БУНЁДИ ШОҲРОҲҲО ВА ЯКПОРЧАГИИ МАМЛАКАТ

 

Пеш аз солҳои соҳибистиқлолӣ шароити душвори географию релефи кӯҳӣ ва номусоидии вазъи ҳаво дар минтақаҳои душворгузар на ҳамеша имкон медоданд, ки шаҳрвандони мамлакат  бо мақсади баровардани эҳтиёҷоти худ аз як минтақа ба минтақаи дигар сафар намоянд. Хушбахтона,  дар даврони соҳибистиқлолӣ   бо бунёду навсозии роҳҳо, ин мушкилиҳо рафъ гардида, сокинон метавонанд ба дилхоҳ гӯшаи дурдасти ҷумҳурӣ, бе хавфу хатар, сафар намоянд. Ин ҳама аз файзи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  пойдории сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ аст, ки имкон додааст дар фазои орому осуда  роҳу нақбҳои муосир бунёд шаванд. Ҳамзамон, дар ин раванд якпорчагии кишвар ва ваҳдати воқеии мардум ба вуҷуд омад.

Дар баробари андешидани тадбирҳои мушаххас баҳри таъмини сулҳу оромӣ ва ба ҳам овардани мардуми парешони тоҷик, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини рушди устувори сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ Сарвари давлат талош намуданд, ки Тоҷикистонро ба як кишвари воҳид табдил диҳанд. Азми қавӣ ва нияти неки Пешвои миллат буд, ки раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ дар даҳсолаи аввали соҳибистиқлолӣ ба яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон табдил ёфт.

Тавре медонем, кишвари Тоҷикистон, ки 93 дарсади қаламрави онро кӯҳистон ташкил медиҳад, ба се қисмат - Бадахшон, Суғд ва марказу ҷануб ҷудо шуда, ҳамасола то шаш моҳ рафтуомад байни ин гӯшаҳои диёр имконнопазир буд. Барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва татбиқи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи роҳу нақлиёт Парлумони кишвар 12-уми декабри соли 1997 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» ва кодексу стратегияҳои дигарро қабул намуд, ки барои амалӣ сохтани ин ҳадафи калидӣ нақши бориз гузошт. Ҳамин тариқ, пас аз соли 1997 бо ҷидду ҷаҳд, ташаббус ва иродаи матину иқдомҳои бисёр ҳам ҷиддии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ аз афсона ба ҳақиқат табдил дода шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат бо мақсади бартараф намудани мушкилоти мавҷуда аз соли 2000 татбиқи стратегияи махсуси рушди комплексии соҳаи нақлиётро оғоз намуд, ки дар солҳои минбаъда самараи хуб ба бор овард. Дар ин давра бо 34 давлати хориҷӣ вобаста ба рушди соҳаи нақлиёт созишномаҳои дуҷониба ба имзо расиданд. Инчунин, барои рушди равобити байналмилалии Тоҷикистон дар самти нақлиёти автомобилӣ 12 конвенсия ва созишномаҳои байналмилалӣ ба имзо расид, ки ба ҳамлу нақли байналмилалӣ мусоидат намуда истодаанд.

 Президенти  кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 21 декабри соли 2021 дастовардҳои бист соли охири соҳаи нақлиётро таҳлил карда, аз ҷумла, иброз доштанд, ки «Барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар сохта, ба истифода дода шуд».

  Бо талошу ташаббусҳои хастанопазири Пешвои миллат давлати мо соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ноил шуда, Тоҷикистони сепорча ба як мамлакати воҳид табдил ёфт. Ҳамзамон, тариқи долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани он таъмин гардид ва ҳама мушкилоту тангдастиҳои соҳа моли таърих гардид. Рақамикунонии хизматрасониҳои нақлиётӣ - логистикӣ ба баландбардории иқтидори рақобатпазирии ширкатҳои дар бозорҳои милливу байналмилалӣ амалкунанда таъсири амиқ мегузорад. Дар низоми иқтисодӣ нақлиёт яке аз соҳаҳои калидӣ ба ҳисоб рафта, бе роҳу нақлиёт гардиши савдо ғайриимкон аст. Самараи гузариши соҳаи нақлиёт ба низоми рақамикунонӣ, пеш аз ҳама, имкон медиҳад, ки аз ҳисоби гардиши электронии ҳуҷҷатҳо ва аз низоми зеҳнии нақлиётӣ инфрасохтори сифатнок ва бехатарии роҳ таъмин гардида, ҳаҷми боркашонии автомобилӣ байни минтақаҳои ҷумҳурӣ ва роҳҳои алоқаи байналмилалӣ афзояд. 29 октябри соли 2024 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар сохтори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт», озмоишгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» ва Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Акнун бо амалӣ шудани низоми мазкур имкон фароҳам гардид, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар дурдасттарин минтақаҳо низ танзим шаванд. Бо истифода аз чунин низоми муосири соҳаи роҳу нақлиёт то кунун аз 5567,8 км роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидоштаи қаламрави кишвар 5266,3 км ё 94,5 фоиз маълумот вобаста ба дороиҳои роҳҳои автомобилгард ҷамъоварӣ шудааст.

 Ҳамин иқдомоту дастовардҳо буданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи арзёбии созмонҳои ҷаҳонӣ соли 2024 аз ҳисоби нишондиҳандаи сифати роҳҳо зинаи баландро ишғол намуд.Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «Бо таҷдиду навсозии роҳҳои мошингард давоми панҷ соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мавқеи роҳҳо дар байни 165 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда аз зинаи 50 ба 44-ум баромада, нисбат ба солҳои қаблӣ 6 зина баланд гардид.Албатта, ин ҳама дастовардҳои шоён ҳамагӣ самараи талошу заҳматҳои хастанопазири фарзанди фарзонаи миллат, абармарди олами сиёсат, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ин ҳама самараи татбиқи он сиёсати бобароре маҳсуб мешаванд, ки аз кору пайкори созандаи Сарвари давлатамон маншаъ гирифта, имкон фароҳам намуд, ки идеалҳои дар зеҳну қалби мардум нуҳуфта ба воқеият табдил ёбанд.

   Муҳимият ва зарурияти нақлиёти автомобилӣ чун ҷузъи таркибии низоми ягонаи коммуникатсионии мамлакат, ки аз ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва вазъи кӯҳсори кишвар бармеояд, масъалаи роҳкушоиро дар радифи стратегияи аввалиндараҷаи давлатӣ қарор додааст.

Маҳз ба шарофати  нақлиёти автомобилӣ робита  байни  манотиқи мухталифи кишвар таъмин гардида, бор ва мусофирон бо усули «аз дар ба дар» кашонида мешаванд. Тармиму таҷдиди роҳ ва инкишофи зерсохтори низоми коммуникатсионӣ густариши алоқаҳои иқтисодии  байни  манотиқи кишварро таъмин намуда, на танҳо ба ташаккулу рушди иқтисоду бозори миллӣ, балки ба пайвастшавии он бо иқтисоду бозори ҷаҳонӣ мусоидат намудааст. Ҳамзамон, дар ин раванд якпорчагии кишвар ва ваҳдати воқеии мардум ба миён омаданд. Ин равандҳо, дар асл, ҳосилаи сиёсати роҳкушоии давлат ва рушди нақлиёти автомобилӣ мебошанд. Воқеан ҳам, бунёди коммуникатсияи нақлиётӣ, таҷдиду сохтмони роҳҳои автомобилгард чун ҷузъи марказии низому инфрасохтори коммуникатсионии кишвар ва яке аз масъалаҳои заминавии даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва тақозои иқтисоди миллӣ мебошад. Роҳҳо ва дар ин замина нақлиёт мисли «рагҳои хунгард» дар инкишофи ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар нақши муҳим доранд.

Нақлиёти автомобилӣ нисбат ба дигар намудҳои нақлиёт якчанд сифатҳои фарқкунанда дорад. Вай чун зернизоми мобилӣ қобилият дорад фавран ба талаботи рӯзмарраи боркашонии амволу мусофирон мутобиқ гардад. Дар боркашонии маҷмӯӣ, ки бо иштироки дигар шаклҳои нақлиёт сурат мегирад, нақши махсуси миёнаравӣ ва мутобиқ шудан ба ба шароитҳои гуногунро мебозад, зеро костагию норасоиҳои дигар намудҳои нақлиёт (ҳавоӣ, роҳи оҳан ва ғайра)-ро бартараф ва ё рӯйпӯш менамояд.

Воқеан ҳам, нақлиёти автомобилӣ алоқаҳои  байни  марказҳои маъмурӣ, шаҳрҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва фурӯдгоҳҳоро таъмин намуда, вазифаҳои иҷтимоию коммуникатсиониро ба ҷо меорад. Вазни асосии боркашонии дохилӣ ва берунии маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар молу амвол дар мамлакат бештар ба нақлиёти автомобилӣ рост меояд.

Суръати баланд ва самаранокии он аст, ки дар мамлакат зиёда аз 90% боркашонию мусофирбарӣ ба ихтиёри ин соҳа мебошад. Дар солҳои 2018–2024 боркашонии нақлиёти автомобилии соҳибкорон беш аз 1,5 маротиба боло рафтааст. Ин нишондиҳанда нақши роҳкушоӣ ва нақлиёти автомобилиро дар рушди соҳибкории мамлакат низ гувоҳӣ медиҳад.

Рушди устувори боркашонии нақлиёти автомобилии истифодаи умум хеле бузург аст: соли 2024 онҳо қариб 134,4 млн тонна бор кашониданд, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 50% зиёд аст. Соли 2024 беш аз 996 млн мусофир бо нақлиёти автомобилӣ кашонида шудааст, ки нисбат ба соли 2018 65,3% афзудааст. Агар ин нишондиҳандаҳоро бо соли 2000-ум қиёс намоем, рушд боз ҳам барҷастатар мешавад. Афзудани ҳаҷми боркашонӣ ва мусофирбарӣ дар кишвар самараҳои аввалини бунёди шоҳроҳҳо мебошад.

Ниёз ба роҳкушоӣ ва маблағгузорӣ дар ин самт боз ҳам боло меравад. Зеро талаботи мардум ба мошинҳои сабукрави шахсӣ сол аз сол афзуда истодааст ва ин талабот раванди пешниҳоди роҳкушоиҳои навро ангезиш медиҳад.

Ҳадафи асосии стратегияи роҳкушоӣ ва инкишофи хоҷагии роҳи мамлакат - ин таъмини саҳми арзандаи роҳҳои автомобилгард дар суръатбахшии иқтисодиёти кишвар ва некуаҳволии мардум мебошад. Дар ин маврид, афзудани ҳосилнокии меҳнат, болоравии рақобатпазирии молу хизматҳои ватанӣ аз ҳисоби паст кардани арзиши аслии маҳсулоти ниҳоӣ ва фароҳамсозии шароит барои зудҳаракатии (мобилнокии) аҳолӣ таъмин мегардад. Бояд таъкид кард, ки пайваста бо рушди шабакаҳои роҳ, ҳамзамон самараи занҷирӣ барои инкишофи дигар соҳаҳо рӯи майдон меояд. Масалан, инкишофи муносибатҳои бозорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, яъне ба истеъмолкунанда расонидани маҳсули  деҳқон бо нақлиёти автомобилӣ вусъат меёбад.

Бо назардошти омили мазкур шоҳроҳҳое, ки бунёд шудаанд, барои ташкили инфрасохтори истеҳсолию иҷтимоӣ ва тиҷоратӣ, ба мисли мағозаҳо, ошхонаҳо, меҳмонхонаҳо, истгоҳҳо, воситаҳои алоқа, ёрии техникӣ, таъмир ва бозорчаҳо, ки барои мусофирон равона шудаанд, замина фароҳам оварданд. Ба ибораи дигар, дар ин замина  шуғлнокии аҳолӣ, густариши инфрасохторҳои мухталиф ва ҳамин тариқ бунёди арзиши нав, афзудани даромади аҳолию миллӣ ва Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар (ММД) ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид.

Фаъолияти корхонаҳои саноатӣ (корхонаҳои истихроҷи маданҳои кӯҳӣ, коркарди ашёву маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра) ва дигар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳияҳову ҷамоатҳое, ки дар атрофи шоҳроҳҳо воқеанд ва ё ба онҳо пайваст шудаанд, неруи тоза мегирад. Дар ин раванд сатҳи некуаҳволии хонаводаҳо ва умуман аҳолии ин манотиқ боло меравад. Илова бар ин, хусусияти инкишофи нақлиёти автомобилии муосир дар он аст, ки вай барои мамлакат алоқаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар самтҳои иҷтимоию иқтисодии берунаро ба ҷо меорад. Яъне, ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангиро бо мамолики Шарқ - Чин, Афғонистон, Покистон, Эрон ва дигар кишварҳои ҳамсояи ИДМ густариш медиҳад.

Тавре ки дар боло изҳор шуд, рушди инфрасохтори коммуникатсионӣ, яъне нақлиётӣ, омили муҳими пешрафти иқтисоди миллӣ маҳсуб мешавад ва аз ин лиҳоз Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт корҳои бузургеро ба иҷро расонид.

Ниёгонамон роҳсозию роҳкушоиро некӯтарин фазилату фаъолияти инсонӣ эълон доштанд ва ин сифат дар ҳастии онҳо нуҳуфта аст. Бинобар ин, рамзиву судовар  аст, ки роҳсозӣ стратегияи муҳими давлатӣ ба ҳисоб рафта,  дар саросари кишвар ба маҷрои азими созандагии мардум табдил ёфтааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо