пешрафт табдил диҳад.  Роҳсозӣ, дар ниҳояти кор, сохтани фардост. Далелу рақамҳои мақола аз дастовардҳои марбут ба ин бахш қатре аз баҳр буда, гувоҳи онанд, ки зери роҳбарии фарзонфарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори фардои боз ҳам дурахшонтар собитқадамем.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо