ШОҲРОҲИ НАВИ ҶАВОБГӮИ ТАЛАБОТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ (Бо асфалте, ки «IRS» давоми 16 соли фаъолият дар роҳи Душанбе – Чаноқ харҷ кардааст, бунёди чунин роҳ имконпазир аст)
.jpg)
16 сол қабл дар асоси Шартномаи консессионӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ҷорӣ гардида буд. Моҳиятан ва мантиқан 16 соли сипаришуда барои роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат марҳилаи сабақомӯз, рушду такомул, тавсеаи равобит, болоравии нуфузу обрӯ, ташаккули афкори ҷомеа маҳсуб мешавад. Муҳим он аст, ки аз оғози фаъолият то ин замон кормандони филиали Ширкат бо масъулиятшиносии худ собит намуданд, ки қодиранд вазифаи нигоҳдории роҳи Душанбе – Чанокро дар сатҳи баланд иҷро намоянд.
Аз ҷониби коршиносон низ эътироф шудааст, ки филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон ба як тими пурқувват табдил ёфта, мутахассисони он дорои савияи баланди касбӣ мебошанд. Дар давоми марҳилаи на чандон тӯлонии фаъолият рушду такомул ҳадафи асосӣ ва масъулиятшиносӣ меҳвари кору пайкор буд. Ин раванд минбаъд низ идома ёфта, мунтазам густариш бахшида мешавад. Дастовардҳои «IRS» дар ин муддат зиёданд, вале мо аз зикри пурраи онҳо худдорӣ менамоем, зеро «чизе, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест».
Масъулини «IRS» борҳо таъкид карда буданд, ки бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд мебошад ва дар сурати амалӣ нагаштани ин кор вайрону валангор гаштани роҳ аз эҳтимол дур нест. Таъкид мегардид, ки роҳи Душанбе – Чанок дар муқоиса бо дигар роҳҳои мамлакат махсусияти худро, аз қабили дар минтақаи релефаш душвори кӯҳистон ҷойгир будан, аз офатҳои табиӣ осебпазирии зиёд доштан, дар шафати дарёҳои шӯху тезоб ҷойгир гардидан ва ғайра дорад. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулоса омад, ки механизми инноватсиониро аз рӯйи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии роҳи Душанбе-Чаноқ мавриди амал қарор диҳад ва тибқи шартномаи консессионӣ нигоҳдории шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд.
Аҳамияти инфрасохтори роҳи автомобилгард барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва тиҷоратии мамлакат бениҳоят бузург аст. Танҳо ҳангоми мавҷуд будани системаи муосири нигоҳдории инфрасохтори роҳҳои автомобилгард, ҳар кишвари дунё имкон пайдо мекунад дар тамоми бахшҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Институтҳои молиявии бонуфузи ҷаҳонӣ, аз қабили Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд, Созмони Милали Муттаҳид зимни пешбурди фаъолияташон ба нигоҳдории инфрасохтори роҳ аҳамияти хоса зоҳир мекунанд. Пажӯҳиши агентии «SANTRAL» собит намуд, ки пас аз се соли таъмиру барқарорсозии роҳи автомобилгард барои нигоҳ надоштани он дар сатҳи зарурӣ 5 маротиба бештар маблағ лозим меояд, баъди 5 сол бошад, барои таъмири он 18 маротиба зиёдтар маблағ зарур аст..
-Дар сурате ки ҳамасола барои таъмиру барқарорсозии роҳи автомобилгарди кишвар миллионҳо сомонӣ аз буҷети давлат ҷудо мегардад, магар ба беҳдошти вазъ тариқи пулакӣ кардани роҳ зарурат мемонад? – пурсида буданд баъзеҳо.
Ин тоифа яқин намедонад, ки айни замон дар мамлакат зиёда аз 32000 километр роҳҳои мошингард мавҷуд аст. Аз ин 14000 километраш дар мувозинаи Вазорати нақлиёт қарор дошта, боқимонда, ки пештар дар мувозинаи колхозу совхозҳо ва дигар хоҷагиҳо буд, алҳол соҳиби муайян надорад. Ва барои нигоҳдории 14000 километр роҳ ҳамасола аз буҷети давлат маблағи муайян ҷудо мегардад. Вале бо назардошти аз минтақаи релефаш душвори кӯҳистон гузаштани аксари ин роҳҳо нигоҳдории онҳо тибқи талаботи мавҷуда то андозае аз имконнопазир аст. Аз ин лиҳоз ба зиммаи IRS вогузор шудани хизматрасонӣ ва нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ муҳиму саривақтӣ буда, амалӣ гаштани иқдоми мазкур ба коҳиш ёфтани хароҷоти буҷети давлатӣ, густариши равобити тиҷоратӣ-иқтисодӣ, таъмину нигоҳдории устувори роҳ ва тамдид намудани муҳлати истифодаи он боис гардид.
Барои тақвияти андеша бамаврид аст ёдовар шавем, ки таъмири куллӣ ва ҷори роҳи Душанбе – Чаноқ аз самтҳои асосии фаъолияти ширкати мазкур маҳсуб шуда, ҳамасола бо фаро расидан мавсими гармо шурӯъ мешавад. Эътироф бояд кард, ки сарфи назар аз фаъолияти пурмаҳсули кормандони филиали Ширкат, бинобар сабабҳои объективӣ ва субъективӣ вайроншавии баъзе қитъаҳои роҳи Душанбе –Чанок ба вуҷуд омада истодааст.
Вазъият то ҳадде нигаронкунанда аст, ки дар ин масир садҳо километр роҳ осеби ҷиддӣ дида, филиали Ширкат дар ин минтақаҳо роҳро таъмири куллӣ карда истодааст. Аз ҷумла, дар мавсими имсола доираи фаъолият хеле васеъ гардида, тибқи нақша дар 3 минтақа – Варзоб, Зарафшон ва Суғд масрафи зиёда аз 30 ҳазор тонна асфалт харҷ ва 32,65 километр роҳ пурра азнавсозӣ шуд. Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки таъмири куллӣ аз лиҳози моҳият ва хароҷот аз бунёди роҳ кам нест. Сарфи назар ин, роҳбарияти филиали Ширкат дар ин самт собитқадам мебошанд, ки далели бебаҳси масъулиятшиносӣ ва муносибати дуюмдараҷа надоштан ба иҷрои вазифаҳои тибқи шартномаи конссесионӣ ба зиммааш вогузоршуда маҳсуб мешавад.Таъмири ҷории роҳ низ дар сатҳи хуб сифати баланд пеш рафта, зиёда аз 100 км роҳро дарбар гирифт.
Шоистаи зикр аст, ки ин таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе – Чаноқ соли 2012 оғоз гардида, ҳамон вақт 2000 тонна асфалт харҷ шуда буд. Минбаъд ин нишондиҳанда тамоюли афзоишро касб карда, соли 2013 ба 6000 тонна, 2014 - 10000 тонна , 2015 -15000 тонна, 2016 - 13575 тонна, 2017 - 51551 тонна, 2018 - 30864 тонна, 2019 - 49862 тонна, 2020 - 29377 тонна, 2021 – 55366 тонна, 2022 - 39916 тонна, 2023 - 25079 тонна ва соли 2024 ба 18408 тонна асфалт расид. Муҳимтар аз ҳама, барои таьмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, 10 корхонаи истеҳсоли масолеҳи барои нигоҳдории роҳ пешбинигардидаи марбут ба филиали Ширкат дар тавсеаи ин раванд саҳми бориз доранд.
Далелҳои мазкур, ки “муште аз хирвор” мебошанд барои дарки моҳияти мавҷудияту фаъолияти IRS ва баровардани хулосаи беғаразона муфиданд.
