МУҚОИСА ВА ШУКРГУЗОРӢ (Ҳолати кунунии  роҳи Душанбе – Чаноқ таҳрикбахши ин аъмол аст)


 

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Уфуқҳои истиқлол», аз ҷумла, чунин нигоштаанд: «То соли 1997 ҳамагӣ 42 дарсади роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 20 дарсади роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мумфарш буданду халос, ки аз он 73 дарсад дар ҳолати паст, 26 дарсад дар ҳолати миёна ва танҳо 1 дарсад дар ҳолати хуби техникӣ қарор доштанд».

Тавре медонем, кишварамон, ки 93 дарсади қаламрави онро кӯҳистон ташкил медиҳад, ба се қисмат - Бадахшон, Суғд ва марказу ҷануб ҷудо шуда, ҳамасола то шаш моҳ рафтуомад байни ин гӯшаҳои диёр имконнопазир буд. Маҳз ташаббускории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ нақши бориз гузошт.

 Ҳамин иқдому дастовардҳо буданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи арзёбии созмонҳои ҷаҳонӣ соли 2024 аз ҳисоби нишондиҳандаи сифати роҳҳо зинаи баландро ишғол намуд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд: «Бо таҷдиду навсозии роҳҳои мошингард давоми панҷ соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мавқеи роҳҳо дар байни 165 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда аз зинаи 50 ба 44-ум баромада, нисбат ба солҳои қаблӣ 6 зина баланд гардид ».

Эътироф бояд кард, ки пештар аксар роҳҳои кишвар, аз ҷумла Душанбе – Чаноқ  душворгузар маҳсуб мешуд. Хушбахтона, роҳи мазкур  имрӯз шоҳроҳест, ки тамоми фасли сол маркази ҷумҳуриро ба шимоли кишвар пайванд месозад. 16 сол қабл ба хотири дар чор фасли сол дар ҳоли хуб нигоҳ доштани роҳ нигоҳдории он ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд.

     Ҷоиз ба зикр аст, ки вобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ  роҳи Душанбе - Чаноқ нигоҳубини 24 - соатаро тақозо дорад  Каме беэътиноӣ ба нигоҳдории роҳ метавонад мушкил эҷод кунад ва бехатарии  ронандагону мусофиронро зери суол барад. Аз ин рӯ,  коргарони «IRS» дар чор фасли сол бекор намемонанд. Онҳо тирамоҳу зимистон мунтазам ба тоза кардани барфу бартараф сохтани тармаҳо машѓуланд. Баҳору тобистон бошад, таҷдиду таъмири роҳ, бартараф сохтани паёмади бориши борону омадани сел, соҳилмустаҳкамкунӣ ва лағшиши кӯҳпораҳо  самтҳои асосии фаъолият мебошанд.   Илова бар ин, автомобилҳои дар роҳ дармондаро ба макони амн интиқол дода, мусофиронро муваққатан дар хонаҳои устоҳои роҳ ҷойгир карда, ба ронандагону мусофирон ғизо тақсим менамоянд. Дар баробари тоза нигоҳ доштани роҳ Ширкат, ҳамчунин нисбат ба автомобилҳои дар роҳ дармонда ва ба садама дучоршуда низ бетаваҷҷуҳ нест.

  Хусусан, ҳангоми ба садама дучор шудан бо истифода аз техникаҳои махсус ҳатман онро ба макони лозимӣ мерасонанд.  Ашхоси зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ эътироф карданд, ки ба чунин ҳолат мувоҷеҳ шуда,  ҳангоме ба «IRS» Тоҷикистон муроҷиат намуданд,  бо дарки масъулият ва муносибати самимона автомобили онҳоро то макони зарурӣ интиқол доданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки чунин корро ҳар сол кормандони Ширкат садҳо маротиба иҷро мекунанд.

    Кор кардан, ҷоеро обод намудан, дасти мадад ба дигарон дароз сохтан ба гуфтан осон аст. Масъулини IRS ифтихорманданд, ки теъдоди шахсони  барои масъулиятшиносӣ сипосгузор  тамоюли афзоишро касб намудааст. Зеро онҳо шоҳиди ҳол мешаванд, ки тадбирандешиҳо дар роҳи мазкур хеле зиёд буда, филиали Ширкат рисолати хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷо оварда истодааст. Қаноатмандии шаҳрвандон асосан ба суръати баланди таъмиру таҷдиди роҳ, бетаъхир бартараф гардидани тармаҳо, мунтазам коркард шудани роҳ бо маводи зиддилағжиш ва ғайра рабт дорад. Дар баробари омилҳои зикршуда, мардум аз зебову назаррабо будани роҳ, ки ба шарофати хатҳои уфуқӣ имконпазир гардидааст, изҳори қаноатмандӣ менамоянд.  Ашхоси қадршинос ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш намекунанд, ки қаблан ронандагону мусофирон дар ин масир бо мушкилоти зиёд мувоҷеҳ мешуданд,  роҳ  ҳамасола 7 моҳ баста буд. Мебояд ҳолати кунуниро бо солҳои пеш қиёс намоем, то хулосаи мунсифона ҳосил гардад.

    Бориши пуршиддати барф ва тармафароии солҳои   ахир дар  роҳи мошингарди Душанбе -Чанок    барои ширкати «IRS»   санҷиши ҷиддӣ буд, ки роҳбарият ва кормандонаш  сарбаландона аз он гузаштанд.

Кӯҳистон табиати хоси худро дорад. Кӯҳҳои сарбаланду саркаш, рӯдхонаҳои пуртўғён ҳамеша хатаре эљод мекунанд. Гоҳе ягон қитъаи роњро сел хароб мекунад, гоҳи дигар дар натиҷаи лағшиши кӯҳпорае роҳ  банд мешавад, ҳамчунин дар натиҷаи фурӯ рафтани замин ҷода аз кор мебарояд. Бартараф кардани ҳамаи ин, пешгирӣ кардани хатарҳо ва таъмин намудани ҳаракати нақлиёт дар чор фасли сол кори осон нест.

   Дар ин муддат қариб  2, 7 миллион метри квадратии роҳи Душанбе - Чаноқро таъмиру азнавсозӣ шуда,  зиёда 434780 тонна асфалт сарф гардидааст. Бояд мадди назар дошт, ки  роҳи Душанбе - Чаноқ масирест, ки ҳамеша бо офатҳои табиӣ рӯ ба рӯ мегардад. Мубориза бо ин офатҳо ва бартараф кардани зарари онҳо қувваи кориву хароҷоти зиёдро талаб менамояд. «IRS» пайомади офатҳои табииро бетаъхир бартараф  ва мунтазам роҳро таъмиру таҷдид карда истодааст.

   Барои анҷом додани корҳое, ки зикр шуд ниёз ба техникаву технологияи навин аст. Ширкати «IRS» дорои пойгоҳи пурқуввати техники буда, техникаву механизмҳои он ба 242  адад расид. Аммо ин шумораи ниҳоӣ нест. Барои кори босифат ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ «IRS» дар оянда низ техникаву технологияҳои навтаринро харидорӣ менамояд.

 Мардум  азобҳои дар роҳи Душанбе – Чаноқ, махсусан ағбаи Анзоб кашидаашонро ҳеҷ вақт фаромӯш намекунанд. Мусофирону ронандагон ҳафтаҳо дар Майхӯра ё мавзеи «Ветерок»-и ноҳияи Айнӣ шабҳоро рӯз мекарданд. Аз сабаби зиёд будани теъдоди мусофирон ҳама тавассути тайёра ба шаҳри Хуҷанд рафта наметавонистанд. Ба шаҳри Панҷакенту ноҳияи Айнӣ дар фасли зимистон аз Душанбе ва Хуҷанд рафтуомад  имконнопазир гардида, танҳо ба воситаи шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон имкони ба водии Зарафшон рафтан мавҷуд буд.

Аз ҷониби дигар, вазъи ногувори роҳ боиси он мегардид, ки ронандагон хароҷоти зиёдатӣ намоянд. Бинобар ҳолати ногувори роҳ мошинҳо, сарфи назар аз сабукрав ва ё боркаш будан, зуд – зуд вайрон шуда, боиси нороҳатӣ ва хароҷоти зиёдатӣ мегардиданд. Дидани роҳ, пулҳои бузург, долонҳои зиддитармавӣ ҳатман касро водор месозад, ки биандешад. Биандешад ва мутмаин гардад, ки  роҳсозӣ низ яке аз соҳаҳои санъат мебошад.

Роҳи Душанбе – Чаноқ  ба маънои том шоҳкорӣ аст ва  зебогии он  аз бинанда дил мебарад. Бо ин роҳу иншооти бузургаш метавон ифтихор кард. Кӯҳҳои бузургу бас баландро шикофтанду роҳ сохтанд. Дар мавзеи Майхӯра нақби «Дӯстӣ» арзи ҳастӣ кард. Дарозтарин нақби кишвар - нақби Шаҳристон мавриди истифода қарор гирифт. Дар болои дарёи Сир, дар шаҳри Хуҷанд пули бузургу замонавӣ сохта шуд.

Ин бунёдкориҳо  моро водор менамояд, ки иқтидори инсонро бори дигар эътироф ва нигоҳбони боэътимоди он - «IRS» -ро арҷгузорӣ намоем.  Табиист, ки дар ин маврид гузашта низ пеши назар меояд. Хоса, роҳҳои харобу ранҷҳои беҳисоб, шукр, ки пушти сар шуданд. Ин ҳамаро, албатта, бояд шукр гуфт. Ва эътироф бояд намуд, ки ин дастовардҳо ба шарофати истиқлолият моро насиб гардид. Ҳаргиз фаромӯш набояд кард, ки солҳое, ки мо дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ будем, ин орзуи деринаи сокинони сарзамини бостонии мо ҷомаи амал напӯшида буд.

Дар маҷмӯъ, мо - тоҷику тоҷикистониён  ифтихорманд бояд бошем, ки Пешвои миллати мо бунёдгузори роҳҳои зебои байналмилалие мебошанд, ки барои ояндаи неки ҷаҳону замон ва башар хизмат хоҳанд намуд.

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо