МАСЪУЛИЯТШИНОСИИ “IRS”  - АРЗАНДАИ ҚАДРШИНОСӢ

 

 

 

Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо бунёду азнавсозии роҳҳо  мушкилиҳои марбут ба роҳу нақлиёт рафъ гардида, сокинон метавонанд ба дилхоҳ гӯшаи дурдасти кишвар, бе хавфу хатар сафар намоянд.

Мехоҳам доир ба ҳолати роҳи Душанбе – Чаноқ андешаҳоямро иброз намоям. Тавассути ин масир зиёд сафар кардаам. Чанде пештар низ аз тариқи роҳи мазкур ба шаҳри Душанбе омадам. Гуфтан бамаврид аст, ки ин роҳ  дар минтақаи кӯҳӣ воқеъ буда, солҳои пеш шаҳрвандон барои омадурафт мушкил доштанд.

  Хушбахтона, бо вогузор шудани нигоҳдории  ин роҳ ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мушкилоти қаблӣ  осоре боқӣ намондааст. Тавре гуфтам,  роҳи зикршуда аз минтақаҳои кӯҳӣ гузашта, қаблан дар фасли зимистон барфи зиёд боридаву тармаҳои азим онро банд мекарданд. Борҳо шоҳид будем, ки дар чунин ҳолатҳо «IRS»  фавран ҳаракатро дар роҳ таъмин кардааст. Мехоҳам алоҳида зикр кунам, ки пулакӣ шудани истифодаи роҳ нархи роҳкироро на  афзоиш, балки коҳиш дод. Бо роҳкирое, ки имрӯз ба шаҳру ноҳияҳои  вилояти Суғд  пеш аз «пулакӣ» шудани роҳ сафар кардан ғайриимкон буд.

Чун  дигар ронандагону мусофирон  шаҳодат медиҳам, ки  кормандони «IRS»  аз уҳдаи иҷрои вазифаи ба зимаашон вогузорбуда  баромаданд. Босуръат ва муташаккилона ҷараён доштани таъмири роҳ аз масъулиятшиносиву поквиҷдонии кормандони ин ширкат гувоҳӣ дода, далели бебаҳси он аст, ки роҳи Душанбе – Чанок нигоҳбони боэътимод дорад. Аз мушоҳидаҳоям мегӯям, ки  агар кормандони “IRS” дар фаслҳои зимистону баҳор ба тоза кардани роҳ аз тарма ва коркарди он бо маводи зиддилағзиш машғул шавад, пас фасли гармо таъмиру таҷдиди роҳ мадди назар аст.  Агар дилхоҳ вақт аз ин роҳ гузар намоед, дар ҳар қитъа кормандони ширкат ва техникаҳои пуриқтидорро  машғули иҷрои вазифа мебинед.

Ба ибораи дигар, “IRS” дар давоми фаъолият аз имтиҳонҳои ҷиддӣ гузаштааст. Зеро дар муқоиса ба дигар роҳҳои ҷумҳурӣ, ки нигаҳдориашон ба зиммаи муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо гузошта шудааст, роҳи Душанбе -Чанок аз офатҳои табиӣ зиёд осебпазир аст. Дар давоми чанд соли охир бо вуҷуди лағжиши кӯҳпора ва фаромадани тармаҳои бузург баста нашудани роҳи Душанбе - Чаноқ арзандаи ситоиш аст.  Чунин тарзи корро дида, мардум аз фаъолияти «IRS» қаноатмандӣ ва ба кормандони он арзи сипос баён мекунанд. Дар баробари нигоҳдории  роҳ Ширкат, ҳамчунин нисбат ба автомобилҳои дар роҳ дармонда ва ба садама дучоршуда низ бетаваҷҷуҳ нест. Хусусан, ҳангоми ба садама дучор шудан бо истифода аз техникаҳои махсус ҳатман онро ба макони лозимӣ расонида, мусофиронро муваққтан дар хонаҳои устои роҳ ҷой медиҳанд. Ҷоиз ба зикр аст, ки чунин корро ҳар сол кормандони Ширкат даҳҳо маротиба иҷро мекунанд.

Лозим ба ёдоварист, ки бо фаро расидан мавсими гармо таъмири ҷорӣ ва куллии роҳ шурӯъ шуда, ба ин марҳила омодагии кормандони “IRS” бениҳоят ҷиддӣ буд. Тавре аз саҳифаҳои ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот гирифтем, дар мавсими имсола доираи фаъолият хеле васеъ гардида, тибқи нақша дар 3 минтақа – Варзоб, Зарафшон ва Суғд масрафи  зиёда аз 30 ҳазор тонна асфалт дар назар буд.  Дар ин замина бояд   зиёда аз 100 км  роҳ  таъмири ҷорӣ ва ва 32.65 км  таъмири куллӣ мешуд. Чун ҳарвақта ин навбат низ масъулини IRS ба ваъдаи худ вафо карда, нақшаи пешбинишуда барзиёд иҷро гардид. 

Аз ҷумла, дар минтақаи Варзоб зиёда аз 2 ҳазор тонна асфалт харҷ шуда, зиёда 3.2 км роҳ таъмири куллӣ  шудааст. Илова бар ин, дар минтақаи мазкур бо сарфи 572.03 тонна асфалт  4807 метри мураббаъ  роҳ таъмири ҷорӣ гардид. Ҳамчунин, дар минтақаи Зарафшон 14.35 км роҳро таъмири куллӣ ва ин 6280 метри мурабаъ роҳро таъмири ҷорӣ шуда, бо ин мақсад зиёда аз 10  ҳазор тонна асфалт масраф гардидааст.  Дар минтақаи Суғд низ кор тибқи талаботи мавҷуда роҳандозӣ шуда,   бо харҷи қариб 18 ҳазор тонна асфалт 15.1 км роҳ таъмири куллӣ ва 16000 метри мурабаъ роҳ таъмири ҷорӣ шуд.

Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки таъмири куллӣ аз лиҳози моҳият ва хароҷот аз бунёди роҳ кам нест. Сарфи назар ин, роҳбарияти филиали Ширкат дар ин самт собитқадам мебошанд, ки далели бебаҳси масъулиятшиносӣ ва муносибати дуюмдараҷа надоштан ба иҷрои вазифаҳои тибқи шартномаи конссесионӣ ба зиммааш вогузоршуда  маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, масъулиятшиносии «IRS» арзандаи арҷгузорист.  

 

Аҳлиддин Охонов,

сокини шаҳри Бустон

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо