IRS БАРОИ НИГОҲДОРИИ РОҲИ ДУШАНБЕ – ЧАНОҚ ЧӢ ҚАДАР АСФАЛТ ХАРҶ КАРДААСТ?

 

 

 

Таъмиру таҷдид аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҳсуб шуда, муносибат ба он хоса аст. Масъулиятшиносии кормандони филиали Ширкат дар робита ба ин масъала хеле баланд буда, баробари ба вуҷуд омадани вайроншавии кучактарин дар роҳи Душанбе – Чаноқ бетаъхир чораандешӣ мешавад.

Чанде пеш таъмири ҷорӣ ва куллии роҳ шурӯъ шуда, дар ин самт кормандони IRS азми қавӣ ва омодагии ҷиддӣ доранд. Дар мавсими имсола доираи фаъолият хеле васеъ гардида, тасмим гирифта шудааст, ки садҳо километр таъмири ҷорӣ ва даҳҳо  километр роҳ таъмири куллӣ шавад.  Тибқи нақша дар мавсими имсола дар 3 минтақа – Варзоб, Зарафшон ва Суғд  зиёда аз 30 ҳазор тонна асфал харҷ хоҳад шуд. Дар ин замина,   зиёда аз 100 км  роҳ  таъмири ҷорӣ ва ва 32.65 км  таъмири куллӣ мешавад.

   Тавре масъулини IRS гуфтанд, дар минтақаи Варзоб зиёда аз 2 ҳазор тонна асфалт харҷ шуда, 3.2 км роҳ таъмири куллӣ хоҳад шуд. Илова бар ин, дар минтақаи мазкур бо сарфи 572.03 тонна асфалт  4807 метри мураббаъ  роҳ таъмири ҷорӣ мешавад.

   Ҳамчунин, дар минтақаи Зарафшон 14.35 км роҳро таъмири куллӣ ва ин 6280 метри мурабаъ роҳро таъмири шуда, бо ин мақсад сарфи қариб 8 ҳазор тонна асфалт дар назар аст. Дар минтақаи Суғд сарфи қариб 18 ҳазор тонна асфалт пешбинӣ гардида, дар ин замина 15.1 км роҳро таъмири куллӣ ва 16000 метри мурабаъ роҳ таъмири ҷорӣ мешавад.   Қобили зикр аст, ки то ин вақт дар минтақаи Суғд 3.2 км роҳ таъмири куллӣ ва даҳҳо километр роҳ таъмири ҷорӣ шуда, барои ин кор зиёда аз 4000 тонна асфалт сарф шудааст. Дар ин минтақа нишондиҳандаи таъмири ҷории роҳ и 68%-и нақшаро ташкил медиҳад. Таъмиру таҷдиди роҳ дар минтақаи Зарафшон низ дар сатҳи хубу сифати баланд идома дошта,  то ин вақт зиёда за 2000 тонна асфалт сарф шудааст.

  Тавре аз Маркази матбуоти IRS  иттилоъ доданд, дар минтақаи Варзоб таъмири ҷории роҳ аллакай 95%  иҷро шуда,  таъмири куллии роҳ аз 15 июли соли равон оғоз мешавад.

 Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки таъмири куллӣ аз лиҳози моҳият ва хароҷот аз бунёди роҳ кам нест. Сарфи назар ин, роҳбарияти филиали Ширкат дар ин самт собитқадам мебошанд, ки далели бебаҳси масъулиятшиносӣ ва муносибати дуюмдараҷа надоштан ба иҷрои вазифаҳои тибқи шартномаи конссесионӣ ба зиммааш вогузоршуда  маҳсуб мешавад.

  Лозим ба ёдоварист, ки ин таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе – Чаноқ  соли 2012 оғоз гардида, ҳамон вақт 2000 тонна асфалт харҷ шуда буд. Минбаъд ин нишондиҳанда тамоюли афзоишро касб карда, соли 2013 ба 6000 тонна,  2014 – 10000 тонна , 2015 -15000 тонна, 2016  - 13575 тонна, 2017 -51551 тонна, 2018-30864 тонна, 2019  -  49862 тонна,  2020 - 29377 тонна, 2021 – 55366 тонна,  2022 - 39916 тонна, 2023 - 25079 тонна  ва соли 2024 ба  18408 тонна асфалт расид.

Муҳимтар аз ҳама, барои таьмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, 10 корхонаи истеҳсоли масолеҳи барои нигоҳдории роҳ пешбинигардидаи  марбут ба филиали Ширкат дар тавсеаи ин раванд саҳми бориз доранд.

 

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо