МАСЪУЛИЯТШИНОСИИ "IRS" ВА АРҶГУЗОРИИ ВАЗИРИ НАҚЛИЁТ


 

Дар нишасти матбуотии Вазорати нақлиёт, ки 23 июли соли 2025 доир шуд, вазири нақлиёти мамлакат Азим Иброҳим зимни  таҳлили соҳаи роҳу нақлиёт аз  фаъолияти масъули нигоҳдориву хизматрасонии роҳи Душанбе – Чаноқ   - ширкати "IRS" изҳори қаноатмандӣ кард. Илова бар ин, Азим Иброҳим ташаббускориву ҳамгироии "IRS"-ро  вобаста ба таъмиру таҷдиди роҳи маҳаллӣ ситоиш намуда, аз ҷумла гуфт, ки ширкати мазкур дар таъмири куллии 4,5 километр роҳи маҳаллӣ – то деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ (минтақае, ки нигоҳдориаш ба зиммаи "IRS" нест), саҳм гузошт. Бино ба гуфти вазири нақлиёт, маҳз бо кумаки техникаву механизм ва кормандони он роҳи мазкур дар сатҳи хубу сифати баланд таъмир гардидааст.

  Қобили зикр аст, ки  саҳмгузорӣ дар ободонии шаҳру навоҳие,  ки роҳи Душанбе  - Чаноқ аз онҳо мегузарад, барои филиали Ширкати саҳомии "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД"  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи нав нест. Ҳарчанд ба уҳдадориҳои "IRS" ворид нест, вале кормандон ва техникаҳои пуриқтидору махсусгардонидашудаи он  мунтазам дар рафъи пайомадҳои офатҳои табиӣ, бунёди иншооти гуногун ва таъмири роҳҳои маҳаллӣ мусоидат менамоянд. Ин иқдом дар заминаи равобити судманд бо мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳои масири роҳи Душанбе  - Чаноқ амалӣ гардида, натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овардааст. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки соли гузашта аз ҷониби "IRS" бо харҷи 496,4 тонна асфалти хушсифат 3958 метри квадратии роҳи самти Айнӣ  - Кӯҳистони Мастчоҳ таъмири куллӣ гардида буд.

  Агар ба фаъолияти «IRS» таваҷҷуҳ зоҳир намоем, мутмаин хоҳем шуд, ки  он бо мақсади таҳкими ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ роҳандозӣ шудааст. Роҳ ҳам мисли одам ба нигоҳубину ғамхорӣ ниёз дорад. Пойдориву ободиву покизагии он ба манфиати мо аст. Бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд мебошад ва дар сурати амалӣ нагаштани ин кор вайрон гаштани он ногузир аст.  Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулоса омад, ки механизми инноватсиониро аз рӯйи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии роҳи Душанбе-Чаноқ мавриди амал қарор диҳад ва  тибқи шартномаи консессионӣ нигоҳдории шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ба зиммаи  филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  вогузор шуд.

Зарурати амалӣ намудани иқдоми мазкур, пеш аз ҳама, ба хотири нигоҳ доштани вазъи роҳ ва роҳ надодан ба вайроншавии он аст, зеро баробари харҷи маблағи зиёд барои бунёди роҳ, ҳамзамон барои нигоҳ доштани он низ маблағи зиёд лозим аст.

   Мантиқан пулакӣ шудани роҳ низ ба хотири сарфа намудани маблағи буҷети давлат ва минбаъд равона намудани он ба самтҳои дигар, аз ҷумла пардохти қарз, амалӣ шудааст. Ба ибораи дигар, дар заминаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ин вазифа (нигоҳдории роҳ) ба зиммаи дувумӣ вогузор гардид. Мехоҳам як нуктаи муҳимро таъкид намоям, ки пули барои истифодаи роҳ пардохтнамудаи аҳолӣ барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад. Дар давоми 16 сол собит шуд, ки пулакӣ кардани ин роҳ тадбири оқилона буда, пеш аз ҳама, барои беҳдошти ҳолати роҳи стратегии кишвар дахл дорад.

    Ба  шарофати фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкат хатарҳои қаблан дар роҳи Душанбе – Чаноқ мавҷуда бартараф шуда, аҳолӣ  тамоми сол аз истифодаи роҳи автомобилгарди ба меъёрҳо ҷавобгӯ бархӯрдор мебошанд.  Таъмини ҳаракати бемонеаву  бехатари воситаҳои нақлиёт, рушди инфрасохтори роҳҳо аз ҳадафҳои Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон буда,  дар ин ҷода собитқадам аст. Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» рисолати ба зиммадоштаашро мунтазам дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ менамояд.  Нуктаи муҳим он аст, ки «IRS» барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯйи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани  вазифаҳояш  имкони васеъ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаи пуриқтидорро доро буда, аз онҳо самаранок истифода мебарад. Бояд гуфт, ки фаъолияти Ширкат мисли оина ба ҳама равшан аст. Ба ибораи дигар, «IRS»  тавре фаъолият дорад, ки бурду бохт ва нақшаҳояш барои ҳама баръалост.

  Фаъолияти намунавӣ ва пурмаҳсули  филиали Ширкат борҳо аз ҷониби ташкилоту созмонҳои бонуфуз дар сатҳи байналмилалӣ қадрдониву арҷгузорӣ шудааст. Ҳамкориҳои гуногунҷанба бо ташкилоту идораҳои марбута имкон фароҳам овардааст, ки заминаи моддӣ – техникӣ ва малакаи касбии кормандон беш аз пеш такмил  ёбад. Дар сатҳи ҷумҳурӣ низ бо вазорату идораҳо ва кумитаву муассисаҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати нақлиёт, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК «Барқи Тоҷик», Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ғайра, ҳамкориҳои мутақобилан судмандро роҳандозӣ намудааст. Самараи мусбати чунин иқдомот имрӯз баръалост ва аҳли ҷомеа низ рӯз то рӯз моҳият, ҳадаф ва бартарии фаъолияти ширкатро бояду шояд дарк намуда истодаанд. Бамаврид аст зикр намоям, ки дар муддати 16 сол «IRS» ҳамчун сармоягузор тамоми кӯшишро ба харҷ дод, то ҳолати роҳи Душанбе – Чаноқ ҷавобгӯи талабот бошад. Дар ин робита зикр кардан бамаврид аст, ки роҳи Душанбе – Чаноқ аз лиҳози душворгузарӣ  махсусияти зиёд дошта, табиист, ки дар чунин ҳолат бисёр ширкатҳои саҳомӣ майли сармоягузорӣ ба чунин роҳро ҷиҳати нигоҳдории он надоранд. Аз ин лиҳоз,  мо бояд чунин сармоягузоронро ҳамчун сафирон барои ҷалби сармояи бештар ба мамлакат ва дар ин замина, таъмини рушди соҳаҳо ҷалб ва арҷгузорӣ намоем.Дар маҷмуъ, қадр шудани ташаббускориву масъулиятшиносии «IRS»  аз ҷониби  вазири нақлиёти мамлакат Азим Иброҳим  иқдоми наҷиб ва муҳиму саривақтист.

 

Сайфиддин Суннатӣ,

рӯзноманигор, Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо