ЭЪТИРОФ КАМОЛИ ҶАВОНМАРДИСТ

Ман дар кишвар чунин роҳеро намедонам, ки мисли роҳи Душанбе Чанок иншоотҳои зиёд дошта бошанд. Ҳам роҳ ва ҳам ин иншоотҳо ҷавобгӯи талаботи байналмилалианд.Дидани роҳ, пулҳои бузург, долонҳои зиддитармавӣ ҳатман касро водор месозад, ки бияндешад. Бияндешад ва мутмаин гардад, ки сохтмон ҳам воқеан яке аз соҳаҳои санъат мебошад.
Ин роҳ бо ҳамаи иншооташ бисёр зебо аст ва ин зебоӣ аз бинанда дил мебарад. Бо ин роҳу иншооти бузургаш метавон ифтихор кард.Чунин як шоҳроҳи бузург дар муддати кӯтоҳ бунёд ёфт. Магар дар шароити кӯҳистон бунёди он осон аст? Ҳаргиз не! Кас ба тааҷҷуб меафтад. Кӯҳҳои бузургу бас баландро шикофтанду роҳ сохтанд. Ва ҳам нақб сохтанду месозанд.Дар мавзеи Майхӯра нақби «Дӯстӣ» арзи ҳастӣ кард. Дарозтарин нақби кишвар - нақби Шаҳристон мавриди истифода қарор гирифт. Дар болои дарёи Сир, дар шаҳри Хуҷанд пули бузургу замонавӣ сохта шуд.Пули ноҳияи Айнӣ низ бо санъати баландаш моро водор менамояд, ки нерeву ҳунари инсонро бори дигар бештару беҳтар эътироф созем.
Дар ин маврид гузашта низ пеши назар меояд. Роҳҳои харобу ранҷҳои беҳисоб, шукр, ки пушти сар шуданд. Одамон ба дидори ҳамдигар бе мушкилӣ мерасанд.Ин ҳамаро, албатта, бояд шукр гуфт. Ва эътироф бояд намуд, ки ин дастовардҳо туфайли истиқлолият моро насиб гардид. Ва эътироф бояд намуд, ки сиёсати бунёдкоронаву созандагӣ дар кишвар хуб ба роҳ монда шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, ояндаро пештару бештару беҳтар аз мо мебинад. Ва ҳам барои ояндаи дурахшони мо ва миллати куҳанбунёд саъй ба харҷ медиҳад.Роҳи Душанбе-Чанак ба нигаҳдории махсус ниёз дорад.
Ҳарчанд бунёди роҳ муҳим аст, вале нигоҳдории он муҳимтар. Бо дарки масъулият мегӯям, ки нигоҳдории ин роҳи пураҳамиятро айни замон филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи хуб ба ҷой оварда истодааст. Ба назар чунин мерасад, ки як идда нигоҳдории роҳро кори саҳлу сода мепиндоранд. Ҳаргиз чунин набуду нест!
Бо дарназардошти мавқеи ҷойгиршавии роҳи Душанбе – Чанок бидуни шакку шубҳа метавон гуфт, ки нигоҳдории онро ба ҳеҷ ваҷҳ набояд кори осон пиндорем. Мавҷудияти пойгоҳи пурқуввати техникӣ ва муҳимтар аз ҳама масъулиятшиносии роҳбарият ва кормандони “IRS” боис аст, ки онҳо рисолати хешро сарбаландона иҷро намоянд. Шояд дигарҳо фаромӯш карда бошанд, вале мо фаромӯш накардаем, ки то ба ихтиёри филиали Ширкати зикршуда додани роҳи Душанбе – Чанок он ҳамасола 7 моҳ баста буд.
Ронандагону мусофирон дар ин масир бо чӣ мушкилот мувоҷеҳ мешуданд, хуб дар хотир дорем. Дар давоми солҳои охир ба шарофати меҳнати пурмаҳсул ва масъулиятшиносии кормандони филиали Ширкат роҳ, ба истиснои чанд рӯз, он ҳам дар мавсими тармафароӣ бо мақсади таъмини бехатарии шаҳрвандон, дигар умуман баста набуд. Бинобар ин онҳое, ки баъзан аз мавҷудияту фаъолияти ин “IRS” нигаронӣ менамоянд, бояд омилҳои зикршударо ба инобат гиранд ва ҳақиқатро эътироф намоянд. Зеро эътироф камоли ҷавонмардист.
Сайёфи Мизроб,
сармуҳаррири ҳафтаномаи «СССР»
