ТАВОНМАНДИИ “IRS” БА КАДОМ ОМИЛҲО ВОБАСТА АСТ?

Давоми фаъолият, ба шарофати масъулиятшиносии кормандон ва пойгоҳи пурқуввати моддӣ – техникӣ далели раднопазир гардид, ки Филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои том тавонманд буда, қодир аст дар ҳама ҳолат хизматрасонӣ ва нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқро дар сатҳи хубу сифати ба ҷо орад. Тавонмандии “IRS” ба кадом омилҳо вобаста аст? Мақолаи мазкур яке аз кӯшишҳо барои посух додан ба савол аст. Пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки филиали ширкат аз се намояндагӣ таркиб ёфта, ҳар яки онҳо вобаста ба минтақа махсусият дошта, таъмини ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи Душанбе – Чаноқ, дар навбати аввал, аз фаъолияти ҳар як корманд дар алоҳидагӣ вобаста аст.
Намояндагии Варзоб нигоҳдории 63,3 км роҳро, ки аз 21 пул, нақби «Дӯстӣ», 20 долони зиддитармавӣ иборат аст, ба зимма дошта, ин рисолатро дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро намуда истодааст. Қитъае, ки нигоҳдориаш ба зиммаи намояндагии мазкур вогузор аст, аз километри 10-уми роҳи Душанбе – Чаноқ оғоз шуда, дар километри 73.3, - даромадгоҳи нақби «Истиқлол» ба итмом мерасад. Ҳамрадиф бо такомули филиали Ширкат, пойгоҳи техникии намояндагии он дар минтақаи Варзоб низ мунтазам ғанӣ гардида, айни замон аз 69 техникаву механизм иборат аст. Техникаву механизмҳои мазкур гуногунтамға буда, аз автомобилҳои махсусгардонидашудаи соҳа, ба монанди худборкунак, автосамосвалҳо, булдозер, экскаватор, механизмҳои махсус барои хобонидани асфалт, кашидани хатҳои уфуқӣ ва ғайра иборат аст. Бо мақсади густариш бахшидани таъмиру таҷдид дар масири шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ дар ноҳияи Варзоб, ки намояндагии зикршуда дар ҳудуди он ҷойгир аст, солҳои 2012 ва 2016 се корхонаи истеҳсоли мумқир (асфалт) ва дигар масолеҳи сохтмонӣ бунёд гардида, алъон фаъолияти пурмаҳсул дорад. Аз ҷониби коршиносон низ эътироф шудааст, ки филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон ба як тими пурқувват табдил ёфта, мутахассисони он дорои савияи баланди касбӣ мебошанд. Табиист, ки намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Варзоб аз ин раванд истисно набуда, дар он 235 корманд, ки қисми зиёдашон дорои маълумоти олӣ мебошанд, фаъолияти пурмаҳсул доранд.
Ҳамрадиф бо намояндагиҳои дигар намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон фаъолияти қобили мулоҳиза дошта, далелу арқоми мавҷуда дурустии ин гуфтаро собит менамоянд. Барои коргарон шароити меҳнату фароғат муҳайё буда, музди меҳнат сари вақт пардохт карда мешавад. Дар намояндагӣ 127 нафар фаъолият дошта, аз онҳо 90 нафар дорои маълумоти олӣ мебошанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки кормандони намояндагӣ бо масъулиятшиносии худ қодиранд нигоҳдории 81,473 километр роҳи Душанбе – Чаноқро дар сатҳи баланд иҷро намоянд. Дар масире, ки нигоҳдориаш ба зиммаи намояндагӣ вогузор аст, нақби Шаҳристон, ду галерея, се хонаи устоҳои роҳ, ки дорои шароити хуб мебошад, воқеъ гардидаанд. Тавре болотар гуфтем, аз шафати роҳи Душанбе – Чаноқ дарёҳои шӯху тезоб ҷорӣ буда, аксар маврид дар натиҷаи зиёдшавии сатҳи оби онҳо роҳ осеб мебинад. Дар масире, ки нигоҳдориаш ба зиммаи намояндагӣ дар минтақаи Зарафшон вогузор аст, дарёҳои Яғноб, Фон-дарё ва Зарафшон ҷорӣ буда, зарурати тавсеа бахшидани корҳои соҳилмустаҳкамкуниро ба миён меоранд. Дар минтақа аз ҷониби намояндагӣ ба хотири таъмини бехатарии ронандагону мусофирон бунёду гузоштани деворҳои ҳимоявӣ оғоз гардида, то ин замон дар масофаи зиёда аз 10000 метри тӯлонӣ чунин деворҳои ҳимоявӣ бунёд шуданд. Доир ба фаъолияти ин намояндагӣ журналист Шариф Атобуллоев барҳақ нигоштааст: «Худ қазоват кунед, ки барои нигаҳдории 86,996 километр роҳ (манзур намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон аст) 54 техникаву механизми роҳсозӣ сафарбар шудааст. Аммо дар мувозинаи Муассисаи давлатии «Нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Айнӣ» ҳамагӣ чанд техника мавҷуд аст, ки дар давоми сол шояд ҳамагӣ се-чор маротиба истифода мешаванду халос ва боқимондаи рӯзҳо, бинобар набудани сӯзишворӣ, дар канори роҳ «хоб» мекунанд. Аз ин ҷост, ки роҳҳои дар тавозуни муассисаи мазкурбуда хароб буда, умуман ба талабот ҷавобгӯ нест. Чунин тарзи корро дида, мардум аз фаъолияти филиали Ширкати «IRS» дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ мекунанд, зеро бо чунин фаъолияти Муассисаи давлатии «Нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Айнӣ» шоҳроҳи байналмилалии зикршуда кайҳо хароб мегардид».
Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Суғд аз 4 плаза – «Чорух», «Истаравшан», «Шаҳристон», «Деҳмой», нуқтаи вазнченкунӣ дар ноҳияи Шаҳристон, заводи мумқир ва таҷҳизоти сангмайдакунӣ дар КМ 267 – роҳи автомобилгарди «Душанбе – Чаноқ» иборат буда, нигоҳдории роҳи мавриди назар аз километри 165 то 368 ба зиммааш вогузор аст.
Барои беҳдошту истифодабарии дурусти роҳ ва сари вақт иҷро намудани корҳои таъмири ҷорию асосӣ дар минтақа солҳои 2014 – 2020, якчанд корхона, аз ҷумла заводи мумқиристеҳсолкунӣ ва дигар масолеҳи барои нигоҳдории роҳ лозим мавриди истифода қарор дода шуд.
Ин намояндагӣ дорои 62 адад мошину механизмҳои махсуси соҳаи роҳдорӣ буда, ҳамасола пойгоҳи техникиаш ғанӣ гардида истодааст. Ҳар як қитъаи роҳ бо устои роҳ ва кормандон таъмин буда, инчунин бо механизму техникаҳои роҳдорӣ ва ашёву лавозимоти лозимӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар намояндагӣ 308 нафар мутахассисони соҳибкасб ва варзида фаъолият менамоянд, ки ба шарофати маҳсули кори онҳо обрӯю нуфузи Ширкат рӯз аз рӯз баланд шуда истодааст.
Дар ҷаҳони муосир таҳияи рейтингҳо аз ҷониби ташкилоту созмонҳои бонуфуз падидаи маъмул буда, дар ин раванд, ки муқоиса масъалаи меҳварист, беҳтарин омилҳо муайян ва баҳогузорӣ мешаванд. Аз ҷониби дигар, аксар маврид ҷомеаи ҷаҳонӣ равобиташро бо дилхоҳ давлат дар робита ба ин нишондиҳандаҳо роҳандозӣ менамояд. Ҷоиз ба зикри хос аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар шакли бисёрҷониба бемайлон рушд намуданд. Имрӯз ба ҳамёрии давлати мо бо кишварҳои хориҷӣ, ки дар асоси ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтиром ва эътимод ба ҳамдигар, баробарҳуқуқӣ ва риояи мутақобилаи манфиатҳо бино ёфтааст, сатҳи баланди ҳамкорӣ хос аст.
Чанде пеш аз ҷониби Форуми байналмилалии иқтисодӣ рейтинги рақобатпазирии глобалии 137 кишвари олам гузаронида шуд. Дар ин зимн, ҳамрадиф бо нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, ҳолати роҳҳо ва инфрасохтори онҳо низ баҳогузорӣ гардид. Боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд бошад, ки дар рейтинг Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми шоистаро соҳиб шуд. Аз Осиёи Марказӣ кишвари мо дар мақоми 70-ум қарор гирифта, ба Қазоқистон ва Қирғизистон мутаносибан ҷойҳои 115 ва 122-юмро сазовор донистанд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки на ба ҳама мамлакатҳо имкон даст медиҳад, ки дар чунин рейтингҳо комёб гардида, ба ин васила аз эътирофу эътибори хоса бархӯрдор гарданд. Зеро ин раванд дар заминаи таҳлили амиқу доманадор сурат гирифта, танҳо хуб будани нишондиҳандаҳои фаъолият ба баҳогузории баланд асос шуда метавонанд. Дар рейтинги мавриди назар ба даҳгонаи беҳтаринҳо кишварҳое назири Сингапур, Швейтсария, Гонконг, Нидерландия, Ҷопон, Франсия, Португалия, Австралия ва ИМА шомил шуданд.
Бо дарназардошти далелҳои зикргардида, метавон хулоса кард, ки дар ин раванд филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқро ба зимма дорад, низ саҳгузор аст.
Собиқ вазири нақлиёти мамлакат Худоёр Худоёрзода дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфта буд, ки замони фаъолият дар вазифаҳои масъули бахши роҳи нақлиёт дар ҳайрат будам, ки чаро «IRS» корҳои амалигардида ва нишондиҳандаҳои фаъолиятро тарғиб намекунанд. Вақте ба сифати яке аз роҳбарони он ба кор омадам, фаҳмидам, ки ҷаҳду талоши кормандони ширкати зикршуда танҳо ба хотири дар сатҳи баланд пеш бурдани фаъолият нигаронида шудааст.
Ба ибораи дигар, «IRS» ба тарғиб ниёз надорад, зеро фаъолияташ хеле хуб роҳандозӣ шуда, нишондиҳандаҳо, воқеан ҳам, назаррасанд.
