ФАРҲАНГИ НИСБАТАН ПАСТИ БАЪЗЕ РОНАНДАГОН - САБАБИ ЯГОНАИ МАҲДУД ГАРДИДАНИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – ЧАНОҚ
.jpg)
Борҳо таъкид намудем, ки маҳз бетафовутии як идда ба тавсияҳои мо дар бобати бе омодагии ҷиддӣ сафар накардан, худдорӣ намудан аз сафар бо воситаҳои нақлиёте, ки тири пешбар надоранд, ба ҷой овардани эҳтироми ҳамдигар, аз ҷумла ба муқобили самти ҳаракат набаромадан замина барои маҳдуд гардидани ҳаракати автомобилҳо дар роҳи Душанбе-Чаноқ мегардад.
Чунин ҳолат субҳи имрӯз низ ба амал омада, боиси ба вуҷуд омадани тамбашавӣ дар минтақаҳои Варзоб ва Зарафшон (минтақаи наздик ба нақби “Истиқлол”) гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки кормандони мо ҳатто шабона фаъолият карда, дар ин замина оқибатҳои тармафароӣ пурра бартараф ва роҳ бо маводи зиддилағзиш коркард шудааст, аммо бо сабаби тамбашавӣ аз субҳи имрӯз ҳаракати нақлиёт дар ин масир комилан мушкил гардид.
Боиси нигаронии ҷиддӣ аст, ки аксар ронандагон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро умуман риоя намекунанд, аз ҷумла ба муқобили самти ҳаракат баромада, нисбат ба дигар ронандагон муносибати дағалона доранд. Дар натиҷа, ҳам худашон дар бунбаст мемонанд ва ҳам ба гузариши дигарон монеа мегарданд.
Табиист, ки дар чунин ҳолат ашхоси аз асли масъала ноогоҳ, онҳое, ки сабабу омилҳои ба вуҷуд омадани тамбашавии воситаҳои нақлиётро намедонанд, IRS-ро гунаҳкор медонанд. Бори дигар аз ронандагон ронандагон хоҳиш менамоем, ки эҳтироми ҳамдигарро дар роҳ ба ҷо оранд, муҳимтар аз ҳама, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоянд.
Ҳоло кормандони мо тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодаанд, то зудтар тамбашавӣ, ки "самара"-и фарҳанги нисбатан пасти баъзе ронандагон аст, бартараф ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин гардад.
