РОҲҲОИ ПУЛАКИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ (Умумият, махсусият ва фарқият)
Вокуниш ба мақолаи Пайрав Чоршанбиев – “Арзиши ҳаракат тавассути роҳи Душанбе – Чаноқ чӣ гуна тағйир ёфт ва нархи роҳҳои пулакӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чанд аст?”, ки 1 апрели соли равон дар сомонаи ҷадиди “Азия +” нашр шуд
Ҳарчанд меҳвари мақолаи мазкур моҳияти роҳи пулакӣ, самараи фаъолияти филиали Ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қиёси нархи истифодаи роҳ бо кишварҳои минтақа аст, вале баъзе маълумоти пешниҳодшуда аз воқеият дур ва ҳатто дар баъзе маврид таҳрифшудаанд. Бо назардошти расонаи ҷиддӣ будани “Азия+” гумони ғолиб он аст, ки масъулин аз махсусияти сана – 1 апрел то андозае суиистифода кардаанд, вагарна...
Нахуст мехоҳем таъкид намоем, ки роҳҳои пулкаӣ танҳо хоси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «кашфиёт»-и филиали ширкати зикршуда нест. Мутаассифона, як идда ба ном коршиносон аз замони шурӯъ гардидани фаъолияти «IRS» дар ин бобат бе истинод ба далелҳои асоснок назарашонро баён менамоянд.
Қобили зикр аст, ки масъалаи мазкур мунтазам мадди назари кормандони Азия+ низ қарор дошт. Аз ҷумла, роҳбари Котиботи Шурои байниҳукуматии роҳдорони ИДМ, сармуҳаррири маҷаллаи «Роҳҳои ИДМ», профессор, доктори илмҳои техникӣ Бурӣ Каримов, ки он замон яке аз мунаққидони филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, дар бобат мақола навишта, оид ба ҷорӣ шудани истифодаи пулакии роҳи Душанбе – Чаноқ, набудани роҳи алтернативӣ ва ҷанбаҳои дигар андешаҳои танқидӣ баён карда буд. Аммо баъдтар назари номбурда нисбат ба «IRS» комилан мусбат гардид. Ба Бурӣ Каримов истинод намуданамон сабаб ва рамзу ҳикмат дорад, зеро агар андешаҳои зер аз ҷониби масъулини филиали ширкат иброз шавад, баъзеҳо, ки “муқтазои табиат”-ашон чунин аст, метавонанд воқеияти онҳоро зери суол баранд.
Дар яке мусоҳибаҳояш ба ҳафтаномаи “Фараж” Бурӣ Каримов тағйир ёфтани назарашро шарҳ дода, аз ҷумла зикр карда буд, ки “дар Ҷумҳурии Беларус, ки аввалин шуда, дар миёни давлатҳои ИДМ ин низомро ҷорӣ намуда буд, айнан ҳамон ҳолате ба миён омад, ки солҳои аввали фаъолият роҳбарият ва кормандони «IRS» бо он мувоҷеҳ буданд. Мардум норозӣ буданд. Агар амиқтар бингарем, маълум аст, ки марҳилаҳои аввали ислоҳот ва амалигардонии чунин лоиҳаҳо мушкилот, ба монанди норозигии истифодабарандагони роҳро ба миён меорад. Монеаҳои дигар аз тарафи баъзе намояндагони сохторҳои давлатӣ низ эҷод мегардад. Бо мурури вақт ин низом натиҷаҳои мусбат ба бор оварду мардум низ муътақид гардиданд, ки пули пардохтнамудаашон барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад. Мунаққидон иддао доштанд, ки асоси ин роҳ пеш аз ҳисоби давлат сохта шудаасту чаро онҳо барои истифодааш маблағ пардохт намоянд? Вақт нишон дод, ки ин тадбир оқилона буда, пеш аз ҳама, барои беҳдошти ҳолати роҳи стратегии кишвар рабт дорад”.
Мавҷуд набудани роҳи алтернативӣ бо вуҷуди зиёд шарҳу тавзеҳ ёфтанаш то кунун боиси “нигаронӣ”-и баъзе ба ном коршиносон аст. Доир ба ин масъала Бурӣ Каримов чунин гуфта буд: “Будани роҳи алетернативӣ яке аз талаботи классикии ҷоринамоии истифодаи пулакии роҳ аст, вале ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад ҳатмӣ бошад. Зеро ҳар як кишвар махсусиятҳои худро дорад. Барои мисол, дар Беларус роҳи сарҳади Полша, Минск ва сарҳади Россия бидуни мавҷудияти роҳи алтернативӣ пулакӣ карданд. Ҳол он ки релефи Белорус дар қиёс бо кишвари кӯҳсори мо хеле беҳтар ва дар он имкони бунёди роҳи алтернатвӣ зиёдтар аст. Бояд эътироф кунем, ки дар минтақае, ки роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанок ҷойгир аст, бунёди роҳи алтернативӣ ба ақл рост намегирад. Онҳое, ки чунин иддао доранд шояд аз махсусиятҳои ин минтақа бехабаранд. Бо дарки масъулият мегӯям, ки роҳи Душанбе – Чанок аз лиҳози куҳсор ва релефи ҷойгиршавӣ нозукиҳои худро дорад, ки мавҷудият ва истифодаи роҳи алтернативиро зери суол мебарад. Масалан, замони муваққатан қатъ гардидани ҳаракат тариқи нақби «Истиқлол» мо шоҳид будем, ки шаҳрвандон кӯшиш мекарданд бо ҳар роҳу васила тариқи нақби зикршуда гузаранд, на бо роҳи пешинаи ағбаи Анзоб. Мисоли дигар, дар Федератсияи Россия роҳи Москва – Санкт Петербургро, ки роҳи алетернативӣ дошт, пулакӣ карданд. Гузашти вақт нишон дод, ки аз роҳи алтернативӣ, яъне бепул кам истифода мешавад. Ба андешаи ман дар сурати мавҷудияти роҳи алтернативӣ аз он нафарони ба қадри беҳтарин неъмат – вақт намерасида шояд истифода баранд. Аз ҷониби дигар, бо истифодаи роҳи алтернативӣ шаҳрвандон бо дарназардошти хароҷоти сӯзишворӣ, фарсудашвии автомобил ва ғайра бо мақоли халқии “хасис ду маротиба пардохт мекунад” мувоҷеҳ мешаванд”.
Агар масъаларо мухтасар шарҳ диҳем, пас зикр бояд кард, ки роҳи автомобилгарди ба консессия супоридашуда – яке аз шаклҳои нигоҳдории роҳи автомобилгард маҳсуб мешавад, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо» тибқи шартномаи консессионӣ бо пешниҳоди ҳуқуқи истифодаи самараноки муваққатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (конседент) ба шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ ё шахсони хуқуқии хориҷӣ (консессиядор) барои нигоҳдорӣ ва хизматрасонӣ вогузор шудааст. Роҳҳои автомобилгарди ба истилоҳ пулакӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, суръат бахшидан ба инкишофи шабакаҳои роҳҳои автомобилгард дар заминаи ҷалби ҷалби сармояи хориҷӣ ташкил мешаванд.
Маъмулан ҳукумати кишварҳои рӯ ба рушд дар заминаи татбиқи чунин лоиҳаҳо, ки аксар маврид бо ҷалби сармояи хориҷӣ амалӣ мешавад, ҳолати роҳҳоро беҳтар менамояд.
Бояд дарк намуд, ки чунин тарзи кор (манзур ҷорӣ намудани низоми толлингии истифодаи роҳҳо аст) дар ҳар кишвар махсусияти худро дорад. Баъзе ҳоло низ иддао мекунанд, ки бидуни мавҷудияти роҳи алтернативӣ ҷорӣ намудани низоми толлингӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи матлаб нест. Ин тоифа шояд намедонанд, ки роҳи Душанбе – Чанок аз лиҳози релефи ҷойгиршавӣ махсусияти худро дорад, ки мавҷудият ва истифодаи роҳи алтернативиро зери суол мебарад. Бояд дарк намуд, ки дар баландии зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр эъмор намудани роҳи ба истилоҳ "алтернативӣ " мантиқан ва моҳиятан зери суол аст. Дар он сурат барои мавҷудияти роҳи пулакӣ чӣ зарурат мемонад?
Сониян, бунёди роҳи алтернативӣ, хоса масири Душанбе - Чанок, ки аз минтақаи релефаш душвори кӯҳистон мегузарад, кори саҳлу сода нест. Муҳимтар аз ҳама, нигоҳдории роҳи "алтернативӣ" низ хароҷоти бенищоят зиёд дошта, сарбории масрафи маблағҳои буҷавиро зиёдтар менамояд. Мантиқан пулакӣ шудани роҳ низ ба хотири сарфа намудани маблағҳои Буҷети давлат ва минбаъд равона намудани он ба самтҳои дигар, аз ҷумла, пардохти қарз, амалӣ шудааст. Бо дарки масъулият мегӯем, ки давоми фаъолият зиёдшавии арзиши тарофаҳо ҳамагӣ 7 – 8 фоизро ташкил медиҳад. Ҳол он ки сатҳи таваррум бояд боиси бамаротиб афзудани нарх мегардид. Тибқи муқаррарот, бояд вобаста ба болоравии сатҳи таваррум ҳар сол тарифҳо намоябандӣ (индексатсия) шаванд. Вале «IRS» дар доираи сиёсати иҷтимоии корпоративӣ аз ин амал худдорӣ намуд.
Муаллифи мақола яқин намедонад, ки барои аҳолии шафати роҳ низоми гузариши имтиёзнок ҷорӣ шудааст, ки баробари 50-93%-и нархномаи муқарраргардида мебошад. Муҳимтар аз ҳама, зиёда аз 90 фоизи убури автомобилҳо аз плазаҳои толлингӣ ба категорияи якум - мошинҳои сабукрав рост меоянд. Муқаррар шудани нархҳои пасттарин барои ин категория дар доираи сиёсати иҷтимоии корпоративи филиали ширкат далели он аст аст, ки «IRS» гирифтани фоидаи зиёдро мадди назар надорад. Вагарна, бояд баръакс бошад.
Махсус бояд таъкид намоем, ки дар дигар кишварҳо сарбории ширкатҳое, ки ба нигоҳдориву хизматрасонии роҳҳои пулакӣ машғуланд, хеле кам аст. Масалан, аз лиҳози бартарафсозии тармаҳо, таъмири куллии роҳ, соҳилмустаҳкунӣ, аз нав кашидани хатҳои уфуқӣ ва ғайра.Ба ибораи дигар, ки бо назардошти мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавӣ роҳи Душанбе - Чаноқ нигоҳубини 24 - соатаро талаб менамояд. Дар сурати каме бетафовутӣ ба нигоҳдории он мушкилии зиёд рӯи кор меояд. Агар дар фасли тирамоҳу зимистон кормандони «IRS» ба бартараф намудани тармаҳо, мунтазам тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағзиш, ба макони бехавф интиқол додани автомобилҳои дармонда машғул шаванд, дар мавсими гармо таъмиру таҷдиди роҳ, рафъи пайомади бориши борон, омадани сел, лағжиши кӯҳпора, соҳилмустаҳкамкунӣ самти афзалиятноки фаъолиятанд.
Барои қиёс ва хулоса зикр бояд кард, ки таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе – Чаноқ соли 2012 оғоз гардида, ҳамон сол 2000 тонна асфалт харҷ шуда буд. Минбаъд ин нишондиҳанда тамоюли афзоишро касб карда, соли 2013 ба 6000 тонна, 2014 - 10000 тонна , 2015 -15000 тонна, 2016 - 13575 тонна, 2017 - 51551 тонна, 2018 - 30864 тонна, 2019 - 49862 тонна, 2020 - 29377 тонна, 2021 – 55366 тонна, 2022 - 39916 тонна, 2023 - 25079 тонна, 2024 - 18408 тонна ва соли 2025 ба 25204 тонна асфалт расид. Дар маҷмуъ, давоми фаъолият барои таъмиру таҷдиди роҳи мазкур қариб 400000 тонна асфалт харҷ шудааст. Ба ибораи дигар, бо асфалте, ки «IRS» давоми 16 соли фаъолият барои нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ харҷ кардааст, бунёди боз як шоҳроҳи нави ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ имконпазир аст. Баҳри тақвияти андеша, ҳамчунин, бамаврид аст ёдовар шавем, ки барои таьмиру таҷдиди роҳи зикршуда мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шудаанд. Инчунин, 10 корхонаи истеҳсоли масолеҳи барои нигоҳдории роҳ пешбинигардидаи марбут ба филиали ширкат дар ин раванд саҳми бориз доранд.
Чун дар мақола вобаста ба масъалаи мавриди назар кишвари мо бо кишварҳои минтақа муқоиса шудааст овардани чанд далелро, ки бо сабабҳои номаълум муаллиф сарфи назар кардааст бамаврид медонем:
Дар Қазоқистон айни замон зиёда 11000 километр роҳ пулакӣ аст. Дар ин бора зимни суханронӣ дар конфронси илмӣ - амалӣ таҳти унвони "Ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди роҳҳои автомобилгарди ИДМ ", ки дар Донишгоҳи давлатии техникии роҳу нақлиёти Москва доир гардида буд, Роҳдорӣ фахрии ИДМ, мушовири Ассотсиатсияи роҳдорони Қазоқистон, номзади илмҳои техникӣ Улан Токторбоевич Алипов иттилоъ дода буд. Чанде пеш дар Ҷумҳурии Қазоқистон чанд роҳи дигар низ пулакӣ шуд. Дар робита ба ин Қосимҷомарт Тоқаев - Президенти Қазоқистон гуфтааст:“Тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ ҷорӣ кардани роҳҳои пулакӣ тасмими дуруст аст. Дар чунин кишвари азим танҳо аз ҳисоби буҷет роҳ сохтан ғайриимкон мебошад. Илова бар ин, Қазоқистон бояд аз ҳисоби транзит даромад гирад.”
Дар ин замина, барои истифодаи ҳар километри як қисмати роҳи Нур-Султон-Павлодар ронандагони мошинҳои сабукрав қариб як доллар бояд пардохт намоянд. Аз мошинҳои боркаш бошад, 20 баробар бештар пул ситонида мешавад. Лозим ба ёдоварист, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон шурӯъ аз соли 2013 зиёда аз 5000 километр роҳ пулакӣ шуда, нигоҳдории онҳо ва ҷамъоварии маблағ ба зиммаи ширкати “КазАвтоЖол” вогузор аст. Дар марҳилаи аввали ҷорӣ намудани истифодаи роҳҳои пулакӣ дар Қазоқистон низ бисёриҳо моҳият ва манфиати ин иқдомро дуруст дарк намекарданд. Вале бо гузашти вақти на он қадар зиёд, бартариҳои ин иқдом ҳувайдо ва назари мардум ба он комилан мусбат гардид. Айни замон дар роҳҳои пулакии ин кишвар 12 нуқтаи вазнченкунӣ фаъол буда, саҳми онҳо дар пешгирии ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо вазни аз меъёр зиёд, арзанда аст. Муҳим он аст, ки иқдоми мазкур натиҷаи хуб дода, ба ин раванд ширкатҳои муштараки франсузӣ ва тайванӣ ҷалб шуданд.
Ҳамсоякишвари мо - Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ ба ин масъалал бетафовут нест. Алъон истифодаи 3 роҳ ва ду тунели дар ағбаҳо воқеъбуда баъд аз пардохти маблағ имконпазир мегардад. Дар ин бора се сол пеш Агентии иттилотии “УЗнюс” иттилоъ дода буд. Иқдоми мазкур дар доираи ҳамкории бахши хусусӣ ва Давлат амалӣ шуда, беҳбуд бахшидани ҳолати роҳҳо ва сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ ҳадафҳои асосии он маҳсуб мешаванд. Аввалин тунели пулакӣ дар ағбаи Камчиқ мавриди истифода қарор гирифта, минбаъд шоҳроҳҳои Сирдарё - Бахт, Тошкент - Самарқанд ва Тошкент-Андиҷон пулакӣ шуданд.
Амалиишавии иқдоми мазкур зери назорати ҷиддии Президенти Ӯзбекистон қарор дошта, муовинони якуми вазирони молия ва нақлиёт барои сари вақт иҷро намудан муваззаф шудаанд. Минбаъд дар ин кишвар се шоҳроҳ: Тошкент - Андиҷон, Тошкент - Самарқанд ва Самарканд - Шахрисабз пулакӣ мегарданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ин кишвар корҳо дар самти ҷорӣ намудани истифодаи роҳ бо пардохти маблағ соли 2018 оғоз гардида, дар назар аст, ки қонуни алоҳидаи танзимкунандаи ин раванд қабул гардад.
Ҳамсоякишвари дигар – Ҷумҳурии Қирғизистон низ аз ин раванд дар канор набуда, чанде пеш дар парлумони Ҷумҳурии Қирғизистон – Жогорку Кенеш тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Қирғизистон «Оид ба роҳҳои автомобилгард» мавриди баррасии вакилон қарор гирифт. Дар ин бора нашрияи «24.Кg» иттилоъ дода буд.
Муҳимият ва ҷолибияти қонуни мавриди назар дар он зоҳир мегардад, ки тибқи тағийиру иловаҳои воридмегардида, минбаъд дар Қирғизистон ба иҷора додани роҳҳо роиҷ мегардад. Вазири нақлиёт ва роҳҳои ин кишвар зимни шарҳи масъалаи мазкур минҷумла гуфта буд, ки дар навбати аввал роҳи Бишкек – Чалдовар ва дар марҳилаи дувум роҳи ноҳияи Узгени ин кишвар ба иҷора дода шуда, ин раванд минбаъд тавсеа хоҳад ёфт.
Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро мисол овардани мо рамзу ҳикмат дорад. Зеро онҳо кишварҳои ҳамҷавор маҳсуб ёфта, бо Ҷумҳурии Тоҷикистон умумияти зиёд дорад. Аз ҷониби дигар, агар мо кишварҳои хориҷи дурро интихоб мекардем зери борони маломати баъзе «бузургон» мемондем, ки муқоисаи Тоҷикистон бо кишварҳои пешрафта, аз ҷумла мамлакатҳои Аврупо ҷоиз нест.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш аз ҷониби Форуми байналмилалии иқтисодӣ рейтинги рақобатпазирии глобалии 137 кишвари олам гузаронида шуд. Дар ин зимн, ҳамрадиф бо нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, ҳолати роҳҳо ва инфрасохтори онҳо низ баҳогузорӣ гардид. Боиси ифтихор аст, ки дар ин рейтинг Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми шоистаро соҳиб шуд. Аз Осиёи Марказӣ кишвари мо дар мақоми 70-ум қарор гирифта, ба Қазоқистон ва Қирғизистон мутаносибан ҷойҳои 115 ва 122-юмро сазовор донистанд. Пайравӣ намудани дигар кишварҳо ба таҷрибаи мазкур далели он аст, ки он аст, ки чунин тарзи кор натиҷаҳои хуб ба бор овардааст. Мо ин равандро дар мисоли фаъолияти пурмаҳсули “IRS” мушоҳида намуда истодаем.
Дар идома овардани баъзе рақаму далелҳоро, ки “қатрае аз баҳр” буда, барои дарки моҳияти мавҷудияти “IRS”, самараи фаъолияти он ва баҳогузории беғаразона мусоидат хоҳанд кард, бамаврид медонем.
Мумкин иддае аз шаҳрвандон иттилоъ надоранд, ки солҳои 2013 - 2016 бо мақсади амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии корпоративи худ «IRS» лоиҳаи нигоҳдории қитъаи Нурообод – Нимич дар шоҳроҳи Душанбе – Рашт – сарҳади Қирғизистон (дар масофаи 73 километр)-ро бе мақсади гирифтани фоида татбиқ намуд. Ба ин восита филиали ширкат дар тамдиди муҳлати истифодаи яке аз роҳҳои дигари аҳамияти стратегидошта саҳм гузошт.
Қобили зикр аст, ки давоми 16 сол «IRS» нигоҳдорӣ ва азнавсозии 36 кӯпруки ин масир бо хароҷоти ниҳоят зиёд амалӣ намуд. Масалан, 3 пули калон, ки дарозиии ҳар кадомаш аз 42 то 73 метр аст, пурра азнавсозӣ шудаанд. Хоса ва доимӣ будани таваҷҷуҳ ба таъмини бехтарии ронандагону мусофирон яке аз далелҳои марбут ба масъулиятшиносии роҳбарияти ширкати зикршуда мебошад. Барои мисол, ҳангоми таҷдиди роҳи Душанбе — Чаноқ аз рӯи лоиҳа деворҳои ҳимоявӣ (парпетҳо) вуҷуд надоштанд ва аз ин лиҳоз сохта нашуд. «IRS» бо ташаббуси худ, баҳри таъмини бехатарии шаҳрвандон дар масофаи 16000 метри тӯлонӣ чунин деворҳоро бунёд кард, ки то ин вақт чандин ҳамватанонамонро аз марг наҷот додааст.
Дигар мақсаде, ки филиали ширкат дошт, бароҳат намудани гузариши плазаҳо мебошад. Бо ин мақсад, дар плазаҳои толлингӣ паҳноии роҳ аз 7 метр ба 50 метр зиёд шуда, теъдоди хатҳои гузариш аз 2 ба 8-то расид. Муҳим он аст, ки дар ин раванд технологияи аврупоӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ёдрас мешавем, ки дар дигар давлатҳо ширкатҳои ба ин кор машғулбуда ба бунёди плазаҳои замонавӣ умуман таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд пеш бурдани фаъолият тӯли 16 соли мавҷудият 134 иншоот, аз ҷумла, пойгоҳ барои экспертҳо, анбор барои нигоҳдории маводи зиддилағзишу дигар масолеҳи барои нигоҳдории роҳ пешбинишуда, сехҳои истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо, иншооти зиддитармавӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки «IRS» ҳамчун сармоягузор тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодааст, то ҳолати роҳи Душанбе – Чаноқ ҷавобгӯи талабот бошад. Маҳз дар ин замина нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ ба марҳилаи сифатан ворид гардида, назари мардум дар бобати нигоҳдории роҳ такмил ёфт.
