Ҳамватанони гиромӣ

 

 

Бо арзи эҳтиром шуморо ба ифтихори Рӯзи  Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, орзу менамоям, ки дар сарзамини куҳанбунёди мо сулҳу ваҳдат, суботу оромӣ, файзу баракат ва хушбахтиву осудаҳолӣ то абад поянда бошад.

Хуб дар хотир дорем, ки ба шарофати азми қавӣ ва иродаи неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ, ки дар гӯшаву канори гуногуни олам зиёда аз чил моҳ идома ёфтанд, 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

  Ин  сана дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон оғози марҳилаи сифатан нави рушду такомул ба ҳисоб рафта, рамзу ҳикмати зиёд дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: «Сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулҳпарвари мо, яъне хизмати таърихии халқи қаҳрамони тоҷик мебошад».

   Бигзор, Тоҷикистони азиз то ҷовидон маъвои сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафту ободӣ монад!

 

Бо  эҳтиром

Нодирҷон Сафаров - директори филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо