ФАЪОЛИЯТЕ, КИ МИСЛИ ОИНА  РАВШАН АСТ

 

Қобили таваҷҷуҳ ва арзандаи арҷгузорӣ аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бахши хусусӣ ва сармоягузориро дар стратегияи рушди дарозмуддати худ яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати иқтисодӣ муайян карда, ба он пайваста таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Аз ҷумла, ҷиҳати ташкили муколамаи озоди байни давлат ва бахши хусусӣ бо мақсади суръат бахшидан ба ислоҳоти иқтисодӣ Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар сатҳи олӣ таъсис дода шуд ва фаъолияти он ба соҳибкорону сармоягузорон имконият медиҳад, ки андешаҳои худро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ мустақиман ба  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пешниҳод намуда, дар марҳилаҳои асосии қабул ва татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ иштирок намоянд. Бояд гуфт, ки фаъолияти «IRS» низ бо мақсади таҳкими ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ роҳандозӣ шудааст.

 Роҳбарият ва кормандони «IRS»  аз он ифтихорманданд, ки ҳоло ба  шарофати фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкат хатарҳои қаблан дар роҳи Душанбе - Чанок мавҷуда бартараф шуда, аҳолӣ  тамоми сол аз истифодаи роҳи автомобилгарди ба меъёрҳо ҷавобгӯ бархӯрдор мебошанд.  Моҳиятан таъмини ҳаракати бемонеаву  бехатари воситаҳои нақлиёт, рушди инфрасохтори роҳҳо аз ҳадафҳои Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон буда,  кормандонаш дар ин ҷода собитқадаманд.

Дар олам маъмул аст, ки нигоҳ доштани роҳ  идомаи мантиқии бунёди он маҳсуб шуда,  дар сурати амалӣ нагаштани ин кор вайрону валангор гаштани роҳ аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин, 16 сол қабл Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулоса омад, ки механизми инноватсиониро аз рӯи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии роҳи Душанбе - Чанок мавриди амал қарор диҳанд. Ҳадафи асосии ин иқдом, пеш аз ҳама, беҳдошти вазъи роҳи мазкур буду ҳаст. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки  ба зиммаи  филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардидани нигоҳдории шоҳроҳ ба коҳиш ёфтани хароҷоти буҷети давлатӣ, тавсеаи равобити тиҷоратӣ-иқтисодӣ, нигоҳдории устувори роҳ ва тамдид намудани муҳлати истифодаи он кумаки амалӣ расонидааст. Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» рисолати ба зиммадоштаашро мунтазам, дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ менамояд. 

Шоҳидем, ки ҳамасола дар мавсими сармо, тармафароӣ, лағжиши кӯҳпораҳо, боришоти шадиди барфу борон сарбории кормандони филиали Ширкатро дучанд намуда, онҳоро ба маънои томаш шабзиндадор мекунад. Роҳбарияти филиали Ширкат низ ин шабҳо дар паҳлӯи кормандон қарор доштанд ва умури корҳо зери назорати ҷиддӣ қарор медиҳанд. доранд.

  Нуктаи муҳим он аст, ки «IRS» барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯйи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани  вазифаҳояш  имконият ва шароити зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаи пуриқтидорро доро буда, аз онҳо самаранок истифода мебарад. Аз ин лиҳоз метавон хулова баровард, ки  фаъолияти «IRS» мисли оина ба ҳама равшан аст. Ба ибораи дигар,  роҳбарият ва кормандони тавре фаъолият доранд, ки бурду бохт ва нақшаҳояшон барои ҳама баръалост.

  Харидории техникаҳои пуриқтидору замонавӣ, ки айни замон теъдодашон ба 242  адад расидааст, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, бунёди плазаҳои нав ба ҷои плазаҳои айни замон амалкунанда, ҷалби мутахассисони болаёқат барои фаъолият дар филиали Ширкат, тавсеаи равобити байналмилалӣ, густариши амалҳои хайриявӣ ва ғайра аз ҷумлаи ибтикороте мебошанд, ки дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намудем.

 Илова бар ин, таъмиру таҷдид дар фаъолияти «IRS»  раванди муттасил аст. Ҳамасола садҳо километр роҳи мавриди назар таъмири асосӣ ва ҷорӣ шуда, ҳамрадиф бо таъмири роҳ, азнавсозии кӯпрукҳои ин масир низ дар маркази диққат қарор дорад. Ашхоси огоҳ фарқияти таъмири ҷориро аз таъмири куллӣ хуб дарк мекунанд, зеро дар раванди таъмири куллӣ роҳ қариб, ки аз нав бунёд мегардад.  Ҳоло дар филиали Ширкат зиёда аз 800 нафар фаъолият доранд.

 Фаъолияти намунавӣ ва пурмаҳсули  филиали Ширкат борҳо аз ҷониби ташкилоту созмонҳои бонуфуз дар сатҳи байналмилалӣ қадрдониву арҷгузорӣ шудааст. Ҳамкориҳои гуногунҷанба бо ташкилоту идораҳои марбута имкон фароҳам овардааст, ки заминаи моддӣ - техникӣ ва малакаи касбии кормандон беш аз пеш такмил  ёбад.

«IRS» бо вазорату идораҳо ва кумитаву муассисаҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати нақлиёт, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик», Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ғайра низ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро роҳандозӣ намудааст. Самараи мусбати чунин иқдомот имрӯз баръалост ва аҳли ҷомеа низ рӯз то рӯз моҳият, ҳадаф ва бартарии фаъолияти ширкатро бояду шояд дарк намуда истодаанд. Дар навбати худ кормандони  «IRS»  минбаъд низ тамоми кӯшишро ба харҷ  дода истодаанд, то ин ки вазифаи хешро дар робита ба хизматрасонӣ ва нигоҳдории роҳи душанбе – Чаноқ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намоянд.

 Мустаҳкам намудани заминаи моддӣ - техникӣ тариқи харидории техникаву таҷҳизоти замонавии нигоҳдории роҳ, дар сатҳи хубтар ва сифати баландтар пешниҳод намудани хизматрасониҳо, сайқал додани малакаи кормандон, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, саҳмгузорӣ дар ғановати буҷет аз нақшаҳои имрӯзу ояндаи роҳбарияти филиали Ширкат  маҳсуб меёбанд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки барои расидан ба ҳадафҳои пешорӯ иқтидору имконот мавҷуд аст ва  аҳли «IRS»  онро минбаъ низ  самаранок истифода хоҳанд кард.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо