РОҲБАРИЯТИ МАСЪУЛИЯТШИНОС, КОРМАНДОНИ ЗАҲМАТПЕША ВА ПОЙГОҲИ ҒАНИИ ТЕХНИКӢ
.jpg)
Аслан ягон роҳ бепул нест. Шаҳрвандон – истифодабарандагон бо роҳу василаҳои гуногун дар нигоҳдории роҳ саҳм доранд. Дар ин самт таҳким бахшидани ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ба манфиати кор аст. Дар заминаи ин ҳамкорӣ баҳри беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоӣ – иқтисодии шаҳрвандон шароит фароҳам меояд. Таҳкими ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ дар самти ҷоринамоии низоми толллингии идоракунии роҳҳо яке аз василаҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда аст. Ҷоринамоии ин таҷриба дар дигар роҳҳои мамлакат ва дигар кишварҳои ИДМ кори муҳим маҳсуб мешавад.
Моҳиятан роҳи музднок роҳест, ки ширкат барои нигоҳдориаш муваззаф буда, ҷиҳати ҷавобгӯи талабот будани он масъулият дошта, дар ин самт бояд аз имконоти дар ихтиёрдоштааш самаранок истифода намояд. Маъмулан ҳукумати кишварҳои рӯ ба рушд дар заминаи татбиқи чунин лоиҳаҳо, ки аксар маврид бо ҷалби сармояи хориҷӣ амалӣ мешаванд, ҳолати роҳҳоро беҳтар менамоянд. Бояд дарк намуд, ки талабот ва усули иситифодаи чунин тарзи кор (манзур ҷорӣ намудани низоми толлингии истифодаи роҳҳо аст) дар ҳар кишвар махсусияти худро дорад. Баъзеҳо ҳоло низ иддао мекунанд, ки бидуни мавҷудияти роҳи алтернативӣ ҷорӣ намудани низоми толлингӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи матлаб нест. Вале роҳи Душанбе - Чаноқ аз лиҳози релефи ҷойгиршавӣ махсусиятҳои худро дорад, ки мавҷудият ва истифодаи роҳи алтернативиро зери суол мебарад. Дар баландии зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр эъмор намудани роҳи ба истилоҳ «алтернативӣ» мантиқан ва моҳиятан зери суол аст. Дар он сурат барои мавҷудияти роҳи пулакӣ чӣ зарурат мемонад?
Сониян, бунёди роҳи алтернативӣ, хоса масири Душанбе - Чаноқ, ки аз минтақаи релефаш душвори кӯҳистон мегузарад, кори саҳлу сода нест. Муҳимтар аз ҳама, нигоҳдории роҳи «алтернативӣ» низ хароҷоти қобили мулоҳиза дошта, сарбории масрафи маблағҳои буҷавиро зиёдтар менамояд. Мантиқан пулакӣ шудани роҳ низ ба хотири сарфа намудани маблағҳои буҷети давлат ва минбаъд равона намудани он ба самтҳои дигар, аз ҷумла пардохти қарз, амалӣ шудааст.
Дар давоми 16 соли фаъолият мардум боварӣ ҳосил намуданд, ки пули барои истифодаи роҳ пардохтнамуда барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад. Барои мутмаин гардидани хонандагон овардани далелҳои зерро бамаврид медонем: Харидорӣ ва харҷи сӯзишворӣ барои "IRS" яке аз самтҳои асосӣ маҳсуб мешавад, зеро нишондиҳандаҳои марбут ба он далели то чӣ андоза пурмаҳсул будани фаъолият маҳсуб мешавад. Ин раванд мунтазам дар ҳоли рушд буда, шаҳодати рӯз то рӯз густурда шудани таъмиру таҷдид ва дигар корҳои марбут ба нигоҳдории роҳи Душане – Чаноқ мебошад. Барои мисол, соли 2010 IRS барои дар сатҳи хубу сифати баланд нигоҳ доштани роҳи Душанбе – Чаноқ 49876 литр сӯзишворӣ харҷ карда буд. Бинобар дар муддати кутоҳ вайрон шудани роҳи мазкур ва зарурати таври густурда таъмиру азнавсозии роҳу пулҳо ин нишондиҳанда бемайлон афзуда, соли 2011 201968 литр, 2012 - 310296, 2013 - 385680, 2014 - 682473, 2015 - 1 119649, 2016 - 1 036774, 2017 - 1 759427, 2018 - 1 796185, 2019 - 1 316418, 2020 - 974 012, 202 - 2 872557, 2022 - 2 832 443, 2023 - 1025581 ва соли 2024 1291586 литрро ташкил дод.
Харидории техникаву механизмҳои замонавӣ омили дигари тавсеабахши фаъолият буда, таваҷҷуҳи роҳбарияти «IRS» ба он хоса аст. Ин нишондиҳанда низ давоми фаъолият тамоюли афзоишро касб кардааст. Масалан, соли 2010 12 техникаву механизм, 2011 - 13, 2012 -14, 2013 – 17, 2014 - 15 , 2015 – 54 , 2016 - 24 , 2017 - 21, 2018 - 8, 2019 - 22 , 2020 - 7, 2021 – 6, 2022 - 15, 2023 – 4 ва соли 2024 13 техникаву механизм харидорӣ шуд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки ин таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе – Чаноқ соли 2012 оғоз гардида, ҳамон сол 2000 тонна асфалт харҷ шуда буд. Минбаъд ин нишондиҳанда бамаротиб зиёд гардида, соли 2013 ба 6000 тонна, 2014 – 10000 тонна , 2015 -15000 тонна, 2016 - 13575 тонна, 2017 - 51551 тонна, 2018-30864 тонна, 2019 - 49862 тонна, 2020 - 29377 тонна, 2021 – 55366 тонна, 2022 - 39916 тонна, 2023 - 25079 тонна ва соли 2024 ба 18408 тонна асфалт расид.
Маҳз ин омилҳо замина фароҳам оварданд, ки ширкати мазкур дар нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ комёб бошад ва дар давоми 16 сол назари мардум тамоюли мусбатшавиро касб намояд. Роҳбарияти филиали Ширкат тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодаанд, ки ҳаракат дар роҳи Душанбе – Чаноқ барои ронандагону мусофирон бехатар, бароҳат ва саҳл бошад. Бо ин мақсад аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода шуда, ин омил дар сархати авлавиятҳои филиали Ширкат қарор дорад. Бо мақсади дар сатҳи баланд пеш бурдани фаъолият тӯли 16 соли мавҷудият 134 иншоот, аз ҷумла пойгоҳ барои экспертҳо, анбор барои нигоҳдории маводи зиддилағжишу дигар масолеҳ, сехҳои истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо, иншооти зиддитармавӣ, сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар боло рафтани сатҳи хизматрасонии ба бахшҳои роҳу нақлиёт рабтдошта мусоидат намуд, балки андешаи мардумро дар мавриди нигоҳдории роҳ дигар кард. Аксар давлатҳои собиқ ИҶШС маҳз ба таҷрибаи филиали ширкат, бо дарназардошти модели барои табодули таҷриба арзанда будан, пайравӣ намуданд. Рӯнамоии модели фаъолият аз ҷониби кормандони мо дар сомонаи филиали ширкат қобили дарёфт аст.
Дар маҷмӯъ, роҳбарияти «IRS» масъулиятшинос, кормандонаш соҳибкасбу заҳматпеша, пойгоҳи техникиаш пурқувват, фаъолияти корхонаҳои таъсисёфта муназзам, равобит бо шарикон густурда ва дар ҷодаи рушд собитқадам аст.