ХАТЕ, КИ 690 КИЛОМЕТР ТӮЛ КАШИД

Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки фаъолияти «IRS»  бо мақсади таҳкими ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ роҳандозӣ шудааст. Аксарият хуб медонанд, ки нигоҳдории роҳ осон нест ва хароҷоти бениҳоят зиёд дорад. Мантиқан пулакӣ шудани роҳ низ ба хотири сарфа намудани маблағҳои буҷети давлат ва минбаъд равона намудани он ба самтҳои дигар, аз ҷумла пардохти қарз, амалӣ шудааст. Муҳимтар аз ҳама, ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони он  мардум боварӣ ҳосил намуданд, ки пули барои истифодаи роҳ пардохтшуда барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад. Давоми 16  соли мавҷудияти «IRS»  собит шуд, ки пулакӣ кардани ин роҳ тадбири оқилона буда, пеш аз ҳама, барои беҳдошти ҳолати яке аз роҳҳои стратегии кишвар дахл дорад.

Дар робита ба ин бамаврид аст аз равобити мардум бо «IRS», ки тавассути  шабакаҳои иҷтимоӣ  тамоюли бесобиқаи тавсеа ва тақвиятро касб кардааст, ёдовар шавем. Маҳз тавассути саҳифаҳои “IRS”  дар шабакаҳои иҷтимоӣ ронандагону мусофирон назару пешниҳоди худро оид ба  нигоҳдориву хизматрасонии роҳи Душанбе  - Чаноқ баён намуда, ин омил, пеш аз ҳама, гувоҳӣ дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ гардидани робита бо шаҳрвандон мебошад. Аҳолӣ дар баробари баҳои баланд додан ба корҳои амалишуда, ҳамчунин, эроду пешниҳоди худро ироа менамоянд, ки  ҳатман ва фаврӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст, ки вобаста ба ҳар як эроду пешниҳод бетаъхир тадбирандешӣ шуда,  дар ин замина мушкилот сари  вақт бартараф мегардад.  Масъулини “IRS” аз  он ифтихорманданд, ки таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба саҳифаҳои мазкур рӯзафзун буда, ронандагону мусофирон ба фаъолияти филдиали Ширкат  бетафовут нестанд.

 Аз ҷумла,  тавассути саҳифаҳи зикршуда пешниҳод гардида буд, ки дар масири мазкур хатҳои уфуқӣ аз нав кашида шавад. Ҷоиз ба зикр аст, ки мавҷудияти  хатҳои уфуқӣ яке аз талаботи асосии бахши роҳсозӣ буда, саҳми хатҳои уфуқӣ дар таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт бориз аст ва роҳро зебову назаррабо менамояд. Муҳим он аст, ки пешниҳоди мазкур дар муддати кутоҳ амалӣ шуда,   имсол дар масофаи зиёд чунин хат кашида шуд.

Тибқи иттилои  Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли равон  барои дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ гардидани ин кор  51 тонна ранг ва 5 тонна саққочаи ҷилодиҳанда сарф гардид.  Ба шарофати таваҷҷуҳи хоса ба ин масъала дар намояндагии Варзоб 255 километр, Зарафшон - 243  ва Суғд 192 километр хатҳои уфуқӣ кашида шуд. Дар маҷмуъ, масофаи хатҳои уфуқие, ки имсол  кормандони “IRS”  дар роҳи Душанбе  - Чаноқ  кашиданд,  690 километрро ташкил медиҳад.  

Гуфтан бамаврид аст, ки харидории саққочаҳои ҷилодиҳанда низ  ба пешниҳоди ронандагон рабт дорад. Зеро аз тариқи саҳифаҳои филиали Ширкат дар  шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла "Фейсбук" ронандагон аз бартариву манфиати хатҳои уфуқӣ ёдовар шуда,  дархост намуданд,  ки беҳтар мешавад, агар зимни кашидани хатҳои уфуқӣ ба қобилияти ҷилодиҳии онҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир гардад. Махсусияти кашидани хатҳои уфуқӣ бо истифодаи саққочаҳои зикршуда  дар он зоҳир мегардад, ки шабона  бо қобилияти ҷилодиҳии худ бехтарии ҳаракатро комилан таъмин менамоянд. 

Чун ҳарвақта   ин пешниҳод  низ фавран мавриди баррасии роҳбарияти “IRS” қарор гирифта дар муддати кутоҳ татбиқ шуд. Бо назардошти он ки қонунмеҳварӣ ва таъмини шаффофият барои “IRS”  бениҳоят муҳим аст, ҷиҳати  харидории масолеҳи зикршуда  тендер эълон шуда, дар ин замина ранги босифат ва ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ дастрас гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки бо мақсади муайян сохтани талаботи истифодабарандагони роҳ аз ҷониби филиали Ширкат дар ҳар хати ҳаракати назди плазаҳои толлингӣ барои арзу пешниҳодҳо сандуқ гузошта шудаанд. Илова бар ин, хати доимоамалкунандаи филиали Ширкат - 487011020 низ фаъол буда, дилхоҳ мусофиру ронанда метавонад шабонарӯзӣ занг зада, дархост ва эроди худро ироа намояд.

Тадбирандешиҳои мазкур далели возеҳи он аст, ки боз ҳам беҳбуд бахшидани ҳолати роҳи Душанбе – Чаноқ мунтазам мадди назари кормандони  “IRS” қарор дошта, барои тибқи талабот амалӣ намудан ин кор  филиали Ширкат комилан тавонманд аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо