ЧАРО IRS ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – ЧАНОҚ ГУЗАРГОҲИ НАЗОРАТӢ ТАЪСИС ДОД?

 

 

 

Соли 2023, зимни ироаи Паёми худ ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Дар баробари сохта, ба истифода додани роҳҳои мошингард, тартиби истифодабарии самаранок ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои бунёдгардида яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, ҷорӣ намудани механизми назорати рақамии ҳаракати нақлиёти гаронвазн хеле муҳим аст”.

  Муҳимияти масъалаи мазкур аз ин дастури Роҳбари давлат бармеояд, зеро нақлиёти автомобилӣ дар таъминоти логистикии иқтисодиёти Тоҷикистон нақши калидӣ дошта, аксари борҳо дар мамлакат (беш аз 90 фоиз) маҳз тавассути ин намуди нақлиёт интиқол дода мешаванд. Аммо ин ки мошинҳои боркаш аз меъёри муқарраршуда зиёд бор гирифта, роҳҳо ва пулҳоро вайрон менамоянд ва ба давлат зарари калон мерасонанд, таҳаммулнопазир аст. Дар ин хусус  борҳо вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷаласаи назоратӣ бо иштироки роҳбарони воҳидҳои дахлдор ва муассисаҳои зертобеи вазорат нигаронӣ намудааст. 

  Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», роҳи автомобилгард - маҷмӯи унсурҳои ба ҳам алоқаманд ва иншооти муҳандисие мебошанд, ки ҳаракати мунтазаму бехатари автомобилҳо ва дигар воситаҳои нақлиётро вобаста ба суръат, иқтидори сарборӣ ва андозаҳои муқарраршуда таъмин менамоянд. Дар ин робита бамаврид аст шарҳ диҳем, ки истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мебошанд ё дар доираи қисмати ҷудошудаи роҳҳои автомобилгард ва қисмати ҳамшафати роҳ фаъолияти дигарро амалӣ менамоянд.

    Муносибати баъзе ронандагон гувоҳи он аст, ки онҳо доир ба уҳдадориҳои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард маълумоти кофӣ надоранд. Ҳол он ки тибқи муқаррароти қонунгузорӣ истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард уҳдадоранд, ки  роҳҳои автомобилгардро вайрон накунанд ё амалҳои дигареро содир накунанд, ки ба роҳҳои автомобилгард зарар расад. Ифлос накардани муҳити зист ва имконнопазир будани  ҳаракати воситаҳои нақлиёти тасмачарх, ки метавонанд роҳи автомобилгардро вайрон кунанд, идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб мешавад. Муҳимтар аз ҳама,  соҳибони воситаҳои нақлиёти тасмачарх ва воситаҳои нақлиёте, ки андоза, вазни умумӣ ё сарборӣ ба меҳвари онҳо аз меъёрҳои муқарраргардида зиёданд, зарари ба роҳҳои автомобилгард расонидашударо бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба субъектҳои хоҷагии роҳдорӣ ё консессиядор ҷуброн менамоянд.

     Роҳи автомобилгарди ба консессия супоридашуда, ки масири Душанбе – Чаноқ аз ҳамон ҷумла аст,  яке аз шаклҳои нигоҳдории роҳи автомобилгард, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо» тибқи шартномаи консессионӣ бо пешниҳоди ҳуқуқи истифодабарии самараноки муваққатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (конседент) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё шахсони ҳуқуқии хориҷӣ (консессиядор) барои нигоҳдорӣ ва хизматрасонии роҳи автомобилгард бо назардошти заминҳои ҳамшафати он супорида шудааст.  Қобили зикр аст, ки чунин роҳҳои автомобилгард бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, суръат бахшидан ба инкишофи шабакаҳои роҳҳои автомобилгард бо роҳи ҷалб намудани маблағгузориҳои иловагӣ ҷиҳати сохтмон ва истифодаи роҳҳои автомобилгард  ташкил мешаванд.

    Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, ҳамасола то 20000 ҳолати аз ҷониби ронандагон риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм ва вазнин ба қайд гирифта шудааст.  Нигаронкунанда он аст, ки мошинҳои гаронвазни бо бори зиёда аз 40 тонна вақтҳои охир роҳҳои бо заҳмату маблағи зиёд сохташударо вайрон карда, ба  роҳҳо хисорот расониданд.

   Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Далер Қурбонзода низ эътироф карда буд, ки «мо фаъолиятро дар ин самт боз ҳам беҳтар ба роҳ монда, роҳҳоро аз вайроншавӣ бояд нигоҳ дорем, зеро воситаи нақлиёти бораш аз 40 тонна зиёд (барои мошинҳои аз 6 меҳвар зиёддошта 44 тонна) роҳро вайрон намуда, муҳлати лоиҳавии истифодабарии роҳҳоро кам мекунад ва дар натиҷа ба давлат садҳо миллион доллар зарари молиявӣ мерасад».

    Сарфи назар аз фаъолияти пурмаҳсули кормандони ин ширкат, бинобар аз ҷониби баъзе ронандагон риоя нагардидани қоидаҳои ҳамлу нақли молу маҳсулот вайроншавии роҳи Душанбе –Чанок  мунтазам буда, сол то сол тамоюли афзоишро касб кардааст. Дар ин масир садҳо километр роҳ осеби ҷиддӣ дида, филиали Ширкат  минтақаҳои осебдидаро таъмири  куллӣ менамояд. Бинобар ин, аз аввали фаъолият «IRS» таъмири куллӣ ва ҷории роҳро шурӯъ карда буд. Дар муддати 15 сол зиёда аз 2,5 миллион метри квадратии роҳи Душанбе – Чаноқро таъмиру азнавсозӣ гардида, бо ин мақсад  қариб 400 ҳазор тонна асфалт сарф шуд.

   Бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани ин  раванди номатлуб   (аз меъёр зиёд бор гирифтани воситаҳои нақлиёт) филиали Ширкат тадбирандешӣ намуда, ин раванд муттасил аст. Дар навбати аввал корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд, зеро беҳтарин васила баҳри рафъи мушкилот маҳз ҳамин усул аст. Мутаассифона, бо вуҷуди густурда будани корҳои фаҳмондадиҳӣ, на ҳама ронандагон муҳимияти масъалаи мавриди назарро дарк намуданд.

    Сониян, нуқтаҳои вазнченкунӣ фаъол гардиданд. Махсус таъкид менамоем, ки андешаҳо дар бобати он ки нуқтаҳои мазкур ба хотири ҷамъоварии иловагии маблағ таъсис ёфтаанд, беасос буда, масъулин  ба ҳеҷ ваҷҳ манфиатдор нестанд, ки ронандагон аз меъёр зиёд бор гиранд. Зеро хароҷоти “IRS” дар робита ба таъмири роҳ аз маблағе, ки дар нуқтаҳои вазнченкунӣ ҷамъоварӣ мешаванд, ба маротиб зиёд аст.  

    Имрӯз аксар маврид аз  “саҳм”-и фура ва автомбилҳои гаронвазни боркаш  дар вайронашвии роҳ  мегӯянд. Бегуфтугӯ, сарфи назар шудани талаботи мавҷуда аз ҷониби ронандагони ин намуди нақлиёт далели бебаҳс аст. Дар натиҷа таъсири манфӣ ба ҳолати роҳ афзуда, зарурати ҷиддитар намудани танзими  ҳаракати онҳо  пеш омадааст. Мутахассисон собит кардааанд, ки таъсири харобиовари нақлиёти гаронвазне, ки «Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд» -ро риоянамекарда ба асфалт  дар қиёс ба автомобиле, ки тибқи меъёр бор гирифтааст, ба маротиб бештар   аст.

   Аз ин лиҳоз, бо таъсиси гузаргоҳи махсус ҷиддитар намудани назорати нақлиёти гаровназн  аз километри 78 то 136 -уми роҳи Душанбе - Чаноқ  тавассути таъсис додани гузаргоҳи назоратӣ усули навбатии таъсиррасонӣ маҳсуб шуда, ҳадафи  роҳбарияти “IRS”  ба ин васила аз байн бурдани қонуншиканӣ (бо бори аз меъёр зиёд ҳаракат намудани воситаҳои нақлиёт) аст.  Иқдоми мазкур ба иҷрои  «Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд» марбут буда, риояи муқаррароти қоидаҳои зикршуда аз ҷониби моликону истифодабардагони воситаҳои нақлиёт, новобаста аз шакли моликият, ҳатмӣ мебошад.  

    Ҳадафи дигари ҷиддитар намудани назорат пешгирии идора кардани воситаҳои нақлиёт бе рақами қайди давлатӣ, ки ба баланд бардоштани интизом дар байни иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мусоидат менамояд, мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои чунин қонуншиканӣ ҷазо пурзӯр -  яъне таъин намудани ҷарима ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора намудани воситаи нақлиёт ба муҳлати як сол муқаррар  шудааст. Таҳлили масъала аз он шаҳодат медиҳанд, ки содиркунии чунин қоидавайронкуниҳо аз ҷониби баъза ронандагон, хоса воситаҳои нақлиёти боркаши марбут ба корхонаҳои саноатии минтақаҳои Варзобу Зарафшон рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Амалия нишон медиҳад, ки асосан, ин қабил қоидавайронкунӣ бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи роҳ  рух медиҳад.

   Итминонамон комил аст, ки ронандагон моҳияти таъсис додани гузаргоҳи назоратиро  дуруст дарк намуда, минбаъд ҳама муқаррароти мавҷударо  риоя хоҳанд кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо