РОҲСОЗИВУ РОҲНИГОҲДОРӢ САНЪАТАНД

Чун сухан дар бораи IRS равад, пеш аз ҳама, бояд мадди назар дошта бошем, ки фаъолияти он бо мақсади таҳкими ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ роҳандозӣ шудааст. Аксарият хуб медонанд, ки нигоҳдории роҳ осон нест ва хароҷоти бениҳоят зиёд дорад. Мантиқан пулакӣ шудани роҳи Душанбе – Чаноқ низ ба хотири сарфа намудани маблағҳои буҷети давлат ва минбаъд равона намудани он ба самтҳои дигар, аз ҷумла пардохти қарз, амалӣ шудааст. Ба ибораи дигар, дар заминаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ин вазифа (нигоҳдории роҳ) ба зиммаи дувумӣ вогузор гардид.
Мехоҳем як нуктаи муҳимро таъкид намоям, ки пули барои истифодаи роҳ пардохтнамудаи аҳолӣ барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад. Хулоса, дар давоми 15 сол собит шуд, ки пулакӣ кардани роҳи Душанбе – Чаноқ тадбири оқилона буда, пеш аз ҳама, барои беҳдошти ҳолати роҳи стратегии кишвар дахл дорад. Бояд эътироф кард, ки дар муқоиса ба дигар роҳҳои кишвар, вазъи роҳи Душанбе – Чаноқ хеле беҳтар буда, сарфи назар аз он ки аз минтақаи релефи душвори кӯҳистон мегузараду дар мавзеи аз офатҳои табиӣ зиёдтар осебпазир воқеъ мебошад, ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт тариқи он таъмин аст. Табиист, ки ҳолати хуби роҳи мавриди назар самараи масъулиятшиносии нигоҳбони он – филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Муҳимтар аз ҳама, бо бунёд ва ба меъёрҳои байналхалқӣ мутобиқ гардонидани он на танҳо ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар тамоми фаслҳои сол байни ҷанубу шимолу мамлакат таъмин гардид, инчунин аз тариқи қаламрави кишвари мо барои робитаҳои нақлиётии давлатҳои ҳамсояи ҷанубӣ ва шарқии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо шароити мусоид фароҳам омад.
Эътироф бояд кард, ки дар он замон ба бунёди чунин шоҳроҳи бузург на ҳар кас хушбин буд. Ҳатто баъзе аз мутахассисони соҳаи роҳсозиву пулсозиву нақбсозӣ иҷрои лоиҳаи мазкурро зери шубҳа бурданд.
Журналист Абдуқодири Раҳим дар китобаш «Пайвандгари марзҳо ва дилҳо» барҳақ нигоштааст: «Чанд сол пеш бархе ҳеҷ бовар надоштанд, ки шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ бо сифати баланд, ҷавобгӯй ба талаботи ҷаҳонӣ таҷдид мегардад. Ин шоҳроҳ аз ҳама шоҳроҳҳои кишвар ва тамоми мамолики дунё ба ағбаҳои баланду печ дар печ, замину кӯҳҳои сахт тафовут дошт. Зимистони сарду пурбарф, баҳори сербориш ба сохтмон монеа эҷод менамуд. Чун барои ин кор сармояи хориҷӣ ҷалб гардид, боз ҳангома бардоштанд. Гӯё дилсӯзи миллат буданд, ки барои қарзу баргардондани он борҳо изҳори андеша карданду давлатро ба чашми мардум нотавон нишон доданд. Дар рафти сохтмону таҷдид низ доираи ҳангомаҳову шубҳаҳоро васеъ карданду зиёд. Хушбахтона, шоҳроҳ бо иншооташ сохта шуд».
Эътироф бояд кард, ки роҳи мавриди назар то пурра бозсозӣ шудан душворгузар маҳсуб мешуд. Мардум азобҳои дар роҳҳои пурпечутобу хатарноки Душанбе-Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд, махсусан ағбаи Анзоб кашидаашонро ҳеҷ вақт фаромӯш намекунанд. Мусофирону ронандагон ҳафтаҳо дар Майхӯра ё мавзеи «Ветерок»-и ноҳияи Айнӣ шабҳоро рӯз мекарданд. Аз сабаби зиёд будани теъдоди мусофирон ҳама тавассути тайёра ба шаҳри Хуҷанд рафта наметавонистанд. Ба шаҳри Панҷакенту ноҳияи Айнӣ дар фасли зимистон аз Душанбе ва Хуҷанд рафтуомад имконнопазир гардида, танҳо ба воситаи шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон имкони ба водии Зарафшон рафтан мавҷуд буд.
Аз ҷониби дигар, вазъи ногувори роҳ боиси он мегардид, ки ронандагон харҷи зиёд намоянд. Бинобар ҳолати ногувори роҳ мошинҳо, сарфи назар аз сабукрав ва ё боркаш будан, зуд – зуд вайрон шуда, боиси нороҳатӣ ва хароҷоти зиёдатӣ мегардиданд.
Дар кишвар роҳе вуҷуд надорад, ки мисли роҳи Душанбе-Чаноқ иншооти зиёд дошта бошад. Дидани роҳ, пулҳои бузург, долонҳои зиддитармавӣ ҳатман касро водор месозад, ки биандешад. Биандешад ва мутмаин гардад, ки роҳсозӣ низ санъат мебошад.
Ин роҳ бо ҳамаи иншооташ бисёр зебо аст ва ин зебоӣ аз бинанда дил мебарад. Бо ин роҳу иншооти бузургаш метавон ифтихор кард. Кӯҳҳои бузургу бас баландро шикофтанду роҳ сохтанд. Дар мавзеи Майхӯра нақби «Дӯстӣ» арзи ҳастӣ кард. Дарозтарин нақби кишвар - нақби Шаҳристон мавриди истифода қарор гирифт. Дар болои дарёи Сир, дар шаҳри Хуҷанд пули бузургу замонавӣ сохта шуд.
Пули ноҳияи Айнӣ низ бо санъати баландаш моро водор менамояд, ки иқтидори инсонро бори дигар бештару беҳтар эътироф созем. Дар ин маврид гузашта низ пеши назар меояд. Роҳҳои харобу ранҷҳои беҳисоб, шукр, ки пушти сар шуданд. Кунун одамон ба дидори ҳамдигар бе мушкилӣ мерасанд.
Таҷрибаи нигаҳдории роҳи «Душанбе - Чаноқ» нишон дод, ки «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар самти коршоям нигоҳ доштани роҳи мазкур тамоми чораҳоро меандешад ва бо мақсади тасмимгирии дуруст ва гирифтани таҷриба бо ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ дар соҳаи роҳсозӣ муносибатҳои шарикиро ба роҳ мондааст.
Агар гӯем, ки 15 соли фаъолият барои «IRS» марҳилаи санҷишу имтиҳонҳои ҷиддӣ, такомулу шаклгирии фаъолият, тавсеаи равобит, болоравии сатҳи маъруфият, пурқувват гардидани пойгоҳи техникӣ, саҳмгузорӣ дар ғановати буҷети давлатӣ ва ғайра маҳсуб мешавад, муболиға нахоҳад буд. Корҳои амалишуда далели бебаҳси онанд, ки дар тамоми ҳолат кормандони филиали Ширкат рисолати дар асоси шартномаи консессионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаашон вогузоршударо дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷой оварда истодаанд