ВАҚТЕ БАЪЗЕ РОНАНДАГОН БЕМАСЪУЛИЯТАНД, ОЁ "IRS" ГУНАҲКОР АСТ?

Масъулини ширкати “IRS”, ки тибқи шартномаи конссесионӣ бо Ҳукумати мамлакат нигоҳдориву хизматрасонии роҳи Душанбе – Чаноқ ба зиммааш вогузор аст борҳо таъкид намудаанд, ки маҳз бетафовутии як идда ба тавсияҳои мо дар бобати бе омодагии ҷиддӣ сафар накардан, худдорӣ намудан аз сафар бо воситаҳои нақлиёте, ки тири пешбар надоранд, ба ҷой овардани эҳтироми ҳамдигар, аз ҷумла ба муқобили самти ҳаракат набаромадан боиси ба вуҷуд омадани тамбашавӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ мегардад.
Чунин ҳолат рӯзи гузашта низ ба амал омада, раванди тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди онро бо маводи зиддилағзиш то андозае ба мушкил мувоҷеҳ намуд. Табиист, ки дар чунин ҳолат ашхоси аз асли масъала ноогоҳ, онҳое, ки сабабу омилҳои ба вуҷуд омадани тамбашавии воситаҳои нақлиётро намедонанд, борони маломатро сари филиали Ширкат мерезанд.
Нигаронии ҷиддии масъулини “IRS”, аз он аст, бинобар бемасъулиятии як идда ронандагон техникаҳои пуриқтидори филиали Ширкат наметавонанд сари вақт ба маконе, ки дар он ҷо боридани барф шадид аст, сафарбар шаванд.
Мутаассифона, ҳастанд нафароне, ки гуфтаҳои мазкурро ҷиддӣ қабул накарда, аксар маврид онро худсафедкунӣ арзёбӣ менамоянд.
-Баъзеҳо иддао доранд, ки чун роҳи Душанбе – Чанок пулакӣ аст, бояд 24 соат кушода бошад. Андешае, ки ба он наметавон розӣ шуд, зеро филиали Ширкат дар баробари дигар уҳдадориҳо, барои таъмини бехатарии ронандагону мусофирон низ масъулият дорад. Ба ибораи дигар, мо наметавонем дар рӯзҳое, ки хавфи тармафароӣ хеле зиёд аст, бо иҷозаи ҳаракат додани гузариши воситаҳои нақлиёт ҳаёти ҳамватанонамонро зери хатар гузорем,-таъкид карданд масъулини ин ширкат.
Бинобар ин, давоми 4 соли охир дар асоси тавсия, пешгӯйӣ ва хулосаи Вазорати нақлиёт, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бозрасии давлатии автомобилӣ дар сурати зиёд будани хавфи тармафароӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта мешавад.
Вобаста ба ҳолати зикршуда бори дигар аз ронандагон чунин тақозо мешавад:
-ҳангоми сафар бо қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро қатъиян риоя намоед, аз ҷумла ба ҳеҷ ваҷҳ ба самти муқобили ҳаракат набароед;
- мошини худро ҷиддӣ ташхис кунед, то нуқсе надошта бошад;
- раванди нерудиҳии акумляторро низ санҷед ;
- чархҳои барои истифода дар мавсими гармо пешбинишударо бо чархҳои зимистона иваз кунед;
- мошинҳои боркаш, хоса автомобилҳои боркаши ядакдор ва фураҳоро бо занҷиру дигар василаҳои зидди яхбандӣ муҷаҳҳаз намоед;
- бо суръате мошин ронед, ки бехатариро дар ҷойҳои сермошину серодам, назди мактабҳо, хамгаштҳо, пулҳо ва нишебиҳо таъмин сохтан имконпазир бошад;
- ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои куҳӣ дар қиёс бо дигар масир масофаро бештар риоя кунед, хеле дур аз мошинҳои дигар ҳаракат кунед, то дар ҳолати зарурӣ тавонед мошини худро бехтар нигоҳ доред;
- тавсияҳои кормандони мо, мутахассисони БДА ВКД ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиро дар мавриди муваққатан маҳдуд намудани ҳаракати мошинҳо дар қитъаҳои ҷудогонаи роҳ ҳангоми мавҷудияти эҳтимолияти лағзиши тарма, сангрезӣ ҳатман риоя намоед.
Бо назардошти гуфтаҳои боло, иловатан аз ронандагон хоҳиш менамоем, ки бидуни омодагие, ки фасли сармо тақозо дорад ва бо автомобилҳое, ки тири пешбар надоранд ба роҳ набароянд, зеро дар баробари он ки худашон ба мушкил мувоҷеҳ мегарданд, ҳамзамон ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод менамоянд.
Кормандони “IRS” боварӣ доранд, ки ронандагон ба иқдомоти филиали Ширкат, ки идомаи мантиқии ибтикори дар самти таъмини ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт қаблан амалишуда маҳсуб мешавад, дар заминаи ҳамдигарфаҳмӣ муносибат хоҳанд кард.
