МАРДУМ АЗ «IRS» ҚАНОАТМАНДАНД , ЗЕРО ...

Замоне ки филиали Ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS) дар Тоҷикистон дар асоси шартномаи консесионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе -Чанокро ба уҳда гирифт, буданд ашхосе, ки норозигӣ карданд. Зеро барои гузариши автомобилҳо вобаста ба категорияашон маблағ пардохт мешуд ва мардум гумон мекарданд, ки он ба болоравии роҳкиро сабаб мегардад. Албатта, ин раванди табиӣ буд, зеро он вақт моҳияти ин иқдомро мардум хуб дарк накарда буданд. Хушбахтона, ба шарофати масъалиятшиносии масъулини «IRS» сафи норозиён на танҳо тамоюли коҳишёбиро касб кард, балки қариб аз байн рафту ҳоло мардум аз фаъолияти филиали ин ширкат дар кишварамон комилан қаноатманданд.
Роҳи мавриди назар, ки аз минтақаҳои кӯҳӣ мегузарад, қаблан дар фасли зимистон барфи зиёд боридаву тармаҳои азим фаромада онро банд мекард. Борҳо шоҳид будем, ки дар чунин ҳолатҳо "IRS» дар муддати бениҳоят кӯтоҳ ҳаракати нақлиётро дар роҳи Душанбе - Чаноқ таъмин кардааст. Муҳимтар аз ҳама, пулакӣ шудани роҳ нархи роҳкироро на афзоиш, балки коҳиш дод. Бо роҳкирое, ки имрӯз ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафар мекунед, пеш аз «пулакӣ» шудани роҳ сафар кардан ғайриимкон буд.
16 сол инҷониб роҳи мазкур баъд аз таҷдид мавриди истифода аст ва мусаллам аст, ки дар ин муддат он таъмирталаб шудааст. Аз ин рӯ, агар кормнадони ширкат фаслҳои зимистону баҳор ба тоза кардани роҳ аз тармаву селовардаҳо машғул шаванд, пас фасли гармо таъмири он масъалаи меҳварист. Имрӯзҳо агар аз ин роҳ гузар намоед, дар ҳар қитъа кормандони ширкатро машғули таъмиру тармим мебинед.
Дар баробари нигаҳдории роҳ ширкат, ҳамчунин, корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонии худро дорад. Корхонаҳои қуму сангреза ва истеҳсоли асфалт бо сармоягузории Ширкат таъсис ёфтаву алъон фаъолияти пурмаҳсул доранд. Дар ин матлаб тасмим гирифтем, ки фаъолияти Намояндагии «IRS» дар минтақаи Зарафшонро ба риштаи таҳлил кашем. Намояндагии зикршуда аз якуми августи соли 2011 фаъолият дошта, нигоҳдории 86,966 километр роҳ, аз ҷумла 5,253 километр нақби Шаҳристонро амалӣ менамояд. Дар минтақа 13 пули хурду калон, 67 қубури обгузар, 2 иншооти зиддитармавӣ, 82,7 километр ҷӯйбори оҳанубетонии канори роҳ ва зиёда аз 12199 метри тӯлонӣ иншооти ҳимоявии канори роҳ мавҷуд мебошад. Табиист, ки барои нигоҳдории ин қадар иншоот маҳсулот, аз қабили асфалт ва регу шағал, лозим аст. Тавре зикр намудем, бо ин мақсад соле пеш дар ноҳияи Айнӣ филиали Ширкат заводи асфалт сохта, ба истифода дод, ки дар баробари эҳтиёҷоти ширкат, ҳамчунин минтақаро бо асфалт, қуму сангреза таъмин менамояд.
Иқтидори корхонаи зикршуда дар як соат мутаносибан 70 тонна асфалт ва 38 тонна қуму сангреза мебошад Дар ин баробар ба фаъолият шурӯъ кардани заводи мазкур аз лиҳози ҳифзи муҳити зист низ манфиатовар аст. Зеро то ба фаъолият оғоз кардани он мардуми деҳаҳои атроф қуму сангрезаро аз ҳар ҷой мегирифтанд, ки дар натиҷа таъсири манфӣ ба табиат мерасид. Пас аз он ки заводи асфалти «IRS» ба фаъолият шурӯъ кард, ин мушкилот то андозае аз байн рафт.
Техникаву механизмҳои филиали Ширкат, ки теъдодашон 242 ададро ташкил медиҳад, роҳсозии замонавии Ширкат имкон фароҳам оварданд, ки мушкилоти дар роҳ бавуҷудомада дар муддати кӯтоҳ бартараф карда шавад. Ба ибораи дигар, филиали Ширкат дар давоми фаъолият аз имтиҳонҳои ҷиддӣ гузаштааст. Зеро дар муқоиса ба дигар роҳҳои ҷумҳурӣ, ки нигаҳдориашон ба зиммаи муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо гузошта шудааст, роҳи Душанбе -Чанок аз офатҳои табиӣ зиёд осебпазир аст. Дар давоми чанд соли охир бо вуҷуди лағжиши кӯҳпора ва фаромадани тармаҳои бузург баста нашудани роҳ дар муқоиса ба солҳои пеш қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст. Худ қазоват кунед, ки барои нигаҳдории 86,996 километр роҳ (манзур намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон аст) 41 техникаву механизми роҳсозӣ сафарбар шудааст. Аммо дар мувозинаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Айнӣ ҳамагӣ чанд техника мавҷуд аст, ки дар давоми сол шояд ҳамагӣ се-чор маротиба истифода мешаванду халос ва боқимондаи рӯзҳо, бинобар набудани сӯзишворӣ, дар канори роҳ «хоб» мекунанд. Ҷаҳду талоши доимӣ ва ташаббускории кормандонашро дида, мардум аз фаъолияти филиали ширкати мазкур дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ мекунанд, зеро бе «IRS» шоҳроҳи байналмилалии зикршуда кайҳо хароб мегардид. Дар баробари нигоҳдории роҳи зикршуда Ширкат, ҳамчунин, нисбат ба автомобилҳои дар ин масир дармонда ва ба садама дучоршуда низ бетаовут нест. Хусусан, ҳангоми ба садама дучор шудан бо истифода аз техникаҳои махсус ҳатман онро ба макони лозимӣ мерасонанд. Ҷоиз ба зикр аст, ки чунин корро ҳар сол кормандони Ширкат даҳҳо маротиба иҷро мекунанд.
Роҳи автомобилгарди ба консессия супоридашуда – яке аз шаклҳои нигоҳдории роҳи автомобилгард, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо» тибқи шартномаи консессионӣ бо пешниҳоди ҳуқуқи истифодабарии самараноки муваққатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (конседент) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё шахсони ҳуқуқии хориҷӣ (консессиядор) барои нигоҳдорӣ ва хизматрасонии роҳи автомобилгард бо назардошти заминҳои ҳамшафати он супорида шудааст. Роҳҳои автомобилгарди музднок бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, суръат бахшидан ба инкишофи шабакаҳои роҳҳои автомобилгард бо роҳи ҷалб намудани маблағгузориҳои иловагӣ ҷиҳати сохтмон ва истифодаи роҳҳои автомобилгард ташкил карда мешаванд. Фаъолияти «IRS» дар Тоҷикистон нишон дод, ки дар заминаи масъулиятшиносӣ метавон афкори ҷомеаро мусбат ва нофаҳмиҳоро бартараф намуд. Ба касе пӯшида нест, ки барои таъмири куллӣ ва ё сохтмони роҳ садҳо миллион доллари ИМА маблағ лозим аст ва Ҳукумати Тоҷикистон, новобаста аз имкони нисбатан маҳдуди молиявӣ, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ роҳҳои тамоми минтақаҳои кишварро азнавсозӣ намуда, ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ намуд. Нигоҳдории роҳ, ки хароҷоти зиёд дорад идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб шуда, дар сурати бетаъхир ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ амалӣ нагардидан дилхоҳ роҳ хароб хоҳад шуд.
Эътироф бояд кард, ки на ҳама дар бобати моҳияти нигоҳдории роҳи автомобилгард маълумоти кофӣ доранд.Нигоҳдории роҳ, фаъолият гуногунҷанба буда, маҷмӯи корҳои пешгирикунанда оид ба нигоҳубини роҳ, иншооти роҳдорӣ ва қисмати ҷудошуда, унсурҳои беҳдошти роҳ, ташкили бехатарии ҳаракат дар роҳ, инчунин бартараф кардани тағйирёбии ҷузъӣ ва нуқсонҳо маҳсуб мешавад, ки дар ин замина роҳ аз вайроншавӣ эмин нигоҳ дошта мешавад. Эътироф бояд кард, ки тавассути муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо наметавон роҳҳоро дар сатҳу хубу сифати баланд нигоҳ дошт. Аз ин рӯ, вогузор кардани нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ ба зиммаи ширкати «IRS», тадбири оқилона маҳсуб мешавад.