ҚАҶ ШИНЕМУ РОСТ  ГӮЕМ

 

 

   Гузаштагони мо мақому моҳияти бузурги созандагиву пайвандгарии роҳҳоро ба назар гирифта, дар тамоми давру замон барои бунёди роҳу пулҳо ва нақбҳо саъйу талош варзидаанд, ки «Ҷодаи бузурги Абрешим» намунаи барҷастаи чунин офаридаҳост. Воқеан роҳҳо на танҳо масофа, балки қалбҳоро ба ҳам наздик месозанд. Ба бахти мо, тоҷикон, бо талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ раванди созандагиву бунёдкориҳо дар сартосари кишвар вусъати тоза касб карданд.

Ҳамватанони мо таҳти роҳбарии сарвари хирадманди худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳоеро ба анҷом расониданд, ки тӯли садсолаҳо дар орзуяшон будем. Кӣ гумон мекард, ки дар як муддати кӯтоҳ, ба мушкилоти иқтисодӣ ва буҳрони ҷаҳонии молиявӣ нигоҳ накарда, мо нақби Анзобро, ки баъдан ба пешниҳоди Сарвари давлат «Истиқлол» ном гирифт, ба истифода медиҳему мардум бемалол тамоми фасли сол аз ҷануб ба шимол ва аз шимол ба ҷануб равуо карда, мушкилоташонро рафъ месозанд.

Мо азобҳои дар роҳҳои пурпечутобу хатарноки Душанбе - Хуҷанд, махсусан ағбаи Анзоб кашидаамонро ҳеҷ вақт аз ёд намебарорем. Зеро дар ин роҳҳои ноҳамвор даҳҳо  ҳамдиёронамон ҷонҳои ширини худро аз даст додаанд. Модарон гирён, фарзандон нолон гардида, арӯсон либоси мотамӣ ба бар кардаанд. Худ шоҳиди ҳол будам, ки мардум ҳафтаҳо ё дар Майхӯра ва ё дар мавзеи «Ветерок»-и ноҳияи Айнӣ шабҳоро рӯз мекарданд. Аз ин лиҳоз, нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқро  ба ҳеҷ ваҷҳ набояд кори осон пиндорем.  Фаромӯш накардаем, ки то ба  зиммаи “IRS”  вогузор шудани нигоҳдории роҳи мазкур он ҳамасола 7 моҳ баста буд.  Ронандагону мусофирон дар ин масир бо чӣ мушкилот мувоҷеҳ мешуданд, аз лавҳи хотирот зудуда нашудаанд. 

Муҳим он аст, ки солҳои охир ба шарофати меҳнати пурмаҳсул ва масъулиятшиносии кормандони филиали ширкат роҳ, ба истиснои чанд рӯз, он ҳам дар мавсими тармафароӣ бо мақсади таъмини бехатарии шаҳрвандон, дигар умуман баста намешавад. Бинобар ин,  шаҳрвандон бояд омилҳои зикршударо ба назар гиранд, ҳақиқатро эътироф намоянд ва ба заҳмати кормандони “IRS”  арҷ гузоранд. 

Чанде пеш  шоҳиди бевоситаи масъулиятшиносии кормандони ширкати “IRS”   гардидам.  Сафари камина тавассути ин ҷода ба замоне иттифоқ афтод, ки пуршиддату давомдор боридани  барф ва тамоюли афзоишро касб намудани тармафароӣ боиси ба мушкил мувоҷеҳ гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои кишвар  гардид. Чунин ҳолат бештар дар роҳи Душанбе – Чаноқ ба мушоҳида расида, тибқи иттилои маркази матбуоти “IRS” , муддати зикршуда дар ин масир 179 тармаи хурду бузург фаромад. Дидам, ки тармафароӣ  асосан аз километри 41 то 83-юми роҳи мазкур  (ҳудуди ноҳияҳои Варзобу Айнӣ)  рух дода, баландии аксар тармаҳо то 20 метр ва паҳноияшон зиёда аз 900 метр буд. Теъдоди тармаҳо то ҳадде зиёд буд, ки даҳҳо километр роҳ пурра зери тарма монд.  Бо чашмони сар дидем, ки “IRS”   барои иҷрои рисолат комилан тавонманд буда, ба маҳали зикршуда зиёда аз 50 техникаву механизмро сафарбар шуда, бартарафсозии тармаҳо ҳатто шабона қатъ нагардид. Чун шиддати боришот ва теъдоди тармаҳо дар ин масир собиқа надошт, ин ҳолат барои роҳбарият ва кормандони «IRS» шабеҳи боз як имтиҳони ҷиддӣ буд. Бо истинод ба корҳои анҷомёфта метавон гуфт, ки онҳо ин имтиҳонро низ чун ҳарвақта сарбаландона гузаштанд. Маҳз ба шарофати меҳнати шабонарӯзии кормандони ширкати «IRS», ки нигоҳдории роҳи мазкур ба зиммааш вогузор аст, дар муддати кутоҳ тармаҳо бартараф ва роҳ боз гардид. Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки муваққатан маҳдуд гардидани ҳаракати автомобилҳо дар масири зикршуда, пеш аз ҳама, ба таъмини бехатарии шаҳрвандон вобаста буд. Вагарна, ширкат ба ҳеҷ ваҷҳ ҳавасманди қатъ шудани гузариши воситаҳои нақлиёт тавассути ҷодаи мазкур нест.  Якҷо бо дигар мусофирон шоҳиди ҷаҳду талоши директори «IRS» Нодирҷон Сафаров гардидем, ки дар маҳали тармафароӣ равонди корро бевосита роҳбарӣ кард.     

  Омили дигаре, ки  месазад махсус таъкид кард, аз ҷониби  кормандони “IRS”  ба ронандагону мусофирон  бетаъхир расонидани кумак барои интиқол ёфтанашон ба макони бехавф ва тақсим намудани хӯрок ба ронандагону мусофирон аз ҷониби филиали ширкат буд. Ин омил шаҳодати он аст, ки роҳбарияти ин ширкат ба арзишҳои инсонӣ таври шоиста  арҷ мегузоранд. Дар ин замина, ҳамчун мусофир  бори дигар  ба масъулиятшиносии роҳбарият ва кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутмаин гардидам.     Ҳамсафарони ман эътироф карданд, ки мепиндоштем масъулини “IRS”   вобаста ба боришот ва тармафароӣ  ҳангмасозӣ мекунанд, вале воқеиятро бо чашми худ дидему ба даҳшат афтодем. Шаҳомату бардавомии  тармафароӣ, аз ҷумла баландиву паҳноӣ ва ҳатто ба дохили галереяҳо   роҳ ёфтани онҳоро бо сухан иброз намудан ғайриимкон аст. Дар ин вақт ягона умед чароғҳои равшани техникаҳои пуриқтидори Ширкат буд, ки ба маънои томаш ба дили ронандагону мусофирон шуълаи умед мекиштанд. Ин муболиға нест, дар нимашаб, замоне ки  ҳама масти хобанд, кормандони “IRS” баҳри кушода будани роҳ шабзиндадор буданд. Чунин масъулиятшиносӣ буд, ки касе аз мусофирону ронандагон осеб надиданд, инчунин, ба ягон автомобил зарар нарасид.

   Пас чаро мо аз филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдор набошем? Чаро масъулиятшиносиву шабзиндадориҳои онҳоро арҷгузорӣ накунем? Нигоҳдории роҳ рисолату вазифаи онҳо аст, вале эътироф бояд кард, ки аз уҳдаи иҷрои вазифа на ҳар кас баромада метавонад.

Мардона бояд эътироф намоем, ки имрӯз бо шарофати фаъолияти пурмаҳсули Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» чунин хароҷот ва хатарҳо бартараф шуда, аҳолӣ тамоми сол аз истифодаи роҳи автомобилгарди ба меъёрҳо ҷавобгӯй баҳраварданд. Муҳим он аст, ки маҳз дар заминаи ҷаҳду талош ва меҳнати шабонарӯзии кормандони ширкати мазкур   аз оғози фаъолият инҷониб роҳи мазкур умуман баста нест.

Боиси нигаронӣ аст, ки баъзе ронандагон одитарин қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя наменамоянд. Маҳз бо ҳамин сабаб баъзе мушкилот, аз ҷумла роҳбанд (тамбашвӣ)   ба вуҷуд меоянд, ки мардуми аз асли воқеа ноогоҳ ба он баҳои яктарафа медиҳанд. Харидории мошину техникаҳои замонавӣ барои нигоҳдории роҳ далели возеҳи он аст, ки “IRS” дар нигоҳдории роҳ «хасис» нест. Маҳз мавҷудияти ҳамин гуна техникаҳои пуриқтидор замина фароҳам овард, ки ҳатто рӯзҳои пурбарфтарини фасли зимистон ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳ таъмин гардад.

 Миёни мардуми тоҷик мақоли хубе аст, ки «каҷ шину рост гӯй». Навиштани мақола мазкур низ аз ҳамин омил маншаъ гирифтааст.  Дар маҷмуъ, моро мебояд ба дилхоҳ масъала одилона баҳо дода, шукронаи рушди бардавоми кишвари азизамонро  намоем.

 

Анвари Ҳоҷимансур,

 собиқадори соҳаи журналистика, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо