МУЪҶИЗА (Чӣ гуна роҳбарияти IRS аз тарма эмин монд?

Давоми рӯзҳое боридани барф дар роҳи Душанбе-Чаноқ давомдору пуршиддат ва тармафароӣ бениҳоят зиёд аст, аз ҷониби масъулини IRS тамоми кӯшиш ба он равона шуд, ки рисолати филиали ширкат дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро шавад. Бо ин мақсад пешниҳоди иттилоъ, нашри расм ва пахши наворҳо бевосита аз маҳали тармафароӣ мадди назар қарор гирифт. Муҳимтар аз ҳама, ин рӯзҳо роҳбарияти филиали Ширкат бевосита дар макони зикршуда қарор дошта, раванди бартарафсозии тармаҳоро бевосита роҳбарӣ намуд. Кормандони ширкати мазкур аз он ифтихорманданд, ки аксар шаҳрвандон ба корҳои амалишуда баҳои воқеӣ дода, шарҳҳои навиштаашон гувоҳи ин гуфта аст. Мутаассифона, ҳастанд ашхосе, ки аз заҳмати дигарон беғаманду аз ҳама касу ҳама чиз норозӣ...
Масъулини IRS бори дигар бо дарки масъулият таъкид намуданд, ки барои боз будани роҳ аз тамоми имкон самаранок истифода менамоем ва ҳавасманд низ ҳастем. Вале эмин нигоҳ доштани ҳамватанон болотар аз омилҳои дигар аст. Аз ин хотир, дар сурати мавҷуд будани хавфи тармафароӣ ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар ин масир муваққатан маҳдуд карда мешавад.
Чанде пеш дар саҳифаҳои марбут ба IRS дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори таваҷҷуҳбарангезе пахш шуд. Ин навор дар баробари он ки даҳшату шаҳомати тармафароиро нишон медиҳад, ҳамзамон собит намуд, ки масъулину кормандони IRS аксар маврид бо баҳои ҷон рисолати хешро иҷро менамоянд. Дар ин навор лаҳзаи аз тарма ҷон ба саломат бурдани директори филиали ширкат ва дигар масъулин инъикос шудааст.
Тавре иттилоъ гирифтем, вақте директори филиали ширкат Нодирҷон Сафаров ва дигар масъулин дар маҳалли тармафароӣқарор доштанд, як тармаи дигар поён омад. Хушбахтона, раҳбарияти ширкат тавонистанд худро ба ҷои амнтар гиранд. Ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ бениҳоят пурбинанда гардида, шаҳрвандон ба масъулиятшиносии роҳбарияти IRS баҳои баланд доданд.
Тавре шоҳидем, дар фарҷоми соли гузашта ва оғози соли равон дар масири Душанбе – Чаноқ, хоса ҳудуд ноҳияҳои Варзоб Айнӣ барф пуршиддату давомдор борида, боиси тармафароии зиёд гардид. Муҳим он аст, ки корҳои бартарафсозӣ зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарият қарор дошт. Бо назардошти вазъияти мавҷуда, роҳбарияти филиали ширкат тасмим гирифт, ки барои бартарафсозии тарма булдозерҳоро низ истифода намояд. Ёдовар мешавем, ки дар робита ба боришоти шадиду тармафароии зимистони солҳои 2016-2017 филиали Ширкат теъдоди муайяни булдозерҳоро, ки истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи олам мебошанд, харидорӣ намуда буд. Масъулини филиали Ширкат аз ин корхонаҳо дидан намуда, баъд аз муътақид шудан ба махсусиятҳои булдозерҳои мавриди назар ва мувофиқ буданашон барои истифода дар роҳи Душанбе – Чанок барои харидории онҳо иқдом намуда буданд. Ҳамрадиф бо ин, барои сари вақт ба макони зарурӣ интиқол додани онҳо трейлер низ харидорӣ шуд. Дар муддати кӯтоҳ тавассути трейлери мазкур ин булдозерҳо ба макони офати табиӣ интиқол дода шуд.
Мардуми зиёд, ки ҷаҳду талоши кормандони филиали Ширкатро шоҳиди ҳол буданд, ба чунин тадбирандешӣ таҳсин хонданд. Муҳимтар аз ҳама, ронандагону мусофирон эътироф карданд, ки маҳз ба шарофати кормандони масъулиятшинос ва техникаҳои пуриқтидоре, ки барои рафъи ин ҳолат аз ҷониби филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» сафарбар шуданд, тармаҳое, ки дарозиву паҳноияшон қобили мулоҳиза маҳсуб мешуд, дар муддати кутоҳ бартараф гардид. Хушбахтона, дар натиҷаи ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ ва моддӣ нест.
- Воқеан ҳам роҳи Душанбе – Чанок дар симои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳбони боэътимод дорад. Ин корҳоро нодида гирифтан беинсофӣ аст. Дидем, ки кормандони IRS хеле масъулиятшиносанд. Ҷаҳду талош мекунанд, то роҳ кушода ва дар ҳолати хуб қарор дошта бошад. Кормандон ҳамеша дар такопӯ буда, ба ронандагону мусофирон бо алфози ширин муносибат мекунанд. Аҳсан ба онҳо!, - гуфтанд ронандагону мусофирон.
Ин омил бори дигар собит намуд, ки омодагии филиали ширкат ба мавсими сармо хеле ҷиддӣ буда, дар ин раванд таваҷҷуҳи хоса ба ҳолати техникаву механизмҳо зоҳир гардида, ба қадри кофӣ маводи зиддилағзиш ва сӯзишворӣ захира шуд. Дар маҷмуъ, пойгоҳи техникии ширкат аз 242 техникаву механизм иборат буда, барои мавсими тирамоҳу зимистон зиёда аз 1 миллион литр сӯзишворӣ ва қариб 20 ҳазор тонна маводи зиддилағзиш захира шудааст.
Биноан, роҳбарияти ширкат бо дарки масъулият таъкид карданд, ки IRS барои дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро намудани вазифаҳояш комилан тавонманд буда, барои комёб будан дар ин ҷода аз тамоми имкон самаранок истифода карда истодааст. Хотиррасон мешавем, ки дар мавсими сармо кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза теъдоди зиёди тармаҳои хурду бузургро бетаъхир бартараф мекунанд.
Бориши барф ва тармафароиҳои ахир дар қисматҳои баландкуҳи шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ бесобиқа буда, баландии барфи маъмулӣ 75 сантимерро ташкил дод. Тавре маълум гардид, давоми ду рӯз ( 31 январ ва 3-юми феврал) дар ин масир 41 тарма бетаъхир бартараф карда шуд. Дар маҷмуъ, бинобар барфбории шадиду муттасил зиёда аз ҳафт километр роҳ зери тарма монда буд. Муҳим он аст, ки кор шабонарӯзӣ идома дошт. Танҳо дар минтақаи Варзоб барои бартарафсозии тармаҳоро, дар маҷмӯъ 24 техника, аз ҷумла булдозер ва дигар техникаҳои пуриқтидор сафарбар шуданд. Бино ба иттилои ширкат, тармафароӣ асосан дар манотиқи Варзоб ва як қисми Айнӣ ба амал омада, тармаҳои нисбатан бузург аз километри 48 то 73 (нақби Истиқлол, собиқ Анзоб) поён омаданд, ки баландтарин онҳо то 10 ва тӯлонитаринашон 340 метрро ташкил мекарданд. Дар умум, тайи соли равон 79 тарма аз куҳҳо пойин омадааст.
Масъалаи дигаре, ки масуълини IRS онро муфассал шарҳу тавзеҳ доданд, сафарбарнамоии техникаҳо барои бартарфсозии тармаҳо маҳсуб мешавад. Аз ҷумла зикр шуд, ки истифодаи теъдоди зиёди техникаҳо дар раванди бартарфсозии тармаҳо ғайриимкон аст. Зеро дар ҳудуди танги роҳ фақат 5 то 6 техника метавонанд дар як маҳал кор кунанд.
Қобили зикр аст, ки дар ин рӯзҳо ба минтақаҳои бехавф интиқол додани мошинҳои дармонда ва тақсими хӯрока миёни мусофирону ронандагон низ мадди назар буд. Илова бар ин, бо кӯмаки кормандони IRS ва мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиа гражданӣ 5 мошин аз зери тарма берун оварда шуда, талафоти ҷонӣ вуҷуд надорад. Дар маҷмуъ, ба шарофати заҳмати шабонарӯзи кормандони IRS дар муддати кутоҳ тармаҳо бартарф ва роҳ боз шуд. Вале бояд мадди назар дошт, ки кушода шудани роҳ маънои хотимаи шабзиндадориву фарҷоми афзоиши сарбории кормандони филиали Ширкатро надорад. Кормандони ширкати мазкур доимо ба тадбирандешии бетаъхир омода буда, аз он ки масофаро коҳиш дода, қалбҳоро бо ҳам мерасонанд, ифтихорманданд. Ба онҳо барору комёбӣ таманно дорем. Хаста набошед!
