89599 РОНАНДА МАБЛАҒИ ИСТИФОДАИ РОҲИ ДУШАНБЕ - ЧАНОҚРО ҒАЙРИНАҚДӢ ПАРДОХТ МЕНАМОЯНД

 

 

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз Паёми Роҳбари давлат ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар  маншаъ гирифта, тибқи он  аз 1-уми августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин, қабули маблағ аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ шуда истодааст.

 Қабл аз ҳама бояд гуфт, ки пардохти ғайринақдӣ яке аз ҷузъҳои асосии низоми молиявӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини фаъолияти устувору мунтазами низоми молиявии кишвар, татбиқи саривақтӣ ва самараноки сиёсати пулию қарзӣ, буҷетӣ, саривақту бехатар гузаронидани маблағ байни субъектҳо, ки ба истеҳсоли мол ва иҷрои кору хизматрасониҳо дар иқтисодиёти миллӣ ва берун аз он машғуланд, нақши муассир дорад.

   Дар маҷмуъ, ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ низоми иҷрои амалиёти молиявӣ ба воситаи техника ва технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ бидуни пули нақд буда, бо принсипҳои саривақтӣ, мунтазамӣ, бехатарӣ асос ёфта, бо қонунҳои давлатӣ ва қоидаҳои бонкӣ танзим шуда, бо назардошти пешрафти илму техника такмил дода мешавад.

     Далели раднопазир аст, ки тавсеаи ин раванд маҳз ба шарофати дастгириву таваҷҷуҳи доимӣ ва хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардид. Эътироф бояд кард, ки солҳои пеш саҳми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар назаррас набуда, маблағи доираи маҳдуди хизматрасониҳои давлатӣ ба тариқи ғайринақдӣ пардохт шуда, танҳо марказҳои нисбатан бузурги савдо аз технологияҳои муосири пардохтии ғайринақдӣ истифода менамуданд. Ҳол он ки дар бештари кишварҳои рушдёфта низоми пардохтии ғайринақдӣ ба таври пурра ҷорӣ гардида, саҳми пардохтҳои ғайринақдӣ зиёда аз 90 фоизро ташкил медиҳад, ки ин омили асосии рушди иқтисодиёт, татбиқи иқтисодиёти рақамӣ ва кам гардидани иқтисодиёти ғайрирасмӣ дар ин кишварҳо гардидааст.

 Бо итминони комил метавон гуфт, ки натиҷаҳои ин иқдом аллакай назаррас ва шоистаи таҳсин буда, замина фароҳам овард, ки ҳиссаи пардохтҳои нақдӣ дар муомилоти пулӣ бамаротиб коҳиш ёбаду истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ, РОС-терминалҳо, QR-рамз ва дигар шаклҳои муосири пардохти ғайринақдӣ ҳангоми пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, хизматрасониҳои иҷтимоӣ, коммуналӣ, харидуфурӯши амволи манқул ва ғайриманқул, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин, пардохтҳо дар тамоми нуқта ва марказҳои савдою хизматрасонӣ тамоюли бесобиқаи афзоишро касб намоянд.  

  Тибқи маълумоти Бонки миллӣ, дар семоҳаи аввали соли равон дар Тоҷикистон ба маблағи 846,8 млн сомонӣ (беш аз 81 млн доллар) зиёда аз 5,4 млн амалиёти ғайринақдӣ анҷом дода шудааст. Муҳим он аст, ки теъдод ва маблағи чунин амалиёт дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 28% ва 50,3% зиёд гардидааст.

    Оператор оид ба нигоҳдорӣ ва хизматрасонии роҳи автомобилгарди Душанбе - Чанок – филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ»  бениҳоят фаъол буда, дар робита корҳои зиёд амалӣ шудааст. Мутаносибан  14199 ва 75400 – то   будани теъдоди дорандагони кортҳои пардохтӣ ва RFID (чипе, ки дар пештоқи оинаи автомобил насб карда, бидуни таваққуф плазаро гузаштан имконпазир аст) шаҳодати ин гуфта мебошад. Ба ибораи дигар, 89599 ронанда маблағи истифодаи роҳи Душанбе – Чаноқро ғайринақдӣ пардохт менамояд.

   Пардохти ғайринақдӣ барои ронандагон аз лиҳози молиявӣ фоидаовар аст, зеро дар қиёс ба пардохти нақдӣ хеле арзонтар мебошад.  Ройгон пешниҳод намудани  RFID, кортҳои пардохтӣ  ва зиёд намудани хатсайрҳои экспресс идомаи мантиқии корҳои дар робита ба ин масъала амалигардида маҳсуб мешавад. Ин иқдом  бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ,  кам намудани хароҷоти истифодабарандагони роҳ,  роҳ надодан ба нороҳатӣ ва асабонияти онҳо амалӣ шуда,  паҳлуҳои мусбати дигар, аз ҷумла ҷанбаи экологӣ низ дорад.

   Сониян, он воситаи хеле қулайи баҳравар гаштан аз хизматрасониҳои пешниҳодменамудаи филиали Ширкат ба ҳисоб рафта, вақти ронандагону мусофиронро сарфа менамояд.   Илова бар ин, иқдом   ба коҳиш ёфтани пули нақд дар гардиш, ки аз лиҳози иқтисодӣ хеле муҳим аст, боис мегардад.

    Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар низоми толлингии филиали Ширкат дар муддати кутоҳ суратҳисоби худро кушоянд ва аз имкони пардохти маблағи гузариш аз плазаҳо тариқи ғайринақдӣ истифода намоянд. Барои онҳое, ки дар пештоқи оинаи автомобилашон RFID насб шудааст, имкон фароҳам меояд, ки умуман дар плазаҳо таваққуф накунанд.

    Ба дорандаи василаи дигар - кортҳои пардохтии “IRS” кофӣ аст, ки кортро ба панели берунаи пардохт, ки дар ҷойгоҳи хазинадор насб шудааст, наздик барад.  Таҷҳизоти замонавии насбшуда фавран ба кор даромада, маблағи пешбинишуда гирифта, роҳ барои гузариши воситаи нақлиёт кушода мешавад. Истифодаи чунин корт ва RFID дар баробари бартариҳои зикршуда, ҳамчунин, замина фароҳам меорад, ки тамбашавии автомобилҳо дар плазаҳои толлингӣ аз байн равад.

    Хотиррасон бояд кард, ки баҳравар шудан аз ин хизматрасонӣ дар муддати кутоҳ имконпазир буда, шаҳрвандонро мебояд нусхаи шиноснома, нусхаи РМА (ИНН), нусхаи шиносномаи техникии автомобил, нусхаи ваколатномаро (агар воситаи нақлиёт таҳти соҳибияти дигар шахс бошад), ба пешниҳод намояд.

    Хулоса, “IRS” барои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» тадбирҳои бетаъхир андешида, дигар ронандагонро низ мебояд аз ин имкони мусоид самаранок истифода намоянд.

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо